қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии тоҷикистон»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №6, мод.435) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 1 моддаи 6 сархати нӯҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«-ташкили шароити мусоид барои ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ;».
2. Дар сархати чоруми банди 1) қисми 1 моддаи 21 калимаи «дигари» ба калимаҳои «дигар дар» иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 36:
- аз қисми 1 рақами «1.» ва калимаҳои «ва дигар қонунҳо» хориҷ карда шаванд;
- қисмҳои 2 ва 3 хориҷ карда шаванд.
4. Моддаи 37 хориҷ карда шавад.
5. Ба қисми 3 моддаи 48 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- барои халалдор сохтани манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014, № 1113
ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 июни соли 2014, № 1547
ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 17 июли соли 2014, № 700
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.08.2014 №: 155-156 Мутолиа карданд: 1554