номаҳо
Манзараи ҳузнангез
Ин манзара барои ман бисёр ҳузнангез аст. Табиати зебои кишварро бо дастони худ доғдор кардаем. Чаро аз ҳусни ин як гӯшаи диёр баҳравар намешавем? Набояд фаромӯш намоем, ки табиат ба ин носипосии мо ҳатман ҷавобе муносиб медиҳад.
Дидани ин анбӯҳи дарахтони сарсабз ба рӯҳу ҷисмамон бояд ҳаловат бубахшад. Аммо чашм нахуст ба қуттии партов ва партовҳо меафтаду ин имконияти хубро аз мо мегирад.
Аҷаб, ин маърифатро низ ҳосил накардаем, ки партовҳоро ба партовгоҳ бирезем. Он чӣ душворие дорад? Оре, баъд аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва афзудани магасу пашшаҳои гуногуни зараррасон шикоят менамоему масъулонро гунаҳгор месозем. Намеандешем, ки нахуст ба ин худи мо гу-наҳгорем. Кош ҷабри онро танҳо худамон мекашидем. Не, дигарон низ аз он ранҷ мебаранд.
Ба андешаи ман рафъи ин як мушкили одӣ ҳеҷ душворие надорад. Волидайн дар ин маврид нахуст худашонро тарбият намоянд ва пас аз он фарзандонашонро. Кӯдаконро чанд муддат, то одат кардан ҳангоми андохтани партовҳо бояд назорат кард.
Ба ҷуз ин бояд санҷишҳоро доир кард, дар хусуси макони партовгоҳҳои ифлоси маҳаллаҳо матлабҳоро бо расмҳо ба нашр расонду ба воситаи телевизион намоиш дод. Охир, дидани ин гуна манзараҳо на танҳо бисёр ҳузнангез, балки айб ҳам ҳаст.
Бахтинисо ҒАФФОРОВА, донишҷӯи ДМТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.07.2014 №: 143 Мутолиа карданд: 1212