қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»
Моддаи 1. Ба моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №5, мод.348; с.2005, №3, мод.120; с.2006, №7, мод. 343; с.2007, №6, мод.433; с.2008, №1, қ.2, мод.14; №6, мод.457; №10 мод.816; с.2009, №3, мод.78; №5, мод.326; №9-10, мод.544; с.2010, №12, қ.1, мод.821; с.2012, №12, қ.1, мод. 1005; с.2013, №3, мод.193; №11, мод.787) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои имзои электронии рақамӣ, ба қайд гирифтани соҳибони имзоҳои электронии рақамӣ, хизматрасонӣ вобаста ба истифодаи имзоҳои электронии рақамӣ ва тасдиқ кардани ҳаққонияти имзоҳои электронии рақамӣ;»;
- дар сархати дуюм калимаҳои «махфӣ қабул намудани маълумот» ба калимаҳои «ғайриошкоро ба даст овардани иттилоот» иваз карда шаванд;
- аз сархати сеюм калимаҳои «намудҳои маълуми» хориҷ карда шаванд;
- дар сархатҳои сеюм ва чорум калимаҳои «маълумоти махфӣ» ба калимаҳои «иттилооти махфиёна» иваз карда шаванд;
- дар сархати панҷум калимаҳои «ба даст овардани иттилооти махфӣ истифода бурда мешаванд,» ба калимаҳои «ғайриошкоро ба даст овардани иттилоот пешбинӣ шудаанд,» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014, № 1110
ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ
ба баъзе намудҳои фаъолият»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 19 марти соли 2014, № 1455
ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 17 июли соли 2014, № 696
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.08.2014 №: 155-156 Мутолиа карданд: 1649