logo

маориф

САНЪАТИ ДИЗАЙН БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар заминаи шуъбаи рассомии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъсис ёфта, як сол боз фаъолият дорад. Аз ин рӯ,   нишасти матбуотиро якҷоя бо кормандони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии ҷумҳурӣ гузаронд.
Ғанизода Ҷамшед, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, гуфт, ки донишкада ба донишҷӯён  аз рӯйи 21 ихтисос - санъати муҷассамавӣ – ороишӣ, санъати ороиши амалӣ ва ҳунарҳои халқӣ (заргарӣ, наққошӣ, кандакорӣ), тармими асарҳои санъати ороишӣ – амалӣ, дизайн аз рӯйи самтҳо - мебел, экспозитсионӣ, интерер, графикӣ, реклама, либос ва матоъ, меъмории манзаравӣ, Web – дизайн ва графикаи компютерӣ (барномасоз) таълим медиҳад. Инчунин факултаи санъати тасвирӣ аз руйи ихтисосҳои санъатшинос, дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, санъати тасвирӣ, нақшакашӣ, натиҷаи тасвирии филм (рассоми театр, кино ва телевизион) ва ғайраро ба роҳ монда, раванди таълим тариқи низоми кредитӣ мебошад. Шумораи донишҷӯён 89 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 41 нафарашон духтарон мебошанд. Давраи санҷишу имтиҳонро 11 нафар донишҷӯ бо баҳои аъло, 38 нафар бо баҳои хубу аъло ва 11 нафар бо баҳои миёна хатм карданд.  Дар ин давра ҳамчунин шуъбаи тайёрӣ ва маркази бачагонаи рассомӣ ташкил ёфта, бо ҷалби довталабон фаъолияташро оғоз намудааст.
Ҳамчунин масъалаҳои рушди соҳаи фарҳанги кишвар, фаъолияти китобдорӣ дар ҷумҳурӣ ва тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи фарҳанг, ҳунар ва табъу нашр мавриди таваҷҷуҳи хабарнигорон қарор гирифта, зикр шуд, ки айни ҳол санъати дизайн беҳбудӣ мехоҳад.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2014    №: 143    Мутолиа карданд: 1753
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед