барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ
12 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хушҳолам Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Туркия самимона табрику таҳният намоям.
Итминон дорам, ки дар ин маснади олӣ Шумо чун кафили сулҳу субот ва инкишофи иқтисодии кишвари худ фаъолона амал хоҳед кард.
Мо аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи байни кишварҳоямон қаноатманд буда, онро баланд арзёбӣ мекунем.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб мехостам омодагии Тоҷикистонро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳамаи арсаҳо таъкид созам.
Бо ибрози беҳтарин орзую таманниёт, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳҳатии комил, дар кори амалӣ намудани вазифаи пурмасъулияти наватон муваффақиятҳо, ба кишвари дӯсти Туркия пешрафт ва шукуфоӣ, ва ба мардуми он саодату комгорӣ хоҳонам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.08.2014 №: 160 Мутолиа карданд: 1496