қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МОНИТОРИНГИ ЭКОЛОГӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 «Дар бораи мониторинги экологӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод. 174) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддима калимаи «ташкилотҳои» ба калимаи «иттиҳодияҳои» иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 1:
- сархати шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- истифодабарандагони табиат – шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолиятро мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар пешбурди он захираҳои табииро истифода мебаранд ва (ё) бо амалисозии он ба муҳити зист таъсир мерасонанд;»;
- дар сархати ҳафтум калимаи «талабот» ба калимаи «талаботи» иваз карда шавад;
- сархати ёздаҳум хориҷ карда шавад.
3. Дар қисми 2 моддаи 4:
- дар сархати якум калимаи «мақомоти» ба калимаи «мақоми» иваз карда шавад;
- сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;».
4. Дар сархати шашуми моддаи 5 калимаи «давлатии» ба калимаҳои «давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти» иваз карда шавад.
5. Қисми 2 моддаи 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«2. Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми давлатие, ки онро амалӣ менамояд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.».
6. Дар сархати шашуми моддаи 8 калимаҳои «минтақаҳои» ба калимаҳои «ҳудудҳои дорои мақоми» иваз карда шаванд.
7. Сархати панҷуми моддаи 9 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- тартиби муттаҳидсозии захираҳои иттилоотии субъектҳои мониторинги экологиро дар Системаи ягонаи давлатии мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодабарии онҳоро муайян менамояд;».
8. Дар қисми 2 моддаи 10:
- дар матни қисм калимаҳои «фаъолият ва ваколати» ба калимаи «ваколатҳои» иваз карда шаванд;
- аз сархати якум калимаҳои «дар доираи дастурамали ин мақомот» хориҷ карда шаванд.
9. Дар моддаи 11:
- дар ном ва қисмҳои 2-5 калимаҳои «ташкилотҳои» ва «Ташкилотҳои» мувофиқан ба калимаҳои «иттиҳодияҳои» ва «Иттиҳодияҳои» иваз карда шаванд;
- дар қисми 1 калимаҳои «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба калимаҳои «Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон» иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 12:
- дар қисми 1:
- аз сархати якум калимаҳои «аз ҳисоби маблағи худ» хориҷ карда шаванд;
- дар сархати дуюм пеш аз калимаи «заминаи» калимаи «ташкили» илова карда, калимаи «барпо» ба калимаи «таъмин» иваз карда шавад;
- қисми 3 хориҷ карда шавад.
11. Дар қисми 1 моддаи 13 калимаи «фалокати» ба калимаҳои «ҳолати хатарноки» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014, № 1120
ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 14 марти соли 2014, № 1448
ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 17 июли соли 2014, № 707
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.08.2014 №: 155-156 Мутолиа карданд: 1452