қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи адабиёти таълимӣ
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба таҳия ва нашри адабиёти таълимӣ ба танзим дароварда, кафолат ва талаботи давлатиро ба адабиёти таълимӣ муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- адабиёти таълимӣ – асарҳои хаттӣ ва чопӣ, ки ҳамчун воситаи таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагӣ интишор меёбанд;
- адабиёти таълимии асосӣ – нашрияҳои таълимие, ки нишони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва (ё) шӯроҳои илмию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро доранд;
- адабиёти таълимии иловагӣ – нашрияҳои таълимие, ки барои омӯзиши амиқи фанни мушаххас дорои маводи иловагӣ ба барномаи таълимӣ мебошанд;
- адабиёти таълимии электронӣ– маҷмӯи иттилооти графикӣ, матнӣ, рақамӣ, нутқӣ, мусиқавӣ, тасвириву бисёр-расонавӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ки дар шаклҳои гуногуни электронӣ мавҷуданд;
- захираи электронии (рақамии) таълимӣ – маводи таълимие, ки дар таҷҳизоти электронӣ ё компютер маҳфуз мебошанд;
- нашрияи таълимӣ – нашрияе, ки барои истифода дар раванди таълиму тарбия аз рӯйи барномаи таълимии мушаххас барои ноил шудан ба мақсади муайяни таълим нашр гардидааст;
- нишони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар адабиёти таълимӣ – нишоне, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба нашрияи таълимии ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ҷавобгӯ додааст;
- нишони шӯроҳои илмию методии муассисаҳои таълимӣ дар адабиёти таълимӣ – нишоне, ки шӯроҳои илмию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба нашрияи таълимии ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот дар соҳаҳои дахлдор ҷавобгӯ додаанд;
- экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ – арзёбии мутобиқати адабиёти таълимӣ ба стандартҳои давлатии таҳсилот, талаботи ба сатҳи омодагии хатмкунандагони зинаи дахлдори таҳсилот тасдиқгардида, дастовардҳои муосири илмӣ бо назардошти барномаи таълимӣ ва имконияти худомӯзӣ, инчунин талабот нисбат ба сохтор ва дастгоҳи усулии адабиёти таълимӣ мутобиқи хусусиятҳои синнусолӣ ва равонии таълимгирандагон;
- фармоишгари экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, нашриёт, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратию шаҳрвандони ташаббускори экспертиза;
- ҳадди ақали ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ – мазмуни ҷамъбастшудаи илму дониш, ки муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ уҳдадоранд ба таълимгирандагон пешниҳод намоянд;
- ҳадди ақали номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ – миқдори кофии номгӯйи адабиёти таълимӣ, ки барои азхудкунии ҳадди ақали ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилот дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ зарур мебошад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи адабиёти таълимӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи адабиёти таълимӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ ба дурнамо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф асос меёбад.
Моддаи 4. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ
Ба принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ мансубанд:
- мутобиқат ба раванди муттасили таълиму тарбия;
- пешниҳоди ҳадди ақали номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ ба cубъектҳои раванди таълиму тарбия;
- бо адабиёти таълимӣ таъмин кардани таълимгирандагони ятиму бепарастор, кӯдакони имконияташон маҳдуд, маъюбон ва дигар шахсони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- кафолати дастрасии озоди адабиёти таълимии фондҳои китобхонаҳои муассисаҳои таълимии давлатӣ ва дигар китобхонаҳои дастраси умум;
- бо озмун таъмин намудани интихоби таҳия, нашр ва нашри такрории адабиёти таълимӣ дар доираи ҳадди ақали номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ;
- мутобиқати адабиёти таълимии нашршаванда ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф;
- риояи муттасилӣ ва инноватсионӣ дар масъалаҳои таҳия, нашр ва нашри такрории адабиёти таълимӣ;
- таъмини нашри теъдоди зарурии ҳадди ақали ном-гӯйи давлатии адабиёти таълимӣ мутобиқ ба шумораи таълимгирандагон ва дурнамои афзоиши онҳо;
- кафолати пардохти ҳаққи хизмат барои таҳия, мураттибӣ, тақриз, тарҷума, нашр ва нашри такрории адабиёти таълимӣ.
Моддаи 5. Кафолати давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ
Дар соҳаи адабиёти таълимӣ давлат инҳоро кафолат медиҳад:
- ҳуқуқи муаллифон ба иштироки баробар дар озмунҳои таҳия, нашр ва нашри такрории адабиёти таълимӣ, аз ҷумла дар доираи ҳадди ақалли номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ;
- нашр ва хариди адабиёти таълимӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- баргузории озмунҳои кушод барои таҳия, нашр ва таъмин бо адабиёти таълимӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ;
- ҳифзи истифодабарандагон аз адабиёти таълимии бесифат тавассути қабули стандартҳои давлатӣ барои нашрияҳои таълимӣ ва экспертизаи ҳатмии онҳо.
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ СОҲАИ
АДАБИЁТИ ТАЪЛИМӢ
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёти таълимӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёти таълимӣ чунин салоҳият дорад:
- дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ хароҷотро барои таҳия, нашр, экспертиза ва дастрас намудани адабиёти таълимӣ тасдиқ мекунад;
- меъёри таъмини субъектҳои раванди таълиму тарбияро бо адабиёти таълимӣ тасдиқ мекунад;
- ҳадди ақали номгӯйи давлатии адабиёти таълимиро тасдиқ менамояд;
- бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф теъдоди умумии адабиёти таълимиро тасдиқ карда, номгӯйи онро ба рӯйхати таъминоти мол барои эҳтиёҷоти давлатӣ дохил менамояд;
- низомномаи намунавиро оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ тасдиқ менамояд;
- барномаҳои давлатӣ ва байналмилалиро оид ба нашри адабиёти таълимӣ тасдиқ менамояд;
- дигар салоҳиятҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф вобаста ба соҳаи адабиёти таълимӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф вобаста ба соҳаи адабиёти таълимӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- сиёсати давлатиро дар соҳаи адабиёти таълимӣ амалӣ мегардонад;
- низомномаи намунавиро оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод менамояд;
- барномаҳои давлатӣ ва байналмилалиро оид ба нашри адабиёти таълимӣ амалӣ мегардонад;
- дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ номгӯйи ихтисосҳои афзалиятнокро, ки мутобиқи он нашри адабиёти таълимӣ амалӣ карда мешавад, тасдиқ менамояд;
- барои нашри адабиёти таълимӣ озмунҳо доир намуда, баҳри бо адабиёти таълимӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок менамояд;
- натиҷаҳои тасдиқгардидаи озмунҳоро оид ба таҳия ва нашри адабиёти таълимӣ тибқи талаботи муқарраргардида дар воситаҳои ахбори омма интишор менамояд;
- қоидаҳо, меъёрҳо, тавсияҳо ва таклифҳоро оид ба таъмини соҳаи маориф бо адабиёти таълимӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ мекунад;
- дастрасии адабиёти таълимиро барои субъектҳои раванди таълиму тарбия мутобиқи Қонуни мазкур таъмин менамояд;
- мутобиқи талаботи низоми таълими кредитӣ ва таҳсилоти фосилавӣ усули дастрасии адабиёти таълимиро муайян менамояд;
- адабиёти таълимии нашргардидаро бо мақсади таъмини дастрасии озоди шаҳрвандон дар сомонаи интернетӣ ҷойгир мекунад;
- дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ хароҷотро барои таҳия, экспертиза, нашр ва дастрасии адабиёти таълимӣ таҳия менамояд;
- талаботи ягонаро оид ба таъминот бо адабиёти таълимӣ таҳия ва тасдиқ намуда, ҳангоми иҷозатномадиҳӣ ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ иҷрои онҳоро назорат мекунад;
- нишондиҳандаи ҳадди ақали номгӯйи давлатии адабиёти таълимиро ба сифати яке аз меъёрҳо ҳангоми иҷозатномадиҳӣ ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ истифода мебарад;
- такмили ихтисоси муаллифони адабиёти таълимиро ташкил менамояд;
- номгӯйи давлатии адабиёти таълимиро тасдиқ мекунад;
- як моҳ пеш аз оғози соли молиявӣ дар воситаҳои ахбори омма номгӯйи давлатии адабиёти таълимиро, ки соли оянда нашр мешавад, интишор менамояд;
- фармоишгари давлатӣ барои нашри китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимии ба номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ дохилшуда мебошад;
- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардонад.
Моддаи 8. Ваколатҳои вазорату идораҳо, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ доранд, дар соҳаи адабиёти таълимӣ
Вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ доранд, дар соҳаи адабиёти таълимӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- барои муассисаҳои таълимии сохтории худ адабиёти таълимии асосиро таҳия карда, онро бо тартиби муқарраршуда барои тасдиқ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф пешниҳод менамоянд;
- маблағгузории муассисаҳои таълимии сохтории худро барои нашр, нашри такрорӣ ва дастрасии адабиёти таълимии асосӣ ва иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои худ таъмин менамоянд;
- барои соҳаҳои дахлдор фармоишгари экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ мебошанд;
- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардонанд.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- дар доираи имкониятҳои худ муассисаҳои таълимиро бо адабиёти таълимӣ таъмин мекунанд;
- ба таълимгирандагони ятиму бепарастор, кӯдакони имконияташон маҳдуд, маъюбон ва дигар шахсони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани онҳо бо адабиёти таълимӣ имтиёзҳои иловагӣ муқаррар менамоянд;
- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардонанд.
Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф дар соҳаи адабиёти таълимӣ
Мақомоти маҳаллии идоракунии маориф дар соҳаи адабиёти таълимӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- таъминот бо адабиёти таълимӣ ва дастрасии онро дар муассисаҳои таълимии мақоми маҳаллидошта, новобаста ба шакли ташкиливу ҳуқуқӣ, аз нуқтаи назари гурӯҳҳои таълимгирандагон ва забони таълим таҳлил мекунанд ва ба ҳисоб мегиранд;
- тартиби аз нав тақсим кардани адабиёти таълимии нашршударо дар байни муассисаҳои таълимӣ муқаррар менамоянд;
- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардонанд.
Моддаи 11. Вазифаҳои муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ
Муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ вазифадоранд:
- таълимгирандагонро тавассути идораи самараноки захираҳои молиявӣ ва моддиву техникии муассисаи таълимӣ тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот бо адабиёти таълимӣ таъмин намоянд;
- усулҳои инноватсионии таъмини таълимгирандагонро бо адабиёти таълимӣ ҷорӣ намоянд;
- раванди таълимро дар низоми таълими кредитӣ ва таҳсилоти фосилавӣ бо захираи электронии (рақамии) таълимӣ таъмин намоянд;
- ба таълимгирандагони ятиму бепарастор, кӯдакони имконияташон маҳдуд, маъюбон ва дигар шахсони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои иловагии дастрасӣ ба адабиёти таълимиро бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф пешниҳод намоянд;
- ба мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар дастрас намудани адабиёти таълимӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия мусоидат кунанд;
- ҳамчун фармоишгари экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ амал намоянд;
- дигар вазифаҳоеро, ки оинномаҳо ё санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамоянд.
БОБИ 3. ЭКСПЕРТИЗАИ СИФАТИ АДАБИЁТИ ТАЪЛИМӢ
Моддаи 12. Таъмини сифати адабиёти таълимии нашршаванда
1. Сифати адабиёти таълимии нашршаванда тавассути экспертизаи он таъмин мегардад.
2. Тартиби гузаронидани экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 13. Намуд, мақсад ва субъектҳои экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ
1. Экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ метавонад касбӣ ва ҷамъиятӣ бошад.
2. Мақсади экспертизаи касбии сифати адабиёти таълимӣ арзёбии адабиёти таълимӣ аз ҷиҳати мутобиқати мазмуни он ба илми муосир, стандартҳои давлатии таҳсилот, ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ, хусусиятҳои синнусолӣ ва равонии таълимгирандагон мебошад.
3. Тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи касбии сифати адабиёти таълимӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян карда мешавад.
4. Мақсади экспертизаи ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ арзёбии адабиёти таълимӣ аз нуқтаи назари талаботи истифодабарандагон ва ба маълумоти сохторҳои масъули нашри адабиёти таълимӣ расонидани натиҷаҳои он мебошад.
5. Экспертизаи ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ механизми иловагие мебошад, ки ҳангоми қабули қарор оид ба нашр ё нашри такрории адабиёти таълимӣ дараҷаи амиқи воқеиятро таъмин мекунад. Тартиби гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии сифати адабиёти таълимиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
6. Субъектҳои экспертизаи касбӣ ва ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ метавонанд фармоишгарон, коршиносони мустақил, ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таълимӣ, ҳамчунин субъектҳои раванди таълиму тарбия бошанд.
7. Робитаи мутақобилаи экспертизаи касбӣ ва ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ ба воситаи ҷойгиркунии иттилоот оид ба раванди ҷории экспертизаи адабиёти таълимӣ ва татбиқи таҷрибавии он дар муассисаҳои таълимӣ дар сомонаи интернетии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ таъмин мегардад.
Моддаи 14. Меъёрҳои экспертизаи касбӣ ва ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ
1. Экспертизаи касбии сифати нашрияҳои таълимие, ки дар раванди таълим ба сифати адабиёти таълимии асосӣ истифода бурда мешаванд, дар асоси меъёрҳои зерин гузаронида мешавад:
- мутобиқат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бар-номаҳои давлатии рушди соҳаи маориф;
- мутобиқат ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот;
- мутобиқат ба ҳадди ақали ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ;
- риояи қоидаҳои имло;
- арзиши ғоявӣ доштан;
- сохтори комил доштан;
- фаҳмову даркшаванда будан;
- мутобиқат ба талаботи усули баёни маводи таълимӣ;
- мавҷудияти робитаи мутақобила бо фанҳои дигари таъ-лимӣ;
- мутобиқат ба хусусиятҳои синнусолӣ ва равонии таъ-лимгирандагон;
- имконпазирии инъикоси масъалаҳои баробарии гендерӣ;
- санҷиши натиҷаҳои таҷрибавӣ дар муассисаҳои таълимӣ.
2. Меъёрҳои иловагии экспертизаи касбии сифати адабиёти таълимӣ аз ҷониби фармоишгар ва (ё) шахси барои чунин экспертиза манфиатдор пешниҳод карда мешаванд.
3. Ҳангоми экспертизаи касбии сифати адабиёти таълимии электронӣ меъёрҳои зерин низ ба назар гирифта мешаванд:
- иҷрошаванда будани ҳамаи ҷузъиёти барномаҳои компютерӣ, гузариш аз як барнома ба барномаи дигар, иқтибосҳо ва дигар амалҳое, ки барномаи компютерӣ пешбинӣ намудааст;
- бенуқсон кор кардани барномаи компютерӣ;
- амалӣ шудан дар ҳама навъи таҷҳизоти электронӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои адабиёти таълимии электронӣ пешбинӣ шудаанд;
- мураттабӣ ва сохтори муназзами маводи таълимӣ;
- имкониятҳои мустақилона кор кардани таълимгиранда.
4. Бо мақсади экспертизаи касбии сифати навъҳои дигари нашрияҳои таълимӣ, ки ба сифати адабиёти таълимӣ тавсия дода мешаванд, меъёру усулҳои иловагии аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва (ё) шӯроҳои илмию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тасдиқгардида истифода бурда мешаванд.
5. Экспертизаи ҷамъиятии сифати нашрияи таълимӣ ба меъёрҳои зерин асос меёбад:
- сатҳи мутобиқат ба барномаҳои таълимӣ;
- имконияти худомӯзӣ;
- сатҳи робита бо захираҳои иттилоотӣ дар шабакаи интернет;
- сифати маҳсулоти чопӣ.
6. Меъёрҳои иловагӣ ва усулҳои экспертизаи ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ аз ҷониби фармоишгар ва (ё) шахси барои чунин экспертиза манфиатдор пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 15. Тасдиқи сифати адабиёти таълимие, ки барои истифода дар раванди таълиму тарбия тавсия карда мешавад
1. Сифати адабиёти таълимие, ки барои истифода дар раванди таълиму тарбия тавсия карда мешавад, бо додани нишони мутобиқат ба стандартҳои давлатии таҳсилот аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва (ё) шӯроҳои илмию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тасдиқ карда мешавад.
2. Адабиёти таълимӣ дорои нишони мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ ва фаннии таҳсилот мебошад, яъне:
- нишони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва (ё) шӯроҳои илмию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба адабиёти таълимӣ, ки дар саҳифаи аввали он ҷойгир карда мешавад, тағйирнопазир аст;
- нишони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва (ё) шӯроҳои илмию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба адабиёти таълимии электронӣ, ки дар зери маълумоти сарлавҳагӣ ҷойгир карда мешавад, тағйирнопазир аст;
- нишон аз мақоми нашрияи таълимӣ, мазмуну мундариҷа ва мутобиқати он ба барномаи таълимии зинаи таҳсилот дарак дода, инчунин вобаста ба барномаҳои таълимӣ, намуди муассисаи таълимӣ, таълими кредитӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, гурӯҳҳои таълимгирандагон ва забони таълими истифодабарандагони адабиёти таьлимиро муайян намояд;
- нишон мутобиқи қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва (ё) шӯроҳои илмию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар асоси хулосаи экспертиза дода мешавад;
- қарор оид ба додани нишон дар мӯҳлати амалишавии стандартҳои дахлдори давлатии таҳсилот эътибор дорад.
3. Ба номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ нашрияҳое дохил мешаванд, ки аз экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ гузаштаанд ва ба он нишони дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф гузошта шудааст.
Моддаи 16. Сарчашмаҳои маблағгузории таҳия, нашр ва экспертизаи адабиёти таълимӣ
1. Таҳия, нашр ва экспертизаи адабиёти таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ (буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ), маблағҳои махсус, муассисони муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ мешаванд.
2. Маблағгузории таҳия ва нашри адабиёти таълимӣ, ки барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф ва барномаҳои нашри адабиёти таълимӣ пешбинӣ намудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
3. Маблағгузории таҳия ва нашри адабиёте, ки ба номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ шомил буда, мутобиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ барои ба давлатҳои дигар дастрас намудан пешбинӣ шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
4. Маблағгузории фаъолият оид ба додани нишони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба адабиёти таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои дархосткунанда, инчунин дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор амалӣ мегардад.
БОБИ 4. ТАЪМИНИ ДАСТРАСИИ АДАБИЁТИ ТАЪЛИМӢ БА СУБЪЕКТҲОИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ
Моддаи 17. Таъмини дастрасии адабиёти таълимӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дар зинаҳои таҳси-лоти умумӣ
1. Ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ дастрасии ҳадди ақали номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ барои соли таҳсили дахлдор тибқи меъёрҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
2. Адабиёте, ки ба номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ шомил аст, моликияти давлат буда, муқовааш дорои навиштаҷоти «Моликияти давлат» мебошад ва тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба фонди китобхонаи муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ барои идоракунии оперативӣ супорида мешавад.
3. Дастрасии ҳадди ақали номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ бо тартиби дар оинномаи муассисаи таълимӣ, шартномаи байни муассисаи таълимӣ ва субъектҳои раванди таълиму тарбия, шартномаи байни муассисаи таълимӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф пешбинигардида мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
4. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таъмин гардидани дастрасии адабиёти таълимӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ҳар сол баҳисобгирии фонди китобхонаи муассисаи таълимӣ гузаронида мешавад.
Моддаи 18. Таъмини дастрасии адабиёти таълимӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дар зинаҳои таҳсилоти касбӣ
1. Дастрасии ҳадди ақали номгӯйи давлатии адабиёти таълимиро ба таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ муассисони ин муассисаҳои таълимӣ мутобиқи стандарти давлатии таҳсилот таъмин менамоянд.
2. Дар муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ташкили раванди таълиму тарбия бе таъмин кардани фонди китобхона бо миқдори зарурии ҳадди ақали номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ мутобиқи стандарти давлатии таҳсилот барои ҳар як сол иҷозат дода намешавад.
3. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таъмин гардидани дастрасии адабиёти таълимӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар ду сол як маротиба баҳисобгирии фонди китобхонаи муассисаи таълимӣ гузаронида мешавад.
Моддаи 19. Истифодаи маблағҳои махсус дар муассисаҳои таълимии давлатӣ барои хариди адабиёти таълимӣ
1. Муассисаи таълимии давлатӣ ҳуқуқ дорад маблағҳои махсуси худро барои хариди адабиёти таълимӣ истифода барад ва фонди адабиёти таълимӣ ташкил кунад.
2. Тартиби истифодаи маблағҳои махсус барои хариди адабиёти таълимӣ ва ташкили фонди адабиёти таълимӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян карда мешавад.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014, № 1122
ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 24 апрели соли 2014, № 1473
ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 17 июли соли 2014, № 709
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.08.2014 №: 155-156 Мутолиа карданд: 1928