қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СИЛОҲ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013
«Дар бораи силоҳ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №3, мод. 182) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати сеюми банди 1) қисми 2 моддаи 6 ва қисми 5 моддаи 14 калимаҳои «Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
2. Ба сархати ҳафтуми банди 1) моддаи 9 пас аз калимаи «патронҳои» калимаи «ҷароҳатрасон,» илова карда шавад.
3. Ба моддаи 31 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Тартиби ҷуброни аз гардиш гирифтани силоҳи оташфишони бемили зарбаашон маҳдуд – таппончаҳо ва револверҳоро бо патронҳои ҷароҳатрасон, ки шаҳрвандон то манъ намудани гардиши онҳо бо Қонуни мазкур дар ихтиёри худ доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014, № 1105
ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 июни соли 2014, №1535
ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 17 июли соли 2014, №692
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.08.2014 №: 151-154 Мутолиа карданд: 1627