logo

энергетика

«РОҒУН» ҲАҶМИ ОБРО КАМ НАМЕКУНАД

Дар Маркази равобити «Пойтахт» муаррифии ҳисоботи «Баҳогузории таъсири экологӣ ва иҷтимоии лоиҳаи пешниҳодшудаи НБО-и Роғун барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Душанбе» баргузор шуд. Мушовири ширкати «Пойри Энерҷӣ Лтд» Роберт Звахлен дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои таҳқиқи лоиҳаи пешниҳодшудаи НБО-и Роғун аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маълумот дод.

Роберт Звахлен дар бораи ҳадафҳои лоиҳаи НБО-и Роғун сухан ронда, хотиррасон намуд, ки Бонки ҷаҳонӣ  ҳоҳиши кишварҳои Осиёи Марказӣ ва  Тоҷикистонро дар бобати гузаронидани ду тадқиқот оид ба баҳодиҳии қобили қабул будани НБО-и Роғун дастгирӣ намуд. Тадқиқотчиён ҷанбаҳои техникӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-экологии лоиҳаро дар асоси меъёрҳои байналхалқӣ ва таҷрибаҳои ҷаҳонӣ дар асоси алтернативаҳои тавсияшаванда бо сатҳҳои танбашавии муътадили НБО-и Роғун дар баландии 1290 метр аз сатҳи баҳр ва иқтидори муайяншудаи 3200 МВт,   НБО-и Роғун 1255 метр ва НБО-и Роғун 1220 метр аз сатҳи баҳр  ҳаматарафа омӯхтанд. Тадқиқот собит намуд, ки сохтмон ва истифодаи НБО-и Роғун ҳаҷми меъёри обро барои давлатҳои поёноб кам намекунад, баръакс муҳлати истифодаи НБО-и Норак ва силсиланеругоҳҳои Вахшро хеле дароз менамояд.
Мушовир Роберт Звахлен дар асоси таҳлили баҳогузории таъсири иҷтимоӣ - экологӣ ва техникӣ - иқтисодии лоиҳаи пешниҳодшуда тавсияи Бонки ҷаҳониро дар бобати қобили қабул будани варианти «НБО-и Роғун 1290 метр аз сатҳи баҳр» тасдиқ намуд. «Мо фақат тавсия додем. Қарори идома додан ё надодани сохтмони НБО-и Роғун дар ихтиёри Ҳукумати Тоҷикистон аст», - ба пурсишҳои ҳозирон посух дода, таъкид кард  мушовири ширкати «Пойри Энерҷӣ Лтд».

Э. НАЗАРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2014    №: 164    Мутолиа карданд: 12252
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед