барқияҳо
Барқияи шодбош ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе
15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Хонуми Олиҷоҳ,
Барои ман мояи сарфарозист, то табрику таҳнияти самимии хеш ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати фаро расидани ҷашни миллии кишваратон ба Шумо ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея тақдим намоям.
Тоҷикистон ба рушду таҳкими ҳарчи бештари муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвар манфиатдор буда, дар ин самт тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифода қарор хоҳад дод.
Итминони комил дорам, ки раванди ҳамкории созанда ва мутақобилан судманди ду кишвар боз ҳам густариш хоҳад ёфт.
Дар ин рӯзи саид ба Хонуми Олиҷоҳ сиҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Корея саодат ва комгорӣ таманно дорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.08.2014 №: 163 Мутолиа карданд: 1508