барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ
2 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари таркиш дар корхонаи саноатии шаҳри Куншани музофоти Сзянсуи қисмати шарқии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки боиси фавтидани даҳҳо нафар ва осеб дидани садҳо каси дигар гардидааст, моро басо андӯҳгин намуд.
Ҷаноби Олӣ, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасаллияти самимона ва ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва ҳамзамон таманниёти зуд шифо ёфтани ҳамаи зарардидагонро расонед».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.08.2014 №: 151-154 Мутолиа карданд: 1374