барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ
4 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Раис,
Хабари заминларза дар як қатор ноҳияҳои музофотҳои Юннани қисмати Ҷанубу Ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки боиси ҳалокати садҳо нафар ва харобиҳои зиёд гардидааст, мардуми Тоҷикистонро бисёр андуҳгин намуд.
Ҷаноби Олӣ, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасаллиёти самимии моро ба халқи дӯсти Чин, ба наздикон ва пайвандони фавтидагон ва инчунин эҳсоси амиқи ҳамдардии моро ба зарардидагон бирасонед».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.08.2014 №: 155-156 Мутолиа карданд: 1366