қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999 «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 296; с. 2004, № 7, мод. 451; с. 2007, № 5, мод. 352; с. 2008, № 10, мод. 797; с. 2012, № 8, мод. 811; Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2014, № 1065) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
Қисми дуюми моддаи 321 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Дар сурати ба даст овардани на кам аз 10 фоизи овозҳои интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии дахлдори дар овоздиҳӣ иштироккарда гарави интихоботӣ ба номзад баргардонида мешавад. Ҳангоми бекор кардани қарори пешбарии номзад аз тарафи ҳизби сиёсӣ ё пас гирифтани номзадӣ аз ҷониби номзад гарави интихоботӣ бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ мегузарад.».
Ба қисми нуҳуми моддаи 46 баъд аз калимаи «нусха» калимаҳои «бо қалами худкори рангӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014, № 1086
ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 24 апрели соли 2014, № 1469
ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 17 июли соли 2014, № 715
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.08.2014 №: 151-154 Мутолиа карданд: 1528