logo

энергетика

РОҲБАРИЯТИ «БАРҚИ ТОҶИК» ҚАНОАТМАНД НЕСТ

Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар ним соли гузашта 6798,2 миллион кВт.соатро ташкил дод. Дар неругоҳҳои барқи обӣ 6714,9  миллион кВт.соат, дар марказҳои барқу гармидиҳӣ 83,3 миллион кВт.соат ва дар 16 неругоҳи хурд 6,1 миллион кВт.соат  барқ истеҳсол ва ба аҳолию корхонаҳои мамлакат  интиқол шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6 миллион кВт. соат зиёд мебошад, - гуфт дар нишасти матбуотӣ муовини раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Даврон Исҳоқӣ.
 Ба қавли ӯ, ҳаҷми хариди неруи барқ 1290,6  миллион кВт.соатро ташкил дода, харид асосан аз ҶСК НБО «Сангтӯда-1» ва НБО «Сангтӯда-2» дар ҳаҷмҳои мутаносибан 999,6 ва 281,8 миллион кВт.соат сурат гирифт.
 Дар ин давра инчунин 496,9 миллион кВт. соат неруи барқ ба Афғонистон содир шуд.
Ҳаҷми неруи барқи фоиданок, ки ШСХК «Барқи Тоҷик»  дар ин давра ба истифодабарандагони ҷумҳурӣ интиқол додаст, 5970,5 миллион кВт. соат аст, ки ин нисбат ба шаш моҳи аввали соли 2013  809,2 миллион кВт.соат кам мебошад.Маблағи ҳисобишудаи неруи барқ 640,1 миллион сомонӣ, ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 541,3 миллион сомонӣ ё 84,6 дарсадро ташкил дод, ки аз ҳамин давраи соли гузашта 55,2 миллион сомонӣ зиёд аст.
 Бояд гуфт, ки дар баробари як қатор пешравиҳо дар ширкат камбудиҳо зиёданд. Ширкат маблағҳои барқи фурӯхтаи худро сари вақт ҷамъ оварда наметавонад. Қарзи дебиторӣ аз ҳисоби истифодабарии неруи барқ ва гармӣ ба 1 июли соли ҷорӣ ба 1083,5 миллион сомонӣ баробар шудааст. Ин қарз аз хоҷагиҳои инфиродии кишоварзӣ 55,5 миллион сомонӣ, корхонаҳои обу корезӣ18,3 миллион сомонӣ, ташкилотҳои буҷетӣ 22,6 миллион сомонӣ ва аҳолӣ 306,8 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон ШСХК «Барқи Тоҷик» аз неругоҳҳои «Сангтӯда -1» ва «Сангтӯда-2»  ба маблағи калон қарздор аст. Дар ин давра ба «Сангтӯда-1» 126,2 миллион сомонӣ ва ба «Сангтӯда-2» 26,4 миллион сомонӣ маблағ гузаронда бошад ҳам, қарзи ширкат аз ин ду неругоҳ дар маҷмӯъ 418,4 миллион сомонӣ ва аз андозҳо 180,8 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ширкат бар асари напардохтани музди меҳнат аз коргарони худ 30 миллион сомонӣ қарздор аст.
- Барои дар сатҳи коршоям нигоҳ доштани иқтидорҳои мавҷудаи системаи энергетикии кишвар ва ҷамъоварии саривақтии маблағи барқи истифодашуда ШСХК «Барқи Тоҷик» тадбирҳо андешид аст. Бо вуҷуди ин, аз фаъолияти ширкат дар шаш моҳи гузашта роҳбарияти он қаноатманд нест, - гуфт дар охир Даврон  Исҳоқӣ.
Н. ЁРМАДӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2014    №: 145    Мутолиа карданд: 11899
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед