қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи сирри давлатӣ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва системаи ҳифзи сирри давлатиро ба манфиати таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба мансуб донистани маълумот ба сирри давлатӣ, махфигардонӣ, ихтиёрдорӣ, ҳифз ва ғайримахфигардонии онҳо танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- сирри давлатӣ – маълумоти аз тарафи давлат ҳифзшаванда, ки паҳн намудани онҳо аз ҷониби давлат бо мақсади амалигардонии фаъолияти самараноки ҳарбӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, иқтисодии хориҷӣ, сиёсии хориҷӣ, разведкавӣ, зиддиразведкавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва дигар фаъолияти ба меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ мухолифатнадошта маҳдуд карда шуда, ифшо ё гум кардани онҳо ба амнияти миллӣ ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар мерасонад ё расонида метавонад;
- мӯҳри махфият – навиштаҷоте, ки дараҷаи махфияти маълумоти дар ҳомилҳои онҳо бударо шаҳодат дода, дар худи ҳомил ва (ё) дар ҳуҷҷатҳои ба он ҳамроҳкунанда гузошта мешавад;
- рухсат ба сирри давлатӣ – тартиби ба расмият даровардани ҳуқуқи шаҳрвандон ба дастрасӣ ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ва корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо (минбаъд - ташкилотҳо), барои гузаронидани корҳо бо истифодаи чунин маълумот;
- дастрасӣ ба маълумоти дорои сирри давлатӣ – шинос кардани шахси муайян бо маълумоти дорои сирри давлатӣ бо иҷозати шахси мансабдори ваколатдор;
- махфигардонии маълумот ва ҳомилҳои онҳо – маҷмӯи чорабиниҳо оид ба маҳдудсозии паҳн намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дастрасӣ ба ҳомилҳои онҳо ба манфиати таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ – объектҳои моддӣ, аз ҷумла майдонҳои физикӣ, ки дар онҳо маълумоти дорои сирри давлатӣ дар шакли рамзҳо, нақшҳо, аломатҳо, кашфиёт ва равандҳои техникӣ инъикоси худро меёбанд;
- ғайримахфигардонии маълумот – маҷмӯи чорабиниҳо оид ба бардоштани маҳдудиятҳо, ки ба паҳн намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дастрасӣ ба ҳомилҳои онҳо бо риояи манфиатҳои амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд;
- системаи ҳифзи сирри давлатӣ – маҷмӯи мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ, воситаҳо ва усулҳои аз ҷониби онҳо барои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳомилҳои онҳо истифодашаванда, инчунин чорабиниҳои бо ин мақсадҳо гузаронидашаванда;
- воситаҳои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ – воситаҳои техникӣ, криптографӣ, барномавӣ ва дигар, ки барои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ таъин шудаанд, воситаҳое, ки чунин маълумот дар онҳо истифода гардидаанд, инчунин воситаҳои назоратбарии ҳифзи сирри давлатӣ;
- ифшо намудани сирри давлатӣ – хабар, таҳвил, пешниҳод, ирсол, нашр ё бо тарзи дигар расонидани сирри давлатӣ ба маълумоти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқи бо онҳо шинос шуданро надоранд;
- гум кардани сирри давлатӣ – аз соҳибӣ ё истифодабарии қонунӣ баромадани маълумоти дорои сирри давлатӣ, аз ҷумла муваққатан баромадани онҳо дар натиҷаи гум кардан ва ё тасарруф;
- объектҳои махсус – нуқтаҳои идоракунии давлат ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар объектҳое, ки фаъолияти мақомоти давлатиро дар замони осоишта ва ҷанг таъмин менамоянд;
- объектҳои ҳарбӣ – қисмҳои ҳарбӣ, мавзеи ҷангии қӯшунҳо, нуқтаҳои идоракунӣ, полигонҳо, шӯъбаҳои алоқа, пойгоҳҳо, анборҳо ва дигар иншооти таъиноти ҳарбӣ;
- объектҳои таҳти низом – объектҳои махсус ва ҳарбӣ, ташкилотҳое, ки барои фаъолияти онҳо чораҳои иловагии амниятӣ муқаррар гардидаанд;
- қӯшунҳо – Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ;
- мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мақоми ваколатдори давлатӣ) – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ амалӣ менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Ҳуқуқи моликият ба сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ
Сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Моддаи 4. Мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ
1. Ба мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ дохил мешаванд:
- мақоми ваколатдори давлатӣ;
- мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти дигари давлатӣ, ташкилотҳо, воҳидҳои сохтории онҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ.
2. Мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ мувофиқи вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда ва дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамоянд. Масъулияти ташкили ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ба зиммаи роҳбарони онҳо вогузор мегардад. Вобаста ба ҳаҷми кор бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ аз тарафи роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, воҳидҳои сохторӣ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ таъсис дода мешаванд, ки функсияҳои онҳо аз тарафи роҳбарони мазкур бо дарназардошти хусусияти корҳои гузаронидашавандаи онҳо муайян карда мешаванд.
3. Ҳифзи сирри давлатӣ яке аз намудҳои фаъолияти асосии мақоми давлатӣ ва ташкилот ба ҳисоб меравад.
Моддаи 5. Доираи амали Қонуни мазкур
Муқаррароти Қонуни мазкур барои иҷро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он аз тарафи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, ки ба зиммаи худ иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатиро гирифтаанд ё мувофиқи мақомашон чунин ӯҳдадориро доранд, ҳатмӣ мебошанд.
БОБИ 2. САЛОҲИЯТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШКИЛОТҲО ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 6. Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ муайян мекунад;
- роҳбарии умумии фаъолияти системаи ҳифзи сирри давлатиро амалӣ менамояд;
- Номгӯйи шахсони мансабдори мақомоти давлатиро, ки ваколати ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумотро доранд, тасдиқ менамояд;
- шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи истифода ва ҳифзи муштараки маълумоти дорои сирри давлатӣ ба имзо мерасонад;
- дар бораи додани сирри давлатӣ ба давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ амр мебарорад;
- дар бораи додани рухсат ба сирри давлатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки доимӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, амр мебарорад;
- ҳуқуқи ғайримахфӣ гардонидани маълумоти дорои сирри давлатиро дорад;
- ваколатҳои шахсони мансабдорро ҷиҳати таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
- дигар ваколатҳоро оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Ҳангоми аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он эълон намудани ҳолати ҷангӣ ё вазъияти фавқулодда, тартиби рухсати шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ташкилотҳо барои гузаронидани корҳо бо истифодаи сирри давлатӣ, мумкин аст тағйир дода шавад.
Моддаи 7. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳоро баррасӣ ва ҷонибдорӣ менамояд;
- дигар ваколатҳоро оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- қонунҳоро дар бораи сирри давлатӣ қабул карда, ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид менамояд;
- моддаҳои буҷети давлатиро дар қисми маблағгузорӣ ҷиҳати амалигардонии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи сирри давлатӣ баррасӣ ва тасдиқ менамояд;
- санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро дар соҳаи сирри давлатӣ тасдиқ ва бекор менамояд;
- дигар ваколатҳоро оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатиро таъмин менамояд;
- мақоми ваколатдори давлатиро таъсис, барҳам ва аз нав ташкил медиҳад;
- низомнома, нақшаи идора ва сохтори мақоми ваколатдори давлатиро тасдиқ менамояд;
- барномаҳои давлатӣ дар соҳаи сирри давлатӣ, тартиби таъминоти моддӣ-техникӣ ва молиявӣ барои гузаронидани корҳо оид ба ҳифзи сирри давлатиро тасдиқ менамояд;
- Дастурамал оид ба таъмини низоми махфият дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;
- Низомнома оид ба ҳифзи сирри давлатӣ дар ҳолати тағйир ёфтани шакли моликият ва функсияҳои субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқиро тасдиқ менамояд;
- тартиби сертификатсияи воситаҳои техникии ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро тасдиқ менамояд;
- тартиби додани рухсатнома барои гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатиро тасдиқ менамояд;
- Номгӯйи маълумоти интишорашон манъшударо тасдиқ менамояд;
- тартиби мансуб донистани мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро ба категорияҳои объектҳои махсус, ҳарбӣ ва таҳти низом, инчунин номгӯйи ҳудудеро, ки муваққатан барои ташриф овардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд пӯшида мебошанд, тасдиқ менамояд;
- тартиби ташкил, фаъолият ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории ҳифзи сирри давлатиро муайян менамояд;
- созишномаҳои байниҳукуматӣ мебандад, иҷрои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба истифода ва ҳифзи муштараки маълумоти дорои сирри давлатӣ таъмин мекунад;
- андоза ва тартиби додани имтиёзҳоро ба шаҳрвандоне, ки ба сирри давлатӣ ба таври доимӣ рухсат дода шудаанд ва ба кормандони воҳидҳои сохтории ҳифзи сирри давлатӣ муқаррар мекунад;
- тартиби муайян намудани ҳаҷми зарареро, ки дар натиҷаи ифшо ё гум кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё манфиатҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо расонида шудааст ё расонида шуда метавонад, аз ҷумла зарареро, ки ба молики ҳомили маълумот дар натиҷаи махфигардонӣ расонида мешавад, тасдиқ мекунад;
- тартиби санҷиши махсуси шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро бинобар рухсат додани онҳо ба сирри давлатӣ тасдиқ менамояд;
- дигар ваколатҳоро оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Моддаи 9. Салоҳияти судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмуриро оид ба вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ баррасӣ менамоянд;
- ҳангоми баррасии парвандаҳои мазкур ҳифзи сирри давлатиро таъмин мекунанд;
- ҳифзи судии шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро вобаста ба фаъолияти онҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ таъмин менамоянд;
- ваколатҳои шахсони мансабдорро оид ба таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар мақомоти судӣ муайян мекунанд.
Моддаи 10. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ:
- фаъолиятро оид ба таъмини низоми махфият дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ҳамоҳанг месозад;
- системаи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва барномавиро оид ба ҳифзи сирри давлатӣ таҳия намуда, иҷрои онҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад;
- фаъолияти мақомоти ҳифзи сирри давлатиро дар самти таҳия ва иҷрои барномаи давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ ҳамоҳанг месозад;
- Номгӯйи шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ки ваколати ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумотро доранд, таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- барномаҳои давлатӣ дар соҳаи сирри давлатӣ, тартиби таъминоти моддӣ-техникӣ ва молиявӣ барои гузаронидани корҳо оид ба ҳифзи сирри давлатиро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- Дастурамал оид ба таъмини низоми махфият дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- Низомнома оид ба ҳифзи сирри давлатӣ дар ҳолати тағйир ёфтани шакли моликият ва функсияҳои субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқиро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- тартиби сертификатсияи воситаҳои техникии ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- тартиби додани рухсатнома барои гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатиро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- Номгӯйи маълумоти интишорашон манъшударо таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- сертификатсияи воситаҳои техникии ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро амалӣ менамояд;
- тартиби мансуб донистани мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро ба категорияҳои объектҳои махсус, ҳарбӣ ва таҳти низом, инчунин номгӯйи ҳудудеро, ки муваққатан барои ташриф овардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд пӯшида мебошанд, таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- тартиби муайян намудани ҳаҷми зарареро, ки дар натиҷаи ифшо ё гум кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё манфиатҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо расонида шудааст ё расонида шуда метавонад, аз ҷумла зарареро, ки ба молики ҳомили маълумот дар натиҷаи махфигардонӣ расонида мешавад, таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
- бо тартиби муқарраршуда барои гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ рухсатнома медиҳад;
- тайёр кардан ва бозомӯзии кадрҳои воҳидҳои сохторӣ оид ба ҳифзи сирри давлатиро ташкил менамояд;
- ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ кӯмаки амалӣ ва методӣ мерасонад;
- ба намудҳои дахлдори фаъолият дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома (литсензия) медиҳад;
- дигар ваколатҳоро оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ, ки бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, амалӣ менамояд.
Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- чораҳоро оид ба ҳифзи зиддиразведкавии маълумоти дорои сирри давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо таҳия ва амалӣ менамоянд, инчунин фаъолияти онҳоро дар соҳаи мазкур назорат мебаранд;
- тартиби санҷиши махсуси шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро бинобар рухсат додани онҳо ба сирри давлатӣ таҳия менамоянд ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд;
- санҷиши махсуси шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро, ки ба онҳо рухсат додан ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ба расмият дароварда мешавад, мегузаронанд;
- сертификатсияи воситаҳои техникӣ, аз ҷумла криптографии ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро ташкил менамоянд;
- ҷиноятҳоеро, ки бо вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ алоқаманд мебошанд, ошкор мекунанд, пешгирӣ менамоянд, мекушоянд ва тафтиш мебаранд;
- дигар ваколатҳоро, ки бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, амалӣ менамоянд.
Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти дигари давлатӣ ва ташкилотҳо
Мақомоти дигари давлатӣ ва ташкилотҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи сирри давлатӣ:
- номгӯйи идоравии маълумоти махфигардонидашавандаро таҳия менамоянд;
- ҳифзи сирри давлатии мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳиянамудаашонро, аз ҷумла дар ташкилотҳои тобеашон низ таъмин менамоянд;
- дар таҳияи тартиби муайян намудани ҳаҷми зараре, ки дар натиҷаи ифшо ё гум кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё манфиатҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо расонида шудааст ё расонида шуда метавонад, аз ҷумла зараре, ки ба молики ҳомили маълумот дар натиҷаи махфигардонӣ расонида мешавад, иштирок менамоянд;
- ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро, ки ба ихтиёри онҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дода шудаанд, инчунин маълумоти аз тарафи худи онҳо махфигардонидаро таъмин менамоянд;
- бо тартиби муқарраршуда барои гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ рухсатнома мегиранд;
- барои воситаҳои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ сертификат мегиранд;
- фаъолияти воҳидҳои сохторӣ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ ва саривақт барҳамдиҳии онҳоро ташкил мекунанд;
- дар таҳия ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи сирри давлатӣ, тартиби таъминоти моддӣ - техникӣ ва молиявӣ барои гузаронидани корҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ иштирок менамоянд;
- категорияҳои объектҳои махсус, ҳарбӣ, таҳти низом ва саривақт аз нав баррасӣ кардани онҳоро муайян менамоянд;
- дар доираи ваколатҳои худ гузаронидани чорабиниҳои санҷиширо нисбат ба шаҳрвандоне, ки ба маълумоти дорои сирри давлатӣ рухсат дода мешаванд, таъмин мекунанд;
- оид ба такмили системаи ҳифзи сирри давлатӣ таклифҳо пешниҳод менамоянд;
- дар доираи ваколатҳои худ дигар масъалаҳоро дар соҳаи сирри давлатӣ ҳал менамоянд.
БОБИ 3. МАЪЛУМОТЕ, КИ БА СИРРИ ДАВЛАТИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАНСУБАНД
Моддаи 13. Маълумот дар соҳаи ҳарбӣ, ки ба сирри давлатӣ мансубанд
Ба сирри давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ маълумоти зерин мансубанд:
1) ошкоркунандаи нақшаҳои стратегии истифодаи қӯшунҳо, нақшаҳои оперативӣ, ҳуҷҷатҳои идоракунии ҷангӣ, ҳуҷҷатҳои ба дараҷаҳои гуногуни омодагии ҷангӣ гузаронидани қӯшунҳо;
2) дар хусуси ҷойгиркунонии стратегӣ ва оперативии қӯшунҳо;
3) дар бораи нақшаи сохтмон, рушд, шумора, ҳайати ҷангӣ ё теъдоди қӯшунҳо, омодагии ҷангии онҳо, инчунин дар бораи ҳолати ҳарбию сиёсӣ ва (ё) оперативӣ;
4) ошкоркунандаи ҳолати омодагии оперативӣ ва ҷангии қӯшунҳо, таъмини фаъолияти онҳо, ҳайат ва (ё) ҳолати системаҳои идоракунии қӯшунҳо;
5) ошкоркунандаи ҷойгиршавӣ, номҳои ҳақиқӣ, сохтори ташкилӣ, аслиҳа, теъдоди қӯшунҳо, ки мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкоро бояд эълон нашаванд;
6) оид ба сафарбарии ҷойгиркунонии қӯшунҳо, гузаронидани сафарбарии аҳолӣ ва захираҳои нақлиётӣ, системаи идоракунии сафарбарии ҷойгиркунонӣ ва (ё) имконияти пурра кардани қӯшунҳо бо ҳайати шахсӣ, таъминот бо аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва дигар воситаҳои моддию молиявӣ, инчунин боркашониҳои ҳарбӣ;
7) ошкоркунандаи ҳолати таҷҳизот, омодагии шабакаи нақлиётӣ барои мақсадҳои ҳарбӣ, воситаҳои нақлиёт, ҳаҷми боркашонии ҳарбӣ ва самти интиқоли аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;
8) ошкоркунандаи самтҳо, дурнамои дарозмуддат ё нақшаи инкишофи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, мӯҳтаво ё натиҷаҳои иҷрои барномаҳои мақсаднок, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ вобаста ба таҳия ё азнавсозии намунаҳои силоҳ ва техникаи ҳарбӣ, инчунин тавсифоти тактикию техникии онҳо;
9) ошкоркунандаи самтҳои коркард, сохт, технологияи сохтан, таркиби изотопӣ, хосиятҳои ҷангӣ, физикӣ, кимиёвӣ ё ядроӣ, тартиби татбиқ ё истифодабарии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;
10) ошкоркунандаи иқтидорҳои истеҳсолӣ, маълумоти нақшавӣ ё воқеии истеҳсол ва (ё) боррасонии воситаҳои ҳимояи бактериологӣ ё тиббӣ дар шакли асл;
11) ошкоркунандаи дастовардҳои илм ва техникаи атомии дорои аҳамияти муҳими мудофиавӣ ва иқтисодӣ ё муайянкунандаи сатҳи сифатан нави имкониятҳои сохтани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ва (ё) маҳсулот ва технологияи усулан нав;
12) ошкоркунандаи хосиятҳо, ретсепт ё технологияи истеҳсоли сӯзишвории ракета, борути баллистикӣ, маводи тарканда ё воситаҳои таркиши таъиноти ҳарбӣ, инчунин хӯлаҳои нав, моеъҳои махсус, сӯзишворӣ барои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;
13) оид ба истифодаи инфрасохтори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати таъмини иқтидори мудофиавӣ ва амнияти он;
14) оид ба ҷойгиршавӣ, таъинот, дараҷаи омодагӣ ё ҳифзи объектҳои таҳти низом, ки тибқи шартномаҳои байналмилалӣ ба ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил нашудаанд, дар бораи интихоб, ҷудо кардани қитъаҳои замин, қаъри замин ё ҳудуди обӣ (акватория) барои сохтмони иншооти мазкур, оид ба корҳои иктишофӣ, лоиҳавӣ ва дигар корҳои банақшагирифташуда ё гузаронидашаванда вобаста ба бунёди чунин иншоот;
15) оид ба истифода ё дурнамои рушди шабакаҳои алоқаи ба ҳам пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати таъмини иқтидори мудофиавӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
16) маҷмӯи маълумот бо нақша ва тасвири дорои мутобиқати географии шоҳроҳҳои байнишаҳрии хатти алоқа, аз ҷумла нуқтаҳои захиравии алоқаи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷора гирифташуда, бо зикри маълумот дар бораи иқтидори онҳо;
17) оид ба тавозуни иқтидори энергетикӣ ва қувваи барқи системаҳои таъминоти объектҳои ҳарбӣ, иншооти саноати мудофиа ва воситаҳои идоракунии энергетика дар замони ҷанг;
18) ошкоркунандаи тақсимот ё истифодаи хатти мавҷҳои радио тавассути воситаҳои радиоэлектронии таъиноти ҳарбӣ ё махсус;
19) ошкоркунандаи ташкил ё фаъолияти ҳамаи навъҳои алоқа, таъминоти радиолокатсионӣ ва радиотехникии қӯшунҳо;
20) ошкоркунандаи мӯҳтаво, ташкил ё натиҷаи намудҳои асосии фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
21) ошкоркунандаи самтҳои рушди воситаҳо ва технологияҳои таъиноти дуҳадафа, мӯҳтаво, натиҷаи иҷрои барномаҳои мақсаднок, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва (ё) таҷрибавию конструкторӣ оид ба сохтан ё азнавсозии ин воситаҳо ва технологияҳо;
22) дар хусуси ба мақсадҳои ҳарбӣ истифода бурдани воситаю технологияҳои таъиноти дуҳадафа;
23) оид ба мӯҳтавои барномаҳои пӯшидаи таълимӣ дар муассисаҳои олии ҳарбии таълимӣ;
24) маҷмӯи маълумот дар хусуси ҷойгиршавӣ, системаи муҳофизат ва иқтидори истеҳсолии аслиҳахона, пойгоҳу анборҳои аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва махсус ё қисмҳо ва корхонаҳои барои таъмири аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ таъингардида;
25) оид ба дурнамои рушд ва (ё) истифодаи инфрасохтори кайҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати таъмини иқтидори мудофиавӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
26) ошкоркунандаи ҳолат ва (ё) самтҳои рушди гидронавтика ба манфиати мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
27) маҷмӯи маълумот дар бораи сохтмони иншооти саноати мудофиавӣ, ки иқтидорҳои истеҳсолии онҳоро оид ба истеҳсоли техникаи мудофиавӣ ошкор месозанд;
28) оид ба руйдодҳои физикию кимиёвии мусоидаткунандаи таъсис, истеҳсол ва (ё) истифодаи аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, ошкоркунандаи таснифоти ҳифзшавандаи онҳо;
29) дар бораи номгӯй (номенклатура), миқдор ва мӯҳлати ба воҳидҳои ҳарбӣ расонидани навъҳои асосии сӯзишворӣ ва маводи молиданӣ, ашё, молу мулки тиббӣ ва озуқаворӣ;
30) ошкоркунандаи нақшаҳо ва супоришҳои фармоиши давлатии мудофиавӣ, ҳаҷм ва мӯҳлати таҳвили аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, иқтидорҳои истеҳсолии барориши онҳо, инчунин маълумот дар бораи робитаҳои кооператсионии корхонаҳо, дар бораи таҳиягарон ё истеҳсолкунандагони аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, агар ин иттилоот маълумотро дар бораи иқтидорҳои истеҳсолӣ оид ба истеҳсол ва (ё) тавсифоти асосии тактикию техникии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ошкор созанд;
31) дар бораи иҷрои супоришҳои истеҳсол ва таҳвили аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ дар шароити замони ҷанг;
32) ошкоркунандаи ҳолати таъминоти метрологии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, тавсифоти техникӣ ё метрологии меъёрҳои ҳарбӣ ё воситаҳои таъминоти метрологии муайянкунандаи сатҳи сифатан нави аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;
33) ошкоркунандаи самтҳои асосӣ ё барномаҳои рушди стандартонӣ, инчунин мазмуни стандартҳо дар соҳаи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;
34) ошкоркунандаи хароҷоти корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ оид ба сохтани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, вобаста ба корҳои ба манфиати объектҳои махсус гузаронидашаванда;
35) ошкоркунандаи маблағгузорӣ ё хароҷоти воқеӣ барои фармоишҳо, коркард, истеҳсол ё таъмири аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ вобаста ба объектҳои махсус ва объектҳои таҳти низом;
36) ошкоркунандаи ҳаҷми боррасонӣ ва захираҳои сӯзишвории навъи стратегӣ.
Моддаи 14. Маълумот дар соҳаи вазъияти фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ки ба сирри давлатӣ мансубанд
Ба сирри давлатӣ дар соҳаи вазъияти фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ маълумоти зерин мансубанд:
1) дар бораи қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳо ва иншооти алоҳида барои ҳифз, тахлия (эвакуатсия) ва ҷойгир кардани аҳолӣ;
2) дар бораи ташкили огоҳонӣ ва идоракунӣ ҳангоми аз замони осоишта ба ҳолати ҷангӣ гузаронидани системаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолати гузаронидани он аз низоми фаъолияти доимӣ ба низоми кор дар шароити ҳолати фавқулодда;
3) ошкоркунандаи нақшаҳои обтаъминкунии маҳалҳои аҳолинишини дорои беш аз 50 ҳазор нафар аҳолӣ, нуқтаҳои роҳи оҳан, иншооте, ки таъиноти стратегӣ ва мудофиавӣ доранд ва (ё) ҷойгиршавии иншооти асосии хатҳои обрасонӣ;
4) ошкоркунандаи вазъи қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) маҷмӯи маълумот дар бораи объектҳои таҳти низом, ки дар замони ҷанг таҳти муҳофизати хадамоти оташнишони ҳарбикунонидашуда қарор дода мешаванд.
Моддаи 15. Маълумот дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ, ки ба сирри давлатӣ мансубанд
Ба сирри давлатӣ дар соҳаи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ маълумоти зерин мансубанд:
1) ошкоркунандаи моҳият ё ҳаҷми ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ дар замони ҷанг, инчунин ҳамкориҳои мақомоти ҳарбию сафарбарии ташкилотҳои робитаҳои иқтисодии хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ин масъалаҳо;
2) оид ба иқтидорҳои сафарбарӣ ҷиҳати истеҳсол ва таъмири аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, дар бораи таъсис, рушд ва ҳифзи ин иқтидорҳо;
3) ошкоркунандаи имконият ва (ё) захираҳои сафарбарии роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан, ташкил ва ҳаҷми боркашониҳои ҳарбӣ, ҳаҷми боркашонӣ ва самтҳои интиқоли навъҳои стратегии маҳсулоти энергетикӣ, минералӣ, кишоварзӣ, сӯзишворӣ, мавод, навъҳои алоҳидаи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, ташкил ва (ё) фаъолияти системаи алоқа ё идоракунӣ, инчунин тадбирҳои махсус ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳи оҳан ё ҳифзи борҳо;
4) ошкоркунандаи ҷойгиршавӣ, махсусгардонӣ, иқтидор ва (ё) имконияти гузаронандагии нуқтаҳои саворшавӣ ва фурудоварии қӯшунҳо, маълумот дар бораи таъминоти озуқаворӣ ва хизматрасонии тиббию санитарии онҳо;
5) ошкоркунандаи эҳтиёҷоти сафарбарӣ ба воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла оид ба навъҳои алоҳидаи нақлиёт ва (ё) таъмин будани cафарбарӣ бо онҳо;
6) ошкоркунандаи сохтори ташкилӣ ё нишондиҳандаҳои нақшаи сафарбарии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазъи омодагӣ ба сафарбарии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо;
7) ошкоркунандаи ҷойгиршавӣ, захираҳои воқеии давлатӣ ва (ё) захираҳои сафарбарӣ ва истифодаи онҳо;
8) ошкоркунандаи нақша, мӯҳтаво ё натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи омодагии сафарбарии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9) ошкоркунандаи тавозуни пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар замони ҷанг;
10) оид ба иқтидорҳои сафарбарӣ вобаста ба истеҳсоли маҳсулоти истифодаи умумӣ, намудҳои ашёи стратегӣ, мавод, таъсис ва (ё) рушду нигоҳдории ин иқтидорҳо;
11) оид ба иқтидорҳои сафарбарии саноат вобаста ба истеҳсоли аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, таъмини эҳтиёҷоти мудофиа ба маҳсулоти саноатӣ, захираҳои моддию техникӣ ва маҳсулоти озуқаворӣ;
12) оид ба мавҷудияти захираҳои давлатӣ ва сафарбарии маҳсулоти нафтии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 16. Маълумот дар соҳаи иқтисод, молия, саноат, илм ва техника, ки ба сирри давлатӣ мансубанд
1. Ба сирри давлатӣ дар соҳаи иқтисод, молия, саноат, илм ва техника маълумоти зерин мансубанд:
1) дар бораи нишондиҳандаҳои муайянкунандаи омодагии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти устувор дар замони ҷанг;
2) ошкоркунандаи моҳияти дастовардҳои навтарин дар соҳаи илм ва техника, ки метавонанд барои сохтани маҳсулоти усулан нав, равандҳои технологӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт истифода шаванд, инчунин муайянкунандаи сатҳи сифатан нави имкониятҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, баландбардории самаранокии ҷангии онҳо, ки ифшо намудани онҳо ба манфиати амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонида метавонад;
3) ошкоркунандаи мӯҳтаво ва (ё) самтҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҷрибавӣ-конструкторӣ ё лоиҳавӣ, ки ба манфиати таъмини иқтидори мудофиавӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд;
4) оид ба тайёр кардан ё тақсимоти кадрҳо, ки чорабиниҳои ба манфиати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашавандаро ошкор мекунанд;
5) ошкоркунандаи арзёбии дурнамои пешравии илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии он дар самтҳое, ки иқтидори мудофиавӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунанд;
6) ошкоркунандаи иқтидори захиравӣ ва захираҳои тавозунии сарватҳои зеризаминӣ, афзоиши захираҳои кашфшуда ва истихроҷи ин сарватҳои зеризаминӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар тавсифоти конҳо доир ба ҳар як иншооти мушаххас, ки аз ҷониби Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд;
7) дар бораи хароҷоти буҷети давлатӣ, ки таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозанд (ба ғайр аз нишондиҳандаҳои ҷамъбастӣ);
8) оид ба ҳисоббаробаркуниҳои танзимнагардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ (ба ғайр аз нишондиҳандаҳои ҷамъбастӣ оид ба қарзи хориҷӣ);
9) ошкоркунандаи хароҷоти маблағҳои пулӣ барои таъминоти қӯшунҳо аз рӯи моддаҳои алоҳидаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10) оид ба масъалаҳои қабули қарор дар бораи барориши пулҳои қоғазӣ ва тангаҳои нави Бонки миллии Тоҷикистон (ба истиснои ҷашнӣ ва хотиравӣ), таҳияи ороиш ва тайёр кардани онҳо;
11) оид ба тарзҳои ҳимояи пулҳои қоғазии Бонки миллии Тоҷикистон ва қоғазҳои қиматноки давлатӣ аз сохтакориҳо, ҳамчунин тарзҳои муайян кардани аслӣ будани онҳо;
12) ошкоркунандаи захираҳои пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар хазинаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва гардиши онҳо;
13) ошкоркунандаи корҳое, ки бо мақсади сохтани воситаҳои ҳифзи индикатсия, дегазатсия, воситаҳои кимиёвӣ ва биологии ҳифзи аҳолӣ аз силоҳи қатли ом ё масолеҳи нави сорбсионӣ ва дигар масолеҳ барои онҳо гузаронида мешаванд;
14) ошкоркунандаи натиҷаи корҳо дар соҳаи обуҳавошиносӣ, гидрография ё гелиогеофизика, инчунин натиҷаҳои таҳқиқоти махcуси геологию геофизикие, ки ба манфиати таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд;
15) ошкоркунандаи натиҷаи фаъолияти топографӣ, геодезӣ ё картографие, ки аҳамияти муҳими мудофиавӣ ва иқтисодӣ доранд;
16) дар бораи номгӯй (номенклатура), ҳаҷм ва маблағгузории амалиёт оид ба воридот ва содироти силоҳ, инчунин маълумот дар бораи ҳамкориҳои ҳарбӣ, илмӣ - техникӣ бо давлатҳои хориҷӣ, ба истиснои маълумоте, ки бояд мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд;
17) ошкоркунандаи нақша ва вазифаҳои фармоиши давлатии мудофиавӣ дар қисмати боррасониҳои воридотию содиротӣ дар соҳаи ҳамкории ҳарбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ;
18) тавсифдиҳандаи ҳолати фонди суғуртаи ҳуҷҷатҳо барои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, навъҳои асосии маҳсулоти таъиноти граждании ба нақшаи сафарбарӣ дохилкардашуда, иншооти дорои хавфи баланд ва (ё) низоми таъминоти зиндагии аҳолӣ, иншооти дорои арзишҳои миллӣ, инчунин маълумот доир ба ҷойгиршавии иншооти нигаҳдории фонди суғуртаи ҳуҷҷатҳо дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
19) оид ба масъалаҳои савдои хориҷии танҳо навъҳои махсуси молҳо (ҳаҷм, номгӯй (номенклатура), маблағгузории воридот ва содирот вобаста ба як ё якчанд давлатҳо), инчунин оид ба ташаккули сатҳи поёнии нархҳои индикативӣ, воридоти асъор, ки ифшо намудани онҳо стратегия ва тактикаи савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозанд;
20) маҷмӯи маълумот оид ба захираҳои давлатии металлҳои қиматбаҳо бо ифодаи аслӣ ва пулӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
21) маҷмӯи маълумот дар хусуси воридот ва содироти тиллои ғайрипулӣ, металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ё маҳсулоти онҳо дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
22) ошкоркунандаи рақамҳои дурнамо оид ба истеҳсоли тилло, дар давраи аз як сол ва бештар аз он бо ифодаи аслӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
23) ошкоркунандаи ҳаҷми дурнамо ё воқеии истеҳсоли платина, металлҳои гурӯҳи платина (палладий, иридий, родий, рутений, осмий) ва нуқра бо ифодаи аслӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
24) маҷмӯи маълумот оид ба воридоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба Фонди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аз як сол ва бештар аз он бо ифодаи аслӣ ё арзиши пулӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
25) маҷмӯи маълумот дар бораи ҳаҷми истеъмол ё фурӯши металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар муқоиса бо ҳаҷми истеҳсоли он дар давраи аз як сол ва бештар аз он бо ифодаи аслӣ ё арзиши пулӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
26) дар бораи ҳаҷми истеъмоли платина, металлҳои гурӯҳи платина (палладий, иридий, родий, рутений, осмий) ва нуқра дар алоҳидагӣ бо ифодаи аслӣ дар муқоиса бо ҳаҷми истеҳсоли металлҳои мазкур дар давраи аз як сол ва бештар аз он дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
27) оид ба арзиши аслии платина, металлҳои гурӯҳи платина (палладий, иридий, родий, рутений, осмий), тилло ва нуқра дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
28) дар бораи маблағгузорӣ ва (ё) фаъолияти пулию қарздиҳӣ, ки пешакӣ паҳн кардани онҳо метавонад ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад;
29) ошкоркунандаи ҳаҷми истеҳсол ё расонидани навъҳои стратегии маҳсулоти хоми кишоварзӣ;
30) маҷмӯи маълумот оид ба талабот ба маблағгузорӣ ва хароҷоти воқеии молиявӣ вобаста ба моддаҳои алоҳидаи буҷети Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
31) дар бораи ҳаҷми умумии маъдани уран, маъданҳои тоза, оксидҳо, намакҳо бо нишон додани мавҷудияти фоизи уран дар онҳо, ки дар корхонаҳо, идораҳои маъдан, завод, кон ва соҳаи истихроҷкунанда нигоҳ дошта мешаванд;
32) маҷмӯи маълумот оид ба эҳтиёҷоти хоҷагии халқи Тоҷикистон ба металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
33) оид ба ҳаҷми нақшавии воридот ё содироти тилло, нуқра ва сангҳои қиматбаҳо бо ифодаи аслӣ ё арзиши пулӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
34) маҷмӯи маълумот дар бораи ҳаҷми нақшавии фурӯши тилло бо асъори мубодилаи озод ё миқдори тиллое, ки барои харидории мол аз хориҷа ҷудо карда шудааст, дар давраи аз як сол ва бештар аз он;
35) маҷмӯи маълумот оид ба имконияти гузаронандагии роҳи оҳан дар самтҳои асосӣ, ки номгӯйи онҳоро Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» муайян мекунад;
36) дар бораи нақша ва иқтидори манбаъҳои амалкунанда ва захиравии таъмини барқи роҳи оҳан;
37) оид ба истеҳсоли металлҳои ранга, нодир ва дигар маводи дорои аҳамияти стратегӣ дар саноати металлургӣ.
2. Маълумот дар соҳаи иқтисод, молия, саноат, илм ва техника, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии худ мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ оид ба чораҳои таҳкими боварӣ ва амният пешниҳод менамояд, ба сирри давлатӣ мансуб дониста намешаванд.
Моддаи 17. Маълумот дар соҳаи сиёсии хориҷӣ ва иқтисодии хориҷӣ, ки ба сирри давлатӣ мансубанд
1. Ба сирри давлатӣ дар соҳаи сиёсии хориҷӣ ва иқтисодии хориҷӣ маълумоти зерин мансубанд:
1) оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ, савдои хориҷӣ, робитаҳои илмию техникие, ки стратегия ва тактикаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозанд ва пешакӣ паҳн кардани онҳо метавонад ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад;
2) оид ба масъалаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, илмию техникӣ ё иқтисодӣ нисбат ба як ё якчанд кишварҳои хориҷӣ, ки дар асоси боварӣ дастрас шудаанд, агар ифшои онҳо боиси ошкор сохтани манбаи чунин маълумот гардад;
3) оид ба гуфтушунид байни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар давлатҳо дар бораи муайян намудани мавқеи ягонаи қатъӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, агар ифшои ин маълумот барои яке аз тарафҳо метавонад боиси мушкилиҳои дипломатӣ гардад;
4) дар бораи омода намудан, ба имзо расонидан, тасдиқ ё бекор намудан, мӯҳтаво ва иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ, ки пешакӣ ошкор намудани онҳо метавонад ба иқтидори мудофиавӣ, амният, манфиатҳои сиёсӣ ё иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад;
5) дар бораи воридот ва содироти аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, дар бораи мусоидати техникӣ ба давлатҳои хориҷӣ дар сохтани аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, объектҳои ҳарбӣ, аз ҷумла ройгон, бо зикри кишварҳои қабулкунанда, агар ифшои ин маълумот барои яке аз тарафҳо метавонад боиси мушкилиҳои дипломатӣ гардад;
6) ошкоркунандаи мӯҳтавои чорабиниҳо оид ба таъмини мутақобилаи расонидани ашё, мавод, сӯзишворӣ, таҷҳизот, доруворӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли ҳисоббаробаркунӣ ё тадбирҳо оид ба мусоидати техникӣ аз ҷониби давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сохтмони корхонаҳо ва иншоот дар соли ҳисоббаробаркунӣ дар маҷмӯъ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) ошкоркунандаи ҳаҷми ҳамлу нақли борҳои воридотию содиротӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли ҳисоббаробаркунӣ дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) дар дастурҳо, нақшаҳо ва супоришҳое, ки ба аъзои ҳайат ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои фаъолияти сиёсии хориҷӣ ва иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, мавҷуданд;
9) дар пешниҳодҳо оид ба ҳалли масъалаҳои стратегии муносибатҳои сиёсии хориҷӣ, инчунин оид ба амалишавии ҳамкориҳо бо дигар кишварҳои хориҷӣ мавҷудбуда, ки ифшо кардани онҳо стратегия ва тактикаи сиёсати берунии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор месозанд.
2. Маълумот дар соҳаи сиёсии хориҷӣ ва иқтисодии хориҷӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии худ мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ оид ба чораҳои таҳкими боварӣ ва амният пешниҳод менамояд, ба сирри давлатӣ мансуб дониста намешаванд.
Моддаи 18. Маълумот дар соҳаи фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ, оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ва дигар фаъолият, ки ба сирри давлатӣ мансубанд
Ба сирри давлатӣ дар соҳаи фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ, оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ва дигар фаъолият маълумоти зерин мансубанд:
1) дар бораи қувваҳо, воситаҳо, манбаъҳо, усулҳо, нақшаҳо, ҳолат, ташкил, тактика, натиҷаҳо ва маблағгузории фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;
2) ошкоркунандаи мансубияти шахсони мушаххас ба ҳайати кадрии мақомоти разведкавӣ ва зиддиразведкавии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) дар бораи шахсони ба муҳити ҷиноятӣ воридкардашуда, ҳамчунин оид ба хешовандони наздики онҳо, агар нисбати чунин хешовандон таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулкашон ҷой дошта бошад;
4) дар бораи кормандони штатии ғайриошкорои мақомоти амаликунандаи фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва оперативӣ – ҷустуҷӯӣ, инчунин хешовандони наздики онҳо, агар нисбати чунин хешовандон таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулкашон ҷой дошта бошад;
5) дар бораи шахсоне, ки ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба таври махфӣ мусоидат менамоянд ё мусоидат кардаанд;
6) дар бораи қувваҳо, намудҳо, ҷараён, тарзу усулҳо ва маблағгузории амалигардонии ҳимояи давлатӣ (татбиқи чораҳои амниятӣ) нисбат ба шахси ҳимояшаванда, маълумот дар бораи ӯ ва хешовандони наздикаш;
7) ошкоркунандаи ҳолат, натиҷа, инчунин чорабиниҳои кори оперативию сафарбарӣ, аз ҷумла дар соҳаи фаъолияти разведкавӣ;
8) ошкоркунандаи қувва, воcитаҳо, усулҳо, нақшаҳо, ҳолат ва натиҷаҳои фаъолияти мақомоти разведкаи радиоэлектронӣ, воситаҳои алоқа, инчунин маълумот оид ба маблағгузории чунин фаъолият, агар он маълумоти номбаршударо ошкор намояд;
9) маълумоти омории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки шахсони объекти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯибударо ошкор месозанд;
10) ошкоркунандаи қувва, воcитаҳо ва уcулҳои пешбурди тафтишот оид ба парвандаҳои ҷиноятии марбут ба манфиатҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
11) дар бораи шахсоне, ки дар кирдори онҳо аломатҳои ҷиноятҳо ба муқобили амнияти давлат, инчунин ҷиноятҳои хусусияти террористидошта мавҷуданд;
12) дар бораи номгӯй (номенклатура), ҳаҷми расонидан, эҳтиёҷот, теъдоди аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва махсус дар мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ менамоянд;
13) ошкоркунандаи қувва, воcитаҳо ва усулҳои ҷузъу томҳои мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, инчунин чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва оперативӣ-техникие, ки онҳо мегузаронанд;
14) дар бораи кормандони воҳидҳои таъиноти махсус, шахсони иштирокчӣ ва (ё) мусоидаткунанда дар гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ, огоҳонидан, ошкор намудан, пешгирӣ кардан ва кушодани амали терроризм ва дар бораи хешовандони наздики онҳо, агар нисбати чунин хешовандон таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулкашон ҷой дошта бошад;
15) ошкоркунандаи ташкил ва уcулҳои истифодаи воситаҳои техникаи махсус ҳангоми ҳалли масъалаҳои разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ё тартиби ташкили чорабиниҳои мушаххаси оперативӣ-техникӣ ё маълумот оид ба маҳалли ҷойгиршавии воситаҳои техникаи махсус дар иншоот;
16) ошкоркунандаи маълумоти тактикию техникии воситаҳои техникии ҳифз ё системаҳои огоҳонӣ (сигналдиҳӣ), мӯҳтавои чораҳои низоми гузаргоҳӣ ва дохилииншоотии объектҳои алоҳидаи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо бо мақсади ҳифзи сирри давлатӣ низоми махсуси фаъолият муқаррар шудааст;
17) оид ба самтҳои ҳамкориҳои муштарак байни Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани амалиёти вобаста ба мубориза бар зидди контрабанда (қочоқ);
18) ифшокунандаи кормандони мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, хешовандони наздики онҳо, дар ҳолати мавҷуд будани маълумот оид ба таҳдид ба ҳаёт ва cаломатии онҳо, ки бинобар иҷрои вазифаҳои хизматиашон ба миён омадааст;
19) оид ба ташкили хадамот ва тактикаи амали мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми истифода бурдани техникаи махсус барои боздошти вайронкунандагони сарҳад;
20) оид ба ҳолати махсуси ғайриошкорои ҷузъу томҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маҳалли ҷойгиршавии ташкилотҳое, ки бо мақсади пинҳонкорӣ таъсис гардидаанд;
21) ошкоркунандаи маҳалли ҷойгиршавии биноҳое, ки ба манфиати ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ пинҳонӣ истифода бурда мешаванд;
22) ошкоркунандаи ташкил, қувва, воситаҳо ё усулҳои таъмини амнияти объектҳои ҳифзи давлатӣ, инчунин маълумот оид ба маблағгузории чунин фаъолият, агар онҳо маълумоти зикргардидаро ошкор созанд;
23) ошкоркунандаи масъалаҳои ҳолати муҳофизат, воситаҳои техникии ҳифз дар муассисаҳои Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои давлатӣ, мӯҳлат, cамти ҳаракат, системаи интиқоли пулҳои қоғазӣ ва тангаҳо, металлҳои қиматбаҳо ва дигар сарватҳо аз Хазинаи марказӣ ва фондҳои эҳтиётии Бонки миллии Тоҷикистон ва Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
24) ошкоркунандаи ташкил ё ҳолати воқеии ҳифзи сирри давлатӣ;
25) ошкоркунандаи чорабиниҳои нақшавӣ ва (ё) гузаронидашаванда оид ба ҳифзи маълумот аз дастрасии иҷозатдоданашудаи разведкаи техникии хориҷӣ ва ихроҷ тавассути каналҳои техникӣ;
26) дар бораи системаи алоқаи президентӣ, ҳукуматӣ, рамзӣ, аз ҷумла дорои код ва махфигардонидашуда, дар бораи рамзҳо, коркарди онҳо, таҳия ва бо онҳо таъмин намудан, дар бораи усул ва воситаҳои таҳлили воситаҳои рамзнависӣ ва воситаҳои ҳифзи махсус, оид ба системаҳои иттилоотию таҳлилии таъиноти махсус;
27) оид ба ташкил, қувва, воситаҳо ва усулҳои таъмини амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ, дар хусуси вазъи саломатӣ ва ҳаёти шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ;
28) ошкоркунандаи ташкил, қувва, воситаҳо, усулҳо, нақшаҳо ва тактикаи таъмини амнияти шахсони мансабдори ҳимояшавандаи мақомоти давлатӣ;
29) оид ба иҷрои ҳукмҳо нисбат ба шахсоне, ки ба ҷазои қатл маҳкум шудаанд, яъне оид ба ташкили иҷрои ҳукм ва дафн, маҳалли иҷрои ҳукм, шахсоне, ки ҳукмро иҷро менамоянд, маҳалли дафни маҳкумшуда, ки нисбат ба ӯ ҷазои қатл татбиқ гардидааст;
30) оид ба натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ, ки ба такмили чораҳои ҳифзи сирри давлатӣ алоқаманданд.
Моддаи 19. Тартиби ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот
1. Мансуб донистани маълумот ба сирри давлатӣ аз ҷониби роҳбарони мақомоти давлатӣ мутобиқи Номгӯйи шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ки ваколати ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумотро доранд, амалӣ мегардад. Мақомоти давлатӣ таҳти роҳбарии шахсони мансабдори зикргардида ваколатдоранд, ки дар доираи салоҳияти худ маълумоти ба сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуббударо ихтиёрдорӣ намоянд.
2. Мансуб донистани маълумот ба сирри давлатӣ мувофиқи мансубияти соҳавӣ, идоравӣ ё барномавию мақсаднокии онҳо амалӣ карда мешавад. Мақомоти давлатӣ, ки ба роҳбарони онҳо ваколати ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот дода шудааст, дар асоси моддаҳои 13-18 Қонуни мазкур бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯйи соҳавии маълумотро, ки бояд махфигардонӣ шаванд, таҳия менамоянд. Ба ин номгӯй маълумоте, ки мақомоти зикршуда ваколати ихтиёрдории онҳоро доранд, дохил карда шуда, дараҷаи махфияти онҳо муқаррар мегардад. Дар доираи барномаҳои мақсаднок оид ба коркард ва азнавкунии намунаҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ бо қарори фармоишгарони намунаҳо ва корҳои зикргардида метавонанд номгӯйи алоҳидаи маълумот, ки бояд махфигардонӣ шаванд, таҳия карда шаванд. Ин номгӯйро роҳбарони мақомоти дахлдори давлатӣ тасдиқ менамоянд. Мақсаднокии махфигардонии чунин номгӯй аз рӯи мӯҳтавои онҳо муайян карда мешавад.
3. Асосноккунии зарурати ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот мувофиқи принсипҳои махфигардонии маълумот ба зиммаи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, ки ин маълумотро ба даст овардаанд ё таҳия намудаанд, вогузор карда мешавад.
4. Нисбат ба асосноккунии ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот бо тартиби судӣ шикоят кардан мумкин аст. Дар ҳолати бо қарори суд беасос донистани махфигардонии маълумот, ин маълумот бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ғайримахфӣ гардонида мешаванд.
БОБИ 4. МАХФИГАРДОНИИ МАЪЛУМОТ ВА ҲОМИЛҲОИ ОНҲО, КИ ДОРОИ СИРРИ ДАВЛАТӢ МЕБОШАНД
Моддаи 20. Принсипҳои махфигардонии маълумот ва ҳомилҳои онҳо
1. Махфигардонии маълумот ва ҳомилҳои онҳо, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд, мувофиқи принсипҳои қонуният, асоснокӣ ва саривақтӣ будан амалӣ мегардад.
2. Қонуният ин мутобиқ будани махфигардонии маълумот ва ҳомилҳои онҳо, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
3. Асоснокӣ ин бо роҳи баҳодиҳии экспертӣ муқаррар намудани ба мақсад мувофиқ будани махфигардонии маълумоти мушаххаси дорои сирри давлатӣ ва ҳомилҳои онҳо, оқибатҳои эҳтимолии иқтисодӣ ва дигар оқибатҳои ҳамин амал бо дарназардошти манфиатҳои ҳаётан муҳими шаҳрвандон, ҷамъият ва давлат мебошад.
4. Саривақтӣ будан ин муқаррар намудани маҳдудиятҳо ба паҳн намудани маълумот ва ҳомилҳои онҳо, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд аз лаҳзаи ба даст овардан, таҳияи онҳо ё пешакӣ мебошад.
Моддаи 21. Маълумоте, ки махфигардонӣ намешаванд
1. Маълумоти зерин махфигардонӣ намешаванд:
- оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва фалокатҳо, ки ба амният ва саломатии шаҳрвандон таҳдид мекунанд ва оқибатҳои онҳо, инчунин оид ба офатҳои табиӣ, пешгӯии расмӣ ва оқибатҳои онҳо;
- оид ба вазъи экологӣ, тандурустӣ, санитарӣ, демографӣ, маориф, фарҳанг, кишоварзӣ, инчунин оид ба вазъи ҷинояткорӣ;
- оид ба бартариятҳо, ҷуброн ва имтиёзҳо, ки давлат ба шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва ташкилотҳо пешниҳод менамояд;
- оид ба ҳолатҳои вайрон намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд;
-оид ба ҳолатҳои вайрон намудани қонуният аз тарафи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо;
- оид ба ҷазодиҳии (репрессияҳои) оммавӣ бо сабабҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва дигар сабабҳо, аз ҷумла дар бойгонӣ мавҷудбуда, ба истиснои маълумоти дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинишуда.
2. Шахсони мансабдоре, ки қарор оид ба махфигардонии маълумоти дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда ва ё бо ин мақсад ба ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ дохил намудани онҳоро қабул кардаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 22. Дараҷаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ ва мӯҳри махфияти ҳомилҳои ин маълумот
1. Дараҷаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ бояд ба дараҷаи вазнинии зараре, ки ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандон ё манфиатҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар натиҷаи паҳн намудани маълумоти зикршуда расонида шудааст ё расонида шуда метавонад, мувофиқат намояд.
2. Се дараҷаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ ва мувофиқан ба ин дараҷаҳо мӯҳрҳои махфият барои ҳомилҳои ин маълумот бо зикри мӯҳлати махфигардонии ин маълумот муқаррар карда мешаванд. Ба маълумоти дорои сирри давлатӣ мӯҳрҳои махфияти «фавқулодда муҳим», «комилан махфӣ» ва «махфӣ» дода мешаванд.
3. Истифодаи мӯҳрҳои махфияти номбурда, барои махфигардонии маълумоте, ки ба сирри давлатӣ мансуб намебошанд, инчунин додани дигар мӯҳрҳои маҳдудкунанда ба маълумоти зикршуда иҷозат дода намешавад.
4. Дараҷаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ ва мӯҳрҳои махфияти ҳомилҳои ин маълумот метавонанд бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур тағйир дода шаванд.
Моддаи 23. Ҳуқуқи моликияти шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳомилҳои онҳо вобаста ба махфигардонии онҳо
1. Шахсони мансабдоре, ки барои ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот ваколатдор мебошанд, ҳуқуқ доранд дар бораи махфигардонии маълумот ва ҳомилҳои онҳо, ки моликияти шаҳрвандон ва (ё) ташкилотҳо мебошанд, қарор қабул намоянд, агар ин маълумот дар моддаҳои 13-18 Қонуни мазкур ё дар номгӯйи маълумоти соҳавии махфигардонидашаванда номбар гардида бошанд. Махфигардонии маълумоти зикршуда ва ҳомилҳои онҳо дар асоси шартномаи бегонакунии маълумот байни соҳиби молики маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳомилҳои онҳо ва мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки ин маълумот ва ҳомилҳои онҳо ба ихтиёрашон мегузаранд, амалӣ карда мешавад. Маълумот ва ҳомилҳои онҳо, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд, метавонанд ба сирри давлатӣ ба таври музднок ё бемузд мансуб дониста шаванд ва дар ҳолати ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳомилҳои онҳо, давлат ба онҳо ҳуқуқи моликият пайдо мекунад.
2. Дар шартномаи бегонакунии маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳомилҳои онҳо инҳо пешбинӣ карда мешаванд:
- ҳаҷми ҷуброн ба шаҳрвандон ва (ё) ташкилотҳои молики маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳомилҳои онҳо ҳангоми бегонакунии онҳо бинобар мансуб донистан ба сирри давлатӣ;
- ӯҳдадориҳои шаҳрвандон ва (ё) ташкилотҳои молики маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳомилҳои онҳо оид ба ифшо накардани маълумоти мазкур.
3. Дар сурати ба бегонакунии маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳомилҳои онҳо ихтиёран розӣ нашудани шаҳрвандон ва (ё) ташкилотҳои молики маълумоти дорои сирри давлатӣ, ин маълумот ва ҳомилҳои онҳо маҷбуран бо тартиби судӣ бегона карда мешаванд. Дар ин сурат ба шаҳрванд ва (ё) ташкилоти молики маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ҳомилҳои онҳо, бо қарори суд арзиши маълумоти бегонашаванда ва ҳомилҳои онҳо, бо ҳисобкунии хароҷоти бегонакунӣ ҷуброн карда мешавад ва онҳо барои ифшо накардани маълумоти бегонашаванда ӯҳдадор мебошанд.
4. Шаҳрванд ва (ё) ташкилот ҳуқуқ доранд, ки нисбат ба амалҳои шахсони мансабдор ҳангоми ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот ва ҳомилҳои ба онҳо тааллуқдошта ба суд шикоят намоянд. Дар сурати аз тарафи суд ғайриқонунӣ эътироф гардидани амалҳои шахсони мансабдор ҳангоми ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумот ва ҳомилҳои онҳо, ки моликияти шаҳрванд ва (ё) ташкилот мебошанд, ба шаҳрванд ва (ё) ташкилот зарари расонидашуда мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 24. Тартиб ва мӯҳлатҳои махфигардонии маълумот ва ҳомилҳои онҳо
1. Асос барои махфигардонии маълумоте, ки дар натиҷаи фаъолияти идоравӣ, истеҳсолӣ, илмӣ ва дигар намудҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон ба даст омадаанд ё таҳия шудаанд, мутобиқ будани онҳо ба номгӯйи маълумоти махфигардонидашавандаи дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои мазкур амалкунанда ба ҳисоб меравад. Дар сурати махфигардонии ин маълумот ба ҳомилҳои онҳо мӯҳри махфияти дахлдор дода мешавад.
2. Дар ҳолати имконнопазирии айнияткунонии маълумоти бадастовардашуда ё таҳияшуда бо маълумоти дар номгӯйи амалкунандаи маълумот мавҷудбуда, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон ӯҳдадоранд, махфигардонии пешакии маълумоти бадастовардашуда ё таҳияшударо мутобиқи дараҷаи махфияти пешбинишаванда таъмин намуда, дар мӯҳлати як моҳ ба унвони шахси мансабдори номгӯйи мазкурро тасдиқнамуда оид ба тағйир додан ва илова намудан ба он таклифҳо ирсол намоянд. Шахсони мансабдори номгӯйи амалкунандаро тасдиқнамуда ӯҳдадоранд, ки дар давоми се моҳ баҳодиҳии экспертии пешниҳодҳои воридшударо ташкил намуда, оид ба тағйир додан ва илова намудан ба номгӯйи амалкунанда ё бардоштани мӯҳри махфияти пешакӣ ба маълумот додашуда қарор қабул намоянд.
3. Мақомоти давлатӣ, ки роҳбарони онҳо барои мансуб донистани маълумот ба сирри давлатӣ ваколатдор карда шудаанд, ӯҳдадоранд давра ба давра, вале на камтар аз ҳар 5 сол мазмуни номгӯйи маълумоти махфигардонидашавандаро, ки дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо амал мекунанд, дар қисми асоснокии махфигардонии маълумот ва мутобиқати онҳо ба дараҷаи пештар муқарраршудаи махфият аз нав баррасӣ намоянд.
4. Бо мақсади махфигардонии маълумоти дорои сирри давлатӣ мӯҳлатҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
- мӯҳлати махфигардонии маълумоти дар бандҳои 1), 2), 6), 7), 8), 11), 15), 16), 17), 19), 24), 27) моддаи 13, бандҳои 3), 5) моддаи 14, бандҳои 1), 8) моддаи 15, бандҳои 4), 6), 7), 13), 14), 18), 24), 25), 26), 33), 36), 37) қисми 1 моддаи 16, бандҳои 2), 3), 9) қисми 1 моддаи 17, бандҳои 1), 2), 3), 4), 5), 7), 8), 9), 11), 12), 13), 14), 15), 16), 17), 19), 20), 21), 22), 24), 25), 26), 27), 28), 29), 30) моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида доимӣ мебошад;
- мӯҳлати махфигардонии маълумоти дар бандҳои 12), 13), 14), 20), 25), 26), 32), 33), 34) моддаи 13, банди 11) моддаи 15, бандҳои 3), 17) қисми 1 моддаи 16, бандҳои 4), 5) қисми 1 моддаи 17, бандҳои 10), 18) моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида 25 сол мебошад;
- мӯҳлати махфигардонии маълумоти дар бандҳои 30), 31) моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинигардида 20 сол мебошад;
- мӯҳлати махфигардонии маълумоти дар бандҳои 5), 9), 18), 21), 22), 23), 28), 29) моддаи 13, бандҳои 1), 2) моддаи 14, бандҳои 3), 4), 7), 9) моддаи 15, бандҳои 1), 2), 5), 8), 9), 12), 16), 20), 22), 23), 27), 29), 30), 32) қисми 1 моддаи 16, банди 6) қисми 1 моддаи 17, банди 23) моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида 10 сол мебошад;
- мӯҳлати махфигардонии маълумоти дар банди 10) моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинигардида 7 сол мебошад;
- мӯҳлати махфигардонии маълумоти дар бандҳои 3), 35), 36) моддаи 13, банди 4) моддаи 14, бандҳои 2), 5), 6), 10), 12) моддаи 15, бандҳои 21), 28), 31), 35) қисми 1 моддаи 16, бандҳои 1), 8) қисми 1 моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида 5 сол мебошад;
- мӯҳлати махфигардонии маълумоти дар банди 4) моддаи 13, банди 7) қисми 1 моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида 3 сол мебошад;
- мӯҳлати махфигардонии маълумоти дар бандҳои 10), 11), 19) қисми 1 моддаи 16 Қонуни мазкур пешбинигардида то лаҳзаи нашри расмӣ ба ҳисоб гирифта мешавад;
- мӯҳлати махфигардонии маълумоти дар банди 15) қисми 1 моддаи 16 Қонуни мазкур пешбинигардида то нав кардани маводи дахлдори топографӣ, геодезӣ ва картографӣ нигоҳ дошта мешавад;
- мӯҳлати махфигардонии маълумоти дар банди 34) қисми 1 моддаи 16 Қонуни мазкур пешбинигардида то анҷоми мӯҳлати амали нақша ба ҳисоб гирифта мешавад;
- мӯҳлати махфигардонии маълумоти дар банди 6) моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида бо дарназардошти хусусияти чораи амниятии татбиқшаванда аз ҷониби роҳбари мақоме, ки оид ба татбиқи ҳимояи давлатӣ қарор қабул менамояд, муайян карда мешавад.
Моддаи 25. Навиштаҷоти ҳатмии ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ
1. Ба ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ навиштаҷоте гузошта мешаванд, ки маълумоти зеринро дарбар мегиранд:
- дар бораи дараҷаи махфияти маълумоти дар ҳомил ҷойдошта тибқи банди дахлдори номгӯйи маълумоти махфигардонидашаванда, ки дар мақоми давлатӣ ва ташкилоти мазкур амал мекунад;
- дар бораи мақоми давлатӣ ё ташкилоте, ки махфигардонии ҳомилро анҷом додаанд;
- дар бораи рақами бақайдгирӣ;
- дар бораи сана ё шарти ғайримахфигардонии маълумот ва ё дар бораи ҳодисае, ки баъди ба миён омадани он маълумот ғайримахфигардонӣ мешаванд.
2. Ҳангоми ғайриимкон будани ба ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ гузоштани чунин навиштаҷот ин маълумот дар ҳуҷҷатҳои ба онҳо ҳамроҳкунанда зикр карда мешаванд.
3. Агар ҳомил аз якчанд қисми таркибии дорои дараҷаҳои гуногуни махфият иборат бошад, ба ҳар як қисми таркибии он мӯҳри махфияти дахлдор дода шуда, ба ҳомил дар маҷмӯъ мӯҳри махфияте дода мешавад, ки ба дараҷаи махфияти ба қисми таркибии он додашуда мутобиқ буда, барои ҳомили мазкур дараҷаи баланди махфиятро дорад.
4. Ба ғайр аз навиштаҷоти дар моддаи мазкур пешбинигардида, дар ҳомил ва (ё) ҳуҷҷатҳои ба онҳо ҳамроҳкунанда метавонанд қайдҳои иловагии муайянкунандаи ваколатҳои шахсони мансабдор оид ба шиносшавӣ бо маълумоти дар ин ҳомил ҷойдошта гузошта шаванд.
БОБИ 5. ҒАЙРИМАХФИГАРДОНИИ МАЪЛУМОТ
ВА ҲОМИЛҲОИ ОНҲО
Моддаи 26. Асосҳои ғайримахфигардонии маълумот
1. Асосҳо барои ғайримахфигардонии маълумот инҳоянд:
- аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи худ гирифтани ӯҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба мубодилаи ошкорои маълумоте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сирри давлатианд;
- тағйир ёфтани ҳолатҳои объективӣ, ки дар натиҷаи он ҳифзи минбаъдаи маълумоти дорои сирри давлатӣ мувофиқи мақсад нест;
- хориҷ намудан аз маълумоти ба сирри давлатӣ мансуббуда, ки бо моддаҳои 13-18 Қонуни мазкур муайян шудаанд;
- гузаштани мӯҳлати махфигардонии маълумот;
- зарурати истифодаи натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ.
2. Ҳуқуқи тағйир додани номгӯйи идоравии маълумоти махфигардонидашавандаро, ки дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо амал мекунанд, роҳбарони мақомоти давлатии онҳоро тасдиқкарда доранд ва барои асоснокии қарорҳои қабулнамудаашон оид ба ғайримахфигардонии маълумот масъулияти шахсӣ доранд. Қарорҳои роҳбарони мазкур, вобаста ба тағйир додани номгӯйи идоравии маълумоти дорои сирри давлатӣ бояд бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа карда шаванд.
Моддаи 27. Тартиби ғайримахфигардонии ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ
1. Ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ на дертар аз мӯҳлатҳое, ки ҳангоми махфигардонии онҳо муқаррар карда шудаанд, ғайримахфӣ гардонида мешаванд. Агар талаботи номгӯйи дар мақоми давлатӣ ва ташкилот амалкунанда, ки дар асоси он ҳомилҳо махфӣ гардонида шудаанд, тағйир дода шуда бошанд, он гоҳ то ба охир расидани ин мӯҳлатҳо ҳомилҳо бояд ғайримахфӣ гардонида шаванд.
2. Дар ҳолатҳои истисноӣ ҳуқуқи тамдид намудани мӯҳлати аввал муқарраршудаи махфигардонии ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ ба роҳбарони мақомоти давлатии барои ба сирри давлатӣ мансуб донистани маълумоти дахлдор ваколатдоршуда дар асоси хулосаи комиссияи экспертии аз ҷониби онҳо бо тартиби муқарраршуда таъингардида дода мешавад.
3. Ба роҳбарони мақомоти давлатӣ барои ғайримах-фигардонии ҳомилҳои маълумоте, ки аз тарафи шахсони мансабдори тобеашон беасос махфигардонӣ шудаанд, ваколат дода мешавад.
4. Роҳбарони бойгониҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоранд, ки ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар фондҳои пӯшидаи ин бойгониҳо барои нигоҳдорӣ мавҷуданд, ғайримахфӣ намоянд, агар онҳоро ташкилоти фондташкилкунанда ё вориси ҳуқуқии он ваколатдор карда бошад. Ҳангоми барҳам додани ташкилоти фондташкилкунанда ва мавҷуд набудани вориси ҳуқуқии он масъалаи тартиби ғайримахфигардонии ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад.
Моддаи 28. Баррасии дархостҳои шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо оид ба ғайримахфигардонии маълумот
1. Шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ҳуқуқ доранд ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, аз ҷумла ба бойгониҳои давлатӣ бо дархост оид ба ғайримахфигардонии маълумоти дорои сирри давлатӣ муроҷиат намоянд.
2. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, аз ҷумла бойгониҳои давлатӣ, ки чунин дархостро гирифтаанд, ӯҳдадоранд онро дар мӯҳлати то як моҳ баррасӣ намуда, аз рӯи моҳияти дархост ҷавоби асоснок диҳанд. Агар онҳо барои ҳал намудани масъалаи ғайримахфигардонии маълумоти дархостшаванда салоҳиятнок набошанд, он гоҳ дархост ба мақоми давлатӣ, ки ба он чунин ваколатҳо дода шудааст ва ё ба мақоми ваколатдори давлатӣ ирсол карда, дар ин бора шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, ки дархост пешниҳод кардаанд, огоҳонида мешаванд.
БОБИ 6. ИХТИЁРДОРИИ МАЪЛУМОТИ
ДОРОИ СИРРИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 29. Додани маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо
1. Додани маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, ки таҳти тобеият қарор надоранд ва фаъолияти муштаракро амалӣ намекунанд, бо иҷозати мақоми давлатие, ки мутобиқи моддаи 19 Қонуни мазкур ин маълумот дар ихтиёраш мебошанд, амалӣ карда мешавад.
2. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дархосткунандаи маълумоти дорои сирри давлатӣ ӯҳдадоранд шароитҳое фароҳам оваранд, ки ҳифзи ин маълумотро таъмин намоянд. Роҳбарони онҳо барои риояи тартиби муқарраршуда оид ба шиносшавӣ бо маълумоти дорои сирри давлатӣ масъулияти шахсӣ доранд. Шарти ҳатмӣ барои додани маълумоти дорои сирри давлатӣ ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо аз ҷониби онҳо иҷро намудани талаботи Қонуни мазкур мебошад.
Моддаи 30. Додани маълумоти дорои сирри давлатӣ бинобар иҷрои корҳои муштарак ва дигар корҳо
1. Додани маълумоти дорои сирри давлатӣ ба ташкилотҳо ё шаҳрвандон бинобар иҷрои корҳои муштарак ва дигар корҳо бо иҷозати мақоми давлатӣ, ки мувофиқи моддаи 19 Қонуни мазкур маълумоти дахлдор дар ихтиёрдории ӯ мебошад, аз тарафи фармоишгар танҳо дар ҳаҷми барои иҷрои ин корҳо зарурӣ амалӣ карда мешавад. Дар ин ҳолат то додани маълумоти дорои сирри давлатӣ фармоишгар ӯҳдадор аст боварӣ ҳосил намояд, ки ташкилот барои гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ рухсатнома ва шаҳрвандон бошанд, рухсати дахлдорро доранд.
2. Ташкилотҳо ҳангоми гузаронидани корҳои муштарак ва дигар корҳо, гирифтани фармоишҳои давлатӣ ва вобаста ба ин, ба вуҷуд омадани зарурати истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ метавонанд бо дигар ташкилотҳо дар бораи истифодаи хизматрасонии воҳидҳои сохтории онҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ шартнома банданд, ки дар ин бора дар рухсатномаҳои тарафҳо барои гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ қайди дахлдор карда мешавад. Дар шартномаи гузаронидани корҳои муштарак ва дигар корҳо, ки бо тартиби муқарраршуда баста шудааст, ӯҳдадориҳои тарафайн оид ба таъмини нигоҳдории маълумоти дорои сирри давлатӣ дар рафти гузаронидани корҳо ва баъди анҷомёбии онҳо, инчунин шартҳои маблағгузории корҳо ва хизматрасониҳо оид ба ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ пешбинӣ карда мешаванд.
3. Ташкили назоратбарии ҳифзи сирри давлатӣ ҳангоми гузаронидани корҳои муштарак ва дигар корҳо мувофиқи муқаррароти шартномаи басташудаи тарафҳо ба зиммаи фармоишгари ин корҳо гузошта мешавад. Ҳангоми аз ҷониби иҷрокунанда дар рафти корҳои муштарак ва дигар корҳо риоя накардани ӯҳдадориҳои ба зиммагирифта оид ба ҳифзи сирри давлатӣ, фармоишгар ҳуқуқ дорад иҷрои фармоишро то бартараф намудани вайронкунӣ боздорад ва ҳангоми вайронкунии такрорӣ оид ба бекор намудани фармоиш ва рухсатнома барои гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор масъалагузорӣ намояд. Дар ин ҳолат зарари моддие, ки иҷрокунанда ба давлат дар шахси фармоишгар расонидааст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 31. Тартиби додани маълумоти дорои сирри давлатӣ ба давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ
1. Мақомоти давлатӣ барои қабули қарор оид ба додани маълумоти мушаххаси дорои сирри давлатӣ ба давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатие, ки мутобиқи моддаи 19 Қонуни мазкур ваколати ихтиёрдории маълумоти дорои сирри давлатиро доранд, таклифи асоснок пешниҳод менамоянд.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи имкон доштан ва мувофиқи мақсад будани додани маълумоти дорои сирри давлатӣ ба давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ хулосаи экспертӣ мебарорад.
3. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мавҷуд будани хулосаи экспертии мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи додани маълумоти дорои сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ амр мебарорад.
4. Ӯҳдадориҳои тарафи қабулкунанда оид ба ҳифзи маълумоти ба ӯ додашаванда дар шартномаи бо он басташаванда пешбинӣ карда мешаванд.
БОБИ 7. ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 32. Чораҳои асосии ташкилию ҳуқуқии ҳифзи сирри давлатӣ
Бо мақсади ҳифзи сирри давлатӣ чораҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
- талаботи ягона оид ба тайёр кардан, истифода бурдан, ҳифз кардан, додан, ҳамлу нақл ва баҳисобгирии ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ ва нигоҳдории онҳо;
- рухсатнома барои гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ;
- низоми махсуси фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо;
- тартиби махсуси дастрасии шаҳрвандон ба сирри давлатӣ;
- маҳдудият дар бораи ба маълумоти умум расонидан, ба давлати дигар додан ё бо роҳи дигар паҳн кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ;
- маҳдудият нисбати будубош ва фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷойгиронӣ ва тағйир додани ҷойи иншоот ва воситаҳои техникии ба онҳо тааллуқдошта;
- маҳдудият оид ба сохтмони иншооти ғайридавлатӣ дар назди объектҳои махсус, ҳарбӣ ва таҳти низом;
- тартиби махсуси амалӣ намудани функсияҳои судӣ, назоратӣ, назоратбарию тафтишотӣ ва дигар функсияҳои мақомоти давлатӣ нисбат ба ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо сирри давлатӣ вобаста аст;
- ҳифзи техникӣ ва криптографии маълумоти дорои сирри давлатӣ;
- ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ.
Моддаи 33. Талаботи ягона нисбат ба ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ ва нигоҳдории онҳо
Талаботи ягона оид ба тайёр кардан, истифода бурдан, ҳифз кардан, додан, ҳамлу нақл ва баҳисобгирии ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ ва нигоҳдории онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 34. Низоми махсуси фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо
Низоми махсуси фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, инчунин воҳидҳои сохтории онҳо, ки бо сирри давлатӣ вобаста аст (низоми махфият), бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда мешавад.
Моддаи 35. Дастрасии шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти дорои сирри давлатӣ
1. Ташкили дастрасии шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ба зиммаи роҳбари мақоми давлатӣ ё ташкилот, инчунин ба воҳидҳои сохтории онҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ вогузор карда мешавад. Тартиби дастрасии шахси мансабдор ё шаҳрванд ба маълумоти дорои сирри давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо барои фароҳам овардани чунин шароитҳо, ки ҳангоми онҳо шахси мансабдор ё шаҳрванд танҳо бо он маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ба андозае шинос мешавад, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабиаш (вазифавиаш) заруранд, масъулияти шахсӣ доранд.
3. Дастрасӣ ба сирри давлатӣ ба шаҳрвандони қобили амали Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, пешниҳод карда мешавад, агар он мувофиқи шароитҳои фаъолияти хизматӣ ё илмию таҳқиқотиашон зарур бошад ва барои онҳо мувофиқи тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур, рухсати дахлдор ба расмият дароварда шудааст.
4. Қарор дар бораи пешниҳод кардани дастрасӣ ба маълумоти мушаххаси дорои сирри давлатӣ аз тарафи роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое қабул карда мешавад, ки дар онҳо ин корҳо анҷом дода мешаванд ё ҳомилҳои маълумоти ба онҳо вобастабуда нигоҳ дошта мешаванд.
5. Рад кардани ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани дастрасӣ ба маълумоти мушаххаси дорои сирри давлатӣ танҳо дар ҳолати набудани асосҳои дар қисми 3 ҳамин модда пешбинишуда имконпазир аст ва аз рӯи он ба шахси мансабдори болоӣ шикоят кардан мумкин аст. Дар сурати қонеъ нагардонидани шикоят, шаҳрванд ҳуқуқ дорад оид ба амалҳои зиддиҳуқуқии шахсони мансабдор ба суд шикоят намояд.
6. Дар ҳолати бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дастрасии шахсони мансабдор ё шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти дорои сирри давлатӣ қатъ карда мешавад.
Моддаи 36. Ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ дар ҳолати тағйир ёфтани шакли моликият ва функсияҳои субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ
Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки маълумоти дорои сирри давлатиро доранд, дар ҳолатҳои тағйир ёфтани функсияҳои онҳо, шакли моликият, барҳамдиҳӣ ё қатъ намудани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ, ӯҳдадоранд оид ба таъмини ҳифзи ин маълумот ва ҳомилҳои онҳо чораҳо андешанд. Дар ин ҳолат, ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ нобуд карда ва (ё) ба бойгонии давлатӣ барои нигоҳдорӣ супорида мешаванд ё бо тартиби муқарраргардида дода мешаванд:
- ба вориси ҳуқуқии мақоми давлатӣ ё ташкилоти нигоҳдорандаи маълумоти дорои сирри давлатӣ, агар ин вориси ҳуқуқӣ ваколати гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти зикргардидаро дошта бошад;
- ба мақоми давлатие, ки дар ихтиёрдории он мутобиқи моддаи 19 Қонуни мазкур маълумоти дахлдор мавҷуданд;
- ба мақоми дигари давлатӣ ё ташкилот бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ.
Моддаи 37. Рухсати шахсони мансабдор, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба сирри давлатӣ
1. Рухсати шахсони мансабдор, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба сирри давлатӣ инҳоро пешбинӣ менамояд:
- ба зиммаи худ гирифтани ӯҳдадории хаттӣ дар назди давлат оид ба ифшо накардани маълумоти дорои сирри давлатии ба онҳо боваркардашуда;
- розигӣ ба муваққатан маҳдуд намудани ҳуқуқҳои онҳо мутобиқи моддаи 45 Қонуни мазкур;
- розигии хаттӣ дар бораи аз тарафи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо гузаронидани санҷиши махсус;
- шинос шудан бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ, ки барои вайрон кардани он ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст;
- аз тарафи роҳбари мақоми давлатӣ ё ташкилот қабул намудани қарор оид ба рухсати шахси барасмиятдаровардашаванда ба маълумоти дорои сирри давлатӣ.
2. Ҳаҷми чорабиниҳои санҷишӣ аз дараҷаи махфияти маълумоте, ки ба онҳо шахси барасмиятдаровардашаванда рухсат дода мешавад, вобастагӣ дорад.
3. Ӯҳдадориҳои тарафайни маъмурият ва шахси барасмиятдаровардашаванда дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ зикр карда мешаванд. Бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ то ба охир расидани чорабиниҳои санҷишии мақомоти салоҳиятдор мумкин нест.
4. Ба шахсони мансабдор ва шаҳрвандон се шакли рухсат ба сирри давлатӣ, ки ба се дараҷаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ, яъне «фавқулодда муҳим», «комилан махфӣ» ва «махфӣ» мувофиқ мебошанд, муқаррар карда мешаванд. Рухсат доштани шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ба маълумоти дараҷаи нисбатан баланди махфият, барои дастрасӣ ба маълумоти дараҷаи нисбатан пасттари махфият асос мебошад.
5. Мӯҳлатҳо, ҳолатҳо ва тартиби барасмиятдарорӣ ё аз нав барасмиятдарории рухсати шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ба сирри давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
6. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба сирри давлатӣ танҳо дар доираи амалӣ гардидани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсат дода мешаванд.
Моддаи 38. Тартиби махсуси рухсат ба сирри давлатӣ
1. Дар давраи иҷрои ваколатҳо ва ӯҳдадориҳои мансабии худ ба маълумоти «фавқулодда муҳим», «комилан махфӣ» ва «махфӣ» бе гузаронидани чорабиниҳои санҷишии пешбининамудаи моддаи 37 Қонуни мазкур ва бидуни мувофиқа бо мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инҳо рухсат дода мешавад:
- аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ;
- раис, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ;
- раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ;
- раис, муовини ӯ ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шахсони мансабдоре, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд;
- шахсони мансабдоре, ки аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва таъин карда мешаванд;
- шахсони мансабдоре, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд;
- президент, ноибони президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- адвокатҳое, ки ба сифати ҳимоятгар дар тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ оид ба парвандаҳои марбут ба маълумоти дорои сирри давлатӣ иштирок менамоянд.
2. Шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида дар бораи ифшо накардани сирри давлатӣ, ки ба онҳо ҳангоми иҷрои ваколатҳо ва ӯҳдадориҳои мансабиашон маълум мегардад ва дар бораи тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо дар ҳолати ифшои онҳо, огоҳонида мешаванд ва дар ин бора аз онҳо забонхати дахлдор гирифта мешавад.
Моддаи 39. Асосҳо барои ба шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон надодани рухсат ба сирри давлатӣ
1. Асосҳо барои ба шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон надодани рухсат ба сирри давлатӣ инҳо буда метавонанд:
- набудани зарурати асоснок барои гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ;
- дар рафти чорабиниҳои санҷишӣ вобаста ба рухсати шахс ба сирри давлатӣ ошкор гардидани ҳодисаҳои мусоидати ӯ ба фаъолияти зиддиҳуқуқии мақомоти давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ ё иштироки вай дар иттиҳодияҳои шаҳрвандон, ки фаъолияташон хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ё бо тартиби судӣ манъ карда шудааст ё ӯҳдадориҳояшро оид ба маҳфуз доштани сирри давлатӣ, ки қаблан ба ӯ бовар карда шуда буд, иҷро накардааст;
- аз тарафи ӯ ба зимма нагирифтани ӯҳдадорӣ оид ба маҳфуз доштани сирри давлатӣ, ки ба вай бовар карда мешавад ва ё розӣ нашудани ӯ бо маҳдуд намудани ҳуқуқҳояш вобаста ба рухсат ба сирри давлатӣ;
- аз тарафи суд ғайри қобили амал, дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф гардидани ӯ, доштани доғи судӣ барои содир намудани ҷинояти қасдона, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам нахӯрдааст ё бардошта нашудааст;
- манъи тиббӣ доштани ӯ барои кор бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ тибқи номгӯйи тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- истиқомати доимии ӯ дар хориҷа ё барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо аз ҷониби ӯ барои ба дигар давлат барои истиқомати доимӣ рафтан;
- дар натиҷаи чорабиниҳои санҷишӣ ошкор гардидани амалҳои шахси ба сирри давлатӣ рухсатгиранда, ки ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунанд;
- саркашӣ намудан аз чорабиниҳои санҷишӣ ва (ё) аз ҷониби ӯ пешниҳод шудани маълумоти баръало бардурӯғ дар бораи худ ва хешовандони наздикаш.
2. Қарор дар бораи ба шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон надодани рухсат ба сирри давлатӣ аз ҷониби роҳбари мақоми давлатӣ ё ташкилот бо тартиби инфиродӣ бо дарназардошти натиҷаҳои санҷиши махсус қабул карда мешавад.
3. Шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд аз рӯи қарор дар бораи рухсат надодани онҳо ба сирри давлатӣ ба мақоми давлатӣ ва ташкилоти болоӣ ё суд шикоят намоянд.
4. Бекор кардани рухсат ба сирри давлатӣ шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммагирифтааш дар бораи ифшо накардани маълумоти дорои сирри давлатӣ озод намекунад.
Моддаи 40. Ӯҳдадориҳои шаҳрванд барои нигоҳ доштани сирри давлатӣ
Шаҳрванде, ки ба сирри давлатӣ рухсат дода шудааст, ӯҳдадор аст:
- сирри давлатиро, ки ба ӯ бовар карда мешавад ё вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ аз он хабардор мегардад, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ифшо намояд;
- дар иттиҳодияҳои шаҳрвандон, ки фаъолияташон хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ё бо тартиби судӣ манъ карда шудааст, иштирок накунад;
- дар фаъолияти зиддиҳуқуқии мақомоти давлатии хориҷӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ иштирок накунад;
- талаботи низоми махфиятро, ки мувофиқи моддаи 34 Қонуни мазкур муқаррар шудаанд, иҷро намояд;
- ба шахси мансабдоре, ки рухсат ба сирри давлатиро ба ӯ додааст, аз ҳолатҳое, ки ба нигоҳ доштани сирри давлатии ба ӯ боваркардашуда монеъ мегарданд, хабар диҳад.
Моддаи 41. Шартҳои қатъ кардани рухсати шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сирри давлатӣ
1. Рухсат ба сирри давлатии қаблан ба шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда бо қарори роҳбари мақоми давлатӣ ё ташкилот дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:
- вайрон кардани ӯҳдадориҳои ба зиммагирифтаи ӯ вобаста ба ҳифзи сирри давлатӣ, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ пешбинӣ шудаанд;
- ба миён омадани ҳолатҳое, ки мувофиқи моддаи 39 Қонуни мазкур барои надодани рухсат ба шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сирри давлатӣ асос мебошанд.
2. Қатъ намудани рухсати шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сирри давлатӣ барои бекор намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси иловагӣ мебошад.
3. Қатъ кардани рухсат ба сирри давлатӣ шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммагирифтааш дар бораи ифшо накардани маълумоти дорои сирри давлатӣ озод намекунад.
4. Нисбат ба қарори роҳбари мақоми давлатӣ ё ташкилот дар бораи қатъ кардани рухсати шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сирри давлатӣ ва дар ин асос бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба мақоми давлатӣ ва ташкилоти болоӣ ё суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 42. Маҳдудияти интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма
1. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон ҳангоми тайёр кардани мавод барои интишор кардан, паҳн намудан дар матбуот ва (ё) дигар воситаҳои ахбори омма ё аз сарҳад гузаронидани онҳо бо мақсади ҳифз намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ, ӯҳдадоранд Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гиранд.
2. Назоратбарии риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи сирри давлатӣ ҳангоми интишор кардан, паҳн намудани мавод дар матбуот ва (ё) дигар воситаҳои ахбори омма, ҳамчунин ҳангоми ба хориҷа бурдани мавод аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ таъмин карда мешавад.
Моддаи 43. Чораҳои техникии ҳифзи сирри давлатӣ
1. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо сирри давлатӣ алоқаманд аст, ӯҳдадоранд бо мақсади ҳифзи техникии маълумот воситаҳои муҳофизатшудаи коркард, додан, нигоҳдории маълумот ва таҷҳизоти техникии ҳифзи онро, ки мутобиқати ин воситаҳою таҷҳизот ба меъёрҳои ҳифзи техникӣ сертификатсия шудаанд, истифода баранд.
2. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ҳуқуқ доранд танҳо дар сурати мавҷуд будани иҷозатномаи (литсензияи) дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ фаъолияти вобаста бо истеҳсол ва хизматрасонии системаю воситаҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониро, ки ҳифзи техникии сирри давлатиро таъмин мекунанд, амалӣ намоянд.
Моддаи 44. Чораҳои оперативии ҳифзи сирри давлатӣ
Чораҳои оперативии ҳифзи сирри давлатӣ дар рафти корҳои разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатӣ, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи амалисозии чунин фаъолият мебошанд, амалӣ мегарданд.
Моддаи 45. Маҳдуд намудани ҳуқуқҳои шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сирри давлатӣ рухсат дода шудаанд ё пештар рухсат дода шуда буданд
1. Ҳуқуқҳои шахси мансабдор ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сирри давлатӣ рухсат дода шудаанд ё пештар рухсат дода шуда буданд, мумкин аст муваққатан маҳдуд карда шаванд.
2. Маҳдудкуниҳо ба ҳуқуқҳои зерин дахл дошта метавонанд:
- ҳуқуқи барои истиқомати доимӣ ба давлати дигар рафтан то ғайримахфигардонии маълумоти дахлдор, вале на зиёда аз 5 сол аз вақти қатъ намудани рухсат ба сирри давлатӣ;
- ҳуқуқи баромадан аз ҳудуди давлат ба мӯҳлати пешбининамудаи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ҳангоми ба расмият даровардани рухсат ба сирри давлатӣ;
- ҳуқуқ ба истифодаи кашфиёт ва ихтироъҳои дорои маълумоти сирри давлатӣ ва ба паҳн намудани чунин маълумот;
- ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ дар давраи ба расмият даровардани рухсат ба сирри давлатӣ.
3. Баромадан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои истиқомати доимӣ ба давлатҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо созишнома оид ба ҳифзи мутақобилаи сирри давлатӣ ё дигар созишномаҳои байналмилалӣ дорад, ки чунин баромада рафтанро пешбинӣ менамоянд, маҳдуд карда намешавад.
Моддаи 46. Рухсатнома барои гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ
1. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо корҳоро бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ дар асоси рухсатномае, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дода шудааст, мегузаронанд.
2. Рухсатнома дар асоси натиҷаҳои экспертизаи махсуси ташкилотҳо ва аттестатсияи роҳбарони онҳо, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд, дода мешавад.
Моддаи 47. Сертификатсияи воситаҳои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ
1. Воситаҳои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ бояд сертификати тасдиқкунандаи мутобиқати онҳоро ба талабот оид ба ҳифзи маълумоти дараҷаи дахлдори махфият, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, дошта бошанд.
2. Ташкили сертификатсияи воситаҳои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои онҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, вогузор мешавад.
3. Ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба ташкили сертификатсияи воситаҳои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ гузошта мешавад.
БОБИ 8. МАБЛАҒГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲО ОИД
БА ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 48. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ
1. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ, инчунин маблағгузории фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ, воҳидҳои сохтории онҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, дигар ташкилотҳо бошад, аз ҳисоби маблағҳое, ки аз фаъолияти асосии онҳо ҳангоми иҷрои корҳои бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ алоқаманд ба даст меоянд, сурат мегирад.
2. Назоратбарии хароҷоти воситаҳои молиявӣ барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи сирри давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 49. Ҷубронпулӣ ба шаҳрвандоне, ки корашон бо сирри давлатӣ алоқаманд аст
Дар ҳолатҳое, ки шаҳрванд тибқи шароитҳои фаъолияти касбии худ бояд доимо бо маълумоти дорои сирри давлатӣ сарукор дошта бошад, ба ӯ барои дар шароити маҳдудиятҳои низомӣ кор карданаш бояд ҷубронпулии дахлдор дода шавад, ки намуд, андоза ва тартиби додани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ 9. НАЗОРАТБАРӢ ВА НАЗОРАТИ
ТАЪМИНИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 50. Назоратбарии таъмини ҳифзи сирри давлатӣ
1. Ташкилотҳои фармоишгар ҳуқуқи назоратбарии ҳолати ҳифзи сирри давлатиро, ки вобаста ба иҷрои фармоишҳо ба пудратчиҳо вогузор шудаанд, доранд.
2. Роҳбарони ташкилотҳо ӯҳдадоранд, ки назоратбарии доимии таъмини ҳифзи сирри давлатиро амалӣ намоянд.
3. Мақомоти давлатие, ки ба онҳо ҳуқуқи ҳалли масъала оид ба пешниҳод кардани дастрасӣ ба маълумоти мушаххаси дорои сирри давлатӣ дода шудааст, ӯҳдадоранд ҳолати ҳифзи сирри давлатиро дар ташкилотҳое, ки корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ ё нигоҳдории ҳомилҳои чунин маълумотро амалӣ менамоянд, назоратбарӣ намоянд.
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ҳолати ҳифзи сирри давлатиро дар ҳамаи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо таҳти назоратбарӣ қарор диҳанд. Хулосаҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар санадҳои санҷишҳои расмӣ аз рӯи натиҷаҳои назоратбарии ҳолати ҳифзи сирри давлатӣ баён гардидаанд, барои шахсони мансабдор ҷиҳати иҷро ҳатмӣ мебошанд.
Моддаи 51. Назоратбарии ҳуҷҷатгузорӣ оид ба маълумоти дорои сирри давлатӣ
Назоратбарии дуруст додан ва тағйири мӯҳри махфият, мӯҳлати махфигардонии маълумоти дорои сирри давлатӣ, нигоҳдорӣ ва кор бо ҳуҷҷатҳои махфӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 52. Назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ
1. Назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатиро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуророни тобеи он ва прокуророни аз тарафи ӯ ваколатдоршуда амалӣ менамоянд.
2. Барои шахсоне, ки назорати прокурориро амалӣ менамоянд, дастрасӣ ба маълумоти дорои сирри давлатӣ мутобиқи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.
БОБИ 10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 53. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ дар доираи шартномаҳои басташуда, ки бо таҳия ва татбиқи чорабиниҳои манфиатноки мутақобила оид ба ҳифзи сирри давлатӣ, рушд ва нигаҳдории робитаҳои байниҳамдигарии муфид алоқаманданд, иштирок менамояд.
Модаи 54. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 55. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 «Дар бораи сирри давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №4, мод. 134; с. 2007, №7, мод. 655; с. 2011, №3, мод. 157) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 2, мод. 326; с. 2003, №12, мод. 694; с. 2007, №7, мод. 656; с. 2011, №3, мод. 158; №7-8, мод. 607) аз эътибор соқит дониста шаванд.
Моддаи 56. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014, № 1095
ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2002, №735 «Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №4, мод. 212; с. 2007, №6, мод. 477; с. 2011, №3, мод. 220) ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 октябри соли 2001, №418 «Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» ва мавриди амал қарор додани он» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4. қ. 2, мод. 328; с. 2003, №11, мод. 584; с. 2007, №6, мод. 488; с. 2011, №3, мод. 221; №7- 8, мод. 623) аз эътибор соқит дониста шаванд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 14 марти соли 2014 № 1446
ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 17 июли соли 2014, № 681
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.08.2014 №: 147-150 Мутолиа карданд: 1965