маориф
ТАВАҶҶУҲИ ДОВТАЛАБОН АФЗУДААСТ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар се маҳаллаи пойтахт барои сохтмони бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон замин пешниҳод кардааст. Аз ин се бояд якеро интихоб кунем,- иброз дошт Сулаймон Давлатов, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, зимни нишасти матбуотӣ.
- Тарҳи бинои донишкадаро Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мекунад. Онҳо омодаанд, ки назари моро оид ба тарҳи мазкур бигиранд. Паймонкори сохтмони бино низ ҳамин дирексия аст. Солҳои зиёд донишкада мушкилоти хобгоҳ дошт. Ҳатто гимназияи исломии назди донишкада ҳам дар бинои иҷора ҷойгир аст. Аз ин рӯ, дар тарҳи нав хобгоҳ ва гимназия ҳам ворид аст. Феълан дар донишкада 113 донишҷӯи аз мадрасаҳои исломии кишварҳои хориҷ баргардондашуда таҳсил доранд. Ду шаҳрванди хориҷӣ ҳам таҳсил мекунанд. Соли ҷорӣ 126 нафар донишҷӯ хориҷ карда шуданд. Имсол бояд 560 довталаб қабул гардад. То ба имрӯз, бино ба иттилои Маркази миллии тестӣ, 2400 довталабро сабти ном кардаанд. Дар ҳоле ки соли гузашта ҳамагӣ ҳудуди 900 довталаб ба қайд гирифта шуда буд. Ин нишондод шаҳодати он аст, ки сол ба сол таваҷҷуҳи довталабон ба донишкада меафзояд,- гуфт Сулаймон Давлатов.
Зикр гардид, ки дар гимназияи исломии назди донишкада 2 248 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Сол ба сол теъдоди хонандагони гимназия меафзояд.
Ҳарамгули ҚОДИР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.07.2014 №: 143 Мутолиа карданд: 1530