номаҳо
Беэҳтиромӣ
Ба як маросими никоҳ ба ҳукми зарурат ширкат варзидам. Ҳамроҳи домод панҷ нафар рафиқонаш омада буданд. Аз оғоз то ба анҷоми маърака риштаи суханро онҳо ба даст гирифтанд, албатта, ба истиснои фурсате, ки дар он домулло хутбаи никоҳро хонд. Мегуфтанду механдиданд. Ҳеҷ кас ба назарашон наменамуд. Ба наворбардор амр мекарданд, ки онҳоро аз наздик ва бисёр хуб ба навор бигирад.
Беандеша суханҳо мекарданд, ки ҳеҷ рабте бо ҳам ва бо он маърака надоштанд. Бузургсолонро эҳтиром намегузоштанд. Дар он миён чанд шахсияти маъруфи кишвар низ буд. Дарёфтам, ки онҳо худро бисёр ноҳинҷор эҳсос мекунанд, аммо ба хотири роҳравони нави зиндагӣ ва волидайнашон он шикебоию таҳаммулро пеша намудаанд. Косаи сабрам лабрез шуду гуфтам: «Бародарон, дар чунин як маърака адабро нигоҳ доред, бузургсолонро эҳтиром гузоред. Онҳо ба хотири шунидани суханҳои подарҳавову хандаҳои бемавриди шумо ҷамъ наомадаанд. Агар ҳол чунин аст, чӣ гуна зиндагии шоиста мекунед? Барои баргузории ин маърака, бовар дорам, ки шумо як дирам ҳам сарф накардаед. Ақаллан дар ин хусус бияндешеду шарм бидоред».
Пас аз ин буд, ки чанд нафари дигар бо арзи шикоят онҳоро насиҳат карданд. Мушт намунаи хирвор аст, аз ин рӯ мо, бузургсолон, масъулиятро бояд бештар эҳсос намоем ва кори тарбияро саҳл нагирем, то ба паёвардҳои бадтар аз ин рӯ ба рӯ нашавему ангушти пушаймонӣ нагазем.
Баҳром АЙНИДДИНОВ, шаҳри Хуҷанд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.07.2014 №: 143 Мутолиа карданд: 1241