барқияҳо
Барқияи шодбош ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ
15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Сарфарозам, то Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Ҳиндустонро бо ҷашни миллӣ – солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ҳиндустон табрик ва таҳният намоям.
Комёбиҳои назарраси кишвари Шумо дар таъмини рушди босуръати иқтисодӣ боиси хурсандии дӯстони самимии Ҳиндустон ҳастанд ва Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба робитаҳои мустаҳкаму муассир бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки бо он моро равобиту тамосҳои таърихӣ мепайванданд, манфиатдор аст.
Ҳиндустон дӯсти боэътимод ва шарики муҳими мо дар минтақа мебошад, ки бо он муносиботи гуногунҷанбаи мутақобилан судманд дорем. Мо ба сатҳи ин муносибатҳо баҳои баланд дода, ба рушду густариши минбаъдаи онҳо ҳавасманд ҳастем.
Итминони комил дорам, ки дар оянда низ бо саъю талоши муштарак метавонем пайваста инкишофи равобити ҳасанаи ду кишвари дӯстро таъмин намоем, ки он бидуни шак, ба нафъи халқҳо ва кишварҳои мо, амният, субот ва пешрафти умумии минтақа мебошад.
Ба ҷаноби Президент муваффақият ва пирӯзиҳои нав ба нав, ба мардуми дӯсти Ҳиндустон пешрафту шукуфоӣ орзумандам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.08.2014 №: 163 Мутолиа карданд: 1451