logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУДОФИА»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи мудофиа» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, №23-24, мод. 366; с. 1998, №23-24, мод. 353; с. 1999, №12, мод. 310; с. 2000, №11, мод. 537; мод. 549; с. 2003, №4, мод. 144; с. 2004, №2,  мод. 36; с. 2005, №3, мод. 119; №12, мод. 659; с. 2007, №5, мод. 357; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 804; с. 2013, №7, мод. 515) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми шашуми моддаи 1 калимаҳои «полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
2. Моддаи 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 5. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.».
3. Дар моддаи 7:
- дар қисми якум калимаи «Сафармондеҳи» ба калимаҳои «Сарфармондеҳи Олии» иваз карда шавад;
- дар сархати ҳаждаҳуми қисми дуюм калимаҳои «менамояд ва фармони инро ба тасдиқи» ба калимаҳои «намуда, фармонро барои тасдиқ ба» иваз карда шаванд.
4. Дар сархати якуми моддаи 13 калимаҳои «қонунҳои оиди мудофиа» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа» иваз карда шаванд.
5. Дар қисми якуми моддаи 18 калимаҳои «полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми сеюми моддаи 19 калимаи «бинанд» ба калимаи «андешанд» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014, № 1098

ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» қабул карда шавад.

Муовини якуми Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  А. МИРАЛИЕВ
ш. Душанбе, 9 апрели соли 2014 №1464

ҚАРОРИ
 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»-ро баррасӣ намуда,  қ а р о р    м е к у н а д:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»  ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                         М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 17 июли соли 2014 №684  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.08.2014    №: 151-154    Мутолиа карданд: 1746
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед