муҳоҷират
САФАРИ РАДДИ МАРЗШУДАҲО БА ТАНЗИМ ДАРОМАД
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар ҳамкорӣ бо ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» сафари муҳоҷирони радди марзшударо ба низом даровард. Аз ин ба баъд шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати корӣ мераванду аз хориҷ шудани худ иттилоъ надоранд, дар фурудгоҳ огоҳонда мешаванд.
Дар нахустин роҳандозии иқдоми мазкур шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ҳангоми санҷиш аз сафари 3245 нафари дар рӯйхати мамнуъшудагон қарордошта, пешгирӣ кард. Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, зимни вохӯрӣ бо Константин Ромодановский, Раиси Хадамоти Федеролии муҳоҷирати ин кишвар, аз вазъи депортшавии шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, теъдоди радди марзшудаҳоро аз 200 ҳазор зиёд хонда буд.
- Мо зарурати андешидани тадбир оид ба тақвияти масъулият дар соҳаи муҳоҷиратро дарк мекунем. Аммо, мутаассифона, мавриди иҷро қарор гирифтани ин тадбир на ҳамеша бидуни камбуд аст. Бештари танбеҳ ё ҷазоҳо дар шакли ихроҷи шаҳрвандон амалӣ мешавад. Барои мисол, дар бозгашт тавассути нуқтаи назоратии вуруду хуруҷи донишҷӯён, бахусус дипломнависон, аълохонҳое, ки барои гузарондани таътили худ ба шаҳри Душанбе омадаанд, ин амал мушоҳида шудааст. Онҳо ба кадом ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст задаанд, маълум нест. Дар соли гузашта 3215 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути нуқтаҳои назоративу гузаргоҳӣ ба ватан баргашт. Акнун дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон қабл аз сафарашон ба Русия номи онҳо бо афроде, ки тибқи маълумоти Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия, ҳуқуқи ба ин кишвар сафар карданро надоранд, муқоиса карда мешавад. Дар рӯйхате, ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мунташир кардааст, беш аз 70 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудааст. Аммо тибқи маълумоти Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия, дар Хазинаи ягонаи маълумотдиҳӣ, чунин шахсоне, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст задаанд ва дар натиҷа аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ному насаби 400 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон оварда шудааст. Ҳангоми мавҷуд будани чунин шумораи зиёд мувофиқ омадани маълумоти анкетавии чанд нафар бо ҳамдигар, махсусан ҳангоми ба назар гирифтани анъанаи гузоштани ному насаб дар кишвари мо, аз эҳтимол дур нест. Ҳатто шахсоне, ки ягон камбудӣ ё қонуншиканӣ надоранд ва ё аввалин бор ба Русия сафар мекунанд, номи худро бо рӯйхати Хадамоти Федеролии муҳоҷирати ин кишвар муқоиса мекунанд, - иброз дошта буд Шукурҷон Зуҳуров.
Шаҳбоз Раҷабов, сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷират, мегӯяд, шаҳрвандони кишвар бояд пеш аз сафар ба Федератсияи Русия барои гирифтани маслиҳатҳои муфид ба бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии хадамот муроҷиат намоянд. Ба онҳо ройгон 13 намуди буклети гуногун оид ба қонунгузории муҳоҷиратии Русия ва маслиҳатҳои муфид аз тарафи кормандони Хадамоти муҳоҷират дода мешавад.
Ба гуфтаи Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират, муроҷиати шаҳрвандон ба ин ниҳод асосан оид ба санҷиши радди марз кардан иҷозаи кор ва патент дар Русия, вакансияҳои ҷойҳои кори холӣ дар хориҷа, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷирати Русия, пардохти музди меҳнат, бедарак гаштани хешовандону наздикон ва овардани онҳо ба Ватан сурат мегирад. Ғайр аз ин, аз тариқи телефони боварӣ аз тарафи кормандони бахш маслиҳату машварат дода мешавад. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 460560 нафар ба хориҷа сафар намуд, ки аз ин 371587 нафарашро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд.
Бино ба иттилои Шаҳбоз Раҷабов, яке аз самтҳои фаъолияти Хадамот қабул ва роҳнамоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мебошад. Хадамоти муҳоҷират дар назди худ мақсад гузоштааст, ки корҳои иттилоотию равшангариро дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ҷоннок намояд. Бо ин мақсад пайваста дар байни аҳолӣ корҳои равшангарӣ ва иттилоърасонӣ аз тарафи кормандони Хадамоти муҳоҷират ба роҳ монда шудааст. Муроҷиати шаҳрвандони кишвар ба бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ бо се тарз сурат мегирад: шифоҳӣ, хаттӣ ва телефони боварӣ. Агар дар шаш моҳи соли 2013 ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 2202 нафар бо дархост муроҷиат карда бошад, пас дар шаш моҳи соли ҷорӣ шумораи муроҷиаткунандагон афзоиш ёфта, 39575 нафарро ташкил медиҳад.
Акнун бо роҳандозии низоми нави иттилоотӣ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз депорт шудани худ иттилоъ надоранд ё баъди радди марз шудан бо усулҳои дигар шиноснома гирифтаанду мехоҳанд дубора ба Русия раванд, аз фурудгоҳ баргардонда мешаванд.
Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.08.2014 №: 158 Мутолиа карданд: 29672