номаҳо
Масъулон дигар андеша доранд?
Ба бисёр аз мамлакатҳои гарми камоб сафар намудаам. Эҳсосу мушоҳида накардаам, ки мушкилоти об дошта бошанд. Дар бисёре аз ҷойҳо зарфҳои калонро гузоштаанд, ки ҳамеша пур аз обанд. Раҳгузарон, хоса кӯдакон аз ин оби нӯшиданӣ истеъмол мекунанд. Чунин зарфҳои пуробро дар назди масҷидҳо низ вохӯрдаам.
Дар кишвари сероби мо, дар ин маврид мушкилот, хоса дар фасли тобистон вуҷуд дорад. Махсусан кӯдакон дар ин фасл бисёр ташна мешаванд. Илоҷе ҷуз харидани об дигар вуҷуд надорад. Аммо кӯдакон оё дар ҳама ҳолат бо худ пул доранд, ки барои рафъи ташнагӣ об бихаранд? Албатта, ки не. Чаро ақаллан дар маркази шаҳру ноҳияҳо, боғу паркҳо нуқтаҳои автоматӣ ва худхизматрасонии ройгони обро насб намекунем?
То куҷо ин пешниҳод пазируфта мешавад, намедонам. Аммо маълум аст, ки нуқтаҳои оби назди хонаҳоро дар пойтахти кишвар кандаанд. Роҳгузарону кӯдаконе, ки аз он истифода мебурданд, аз об маҳрум гардидаанд. Сокинони хонаҳои ошёнаҳои болоӣ низ то бегоҳ интизории омадани обро мекашанд. Пештар аз ин нуқтаҳо об мегирифтанд.
Ба ҳар ҳол одам бояд ба умед бошад, шайтон ноумед аст. Ё масъулон дигар андеша доранд?
Ҷ. САИДАЛИЕВ, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.07.2014 №: 143 Мутолиа карданд: 1274