logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Макота Оҷиро

20 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макота Оҷироро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки рушди Осиё дар чаҳорчӯби Стратегияи нав барои солҳои 2009-2012 ва Стратегияи дарозмуддат барои то соли 2020 баррасӣ шуданд.
Ҳар ду ҷониб аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ кард.
Макота Оҷиро изҳор дошт, ки Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон дар солҳои 2009-2010 барои коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ 102 миллион доллари амрикоӣ грант ё худ кӯмаки бебозгашт пешниҳод менамояд, ки аз он 64 миллионаш барои соли равон ҷудо мешавад. Таъкид гардид, ки ин маблағҳо асосан ба дастгирии буҷети давлатӣ, афзоиши коркарди пахта дар дохили кишвар ва рушди иқтисоди бозорӣ равона мегарданд.
Макота Оҷиро ҳамчунин таъкид дошт, ки ғайр аз ин Бонки рушди Осиё  омодааст барои татбиқи амалии чораҳои зидди бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол таҳия мекунад, кӯмакҳои иловагӣ расонад.
Хотиррасон гардид, ки алҳол дар Тоҷикистон бо сармоягузории Бонки рушди Осиё 13 лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ мегардад, ки маблағи умумии онҳо 380 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки аз соли 2008 инҷониб, яъне баъди даҳсолаи аввали ҳамкориҳои пурсамар Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон танҳо ба таври грант ё худ кӯмакҳои бебозгашт маблағ ҷудо мекунад.
Зимни сӯҳбат ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳори ҳавасмандӣ карда, таъкид бар он доштанд, ки аксари лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, пеш аз ҳама лоиҳаҳои дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва энергетика амалишаванда, ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа равона гаштаанд.
www.president.tj
Макота Оҷиро, намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, ки мо бо Ҷаноби Олӣ асосан се масъала- фаъолияти БРО дар давоми се- чор соли наздик, маҷмӯи қарзҳои  (портфели ҷории) БРО барои Тоҷикистон, таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба ҷумҳурӣ ва татбиқи амалии чораҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати ҷумҳуриро мавриди муҳокима қарор додем.
Тоҷикистон аз соли 1998 узви Бонки рушди Осиё мебошад. Дар ин муддат мо соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро дастгирӣ кардем. Ҳамкориҳои самарабахш ва мутақобилан судманд, моро водор сохтанд, ки ҷиҳати тавсеаи робитаҳо чораҳои муассир андешем. Аз ин лиҳоз ман ба Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Стратегияи дарозмуддати таҳиянамудаи коршиносони БРО барои то соли 2020 маълумот додам. Он асосан 5 самти асосӣ- инфрасохтор, муҳити зист, ҳамкории минтақавӣ, рушди соҳаи молия ва маорифро дар бар мегирад.
Стратегияи дигаре, ки таҳияи пурраи он то охири моҳи июни соли равон дар назар аст, фарогирандаи солҳои 2009-2012 мебошад.
Макота Оҷиро иброз дошт, ки тайи солҳои 2009-2010 БОР барои татбиқи се лоиҳа- дастгирии буҷети давлатӣ ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони молиявӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, ба вижа пахтакорӣ ва бунёди роҳҳо 102 миллион доллар ба таври грант ҷудо мекунад. Айни замон дар Тоҷикистон 13 лоиҳаи инвеститсионии БОР ба маблағи 380 миллион доллар амалӣ мегардад.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2406
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед