барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ
11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари суқути ҳавопаймо дар наздикиҳои фурудгоҳи Меҳрободи шаҳри Теҳрон, ки боиси ҳалокати даҳҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон гардид, моро сахт андуҳгин намуд.
Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба мардуми дӯст ва бародари Эрон аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикони фавтидагон бирасонанд.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.08.2014 №: 160 Мутолиа карданд: 1337