маориф
ВОРИСОНИ САЗОВОР ТАРБИЯ НАМОЕМ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони аввали соҳибистиқлолӣ, тағйирёбии ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ барои ақидаву афкори иҷтимоӣ дар мақолаи худ “Роҳи раҳоӣ аз буҳрони азими ҳамагонӣ” 19 марти соли 1993 таъкид намуд, ки “Мо ба илму маорифу фарҳанги ҳозиразамон, ки мояи ифтихори халқ бошаду мардум аз самараҳои онҳо бархӯрдор буда тавонад, сахт эҳтиёҷ дорем. Ба мо муҳандисону бинокорон, пилотҳою коргарон, муаллимону пахтакорон чун обу ҳаво заруранд. Майдони фаъолият ба ҳамаи онҳо мерасад. Барои ҳамин ҳам нашояд, ки кори имрӯзаро ба фардо вогузорем, мабодо дер намонем, бебозгашт аз қатор наафтем”. (Эмомалӣ Раҳмон, Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат., ҷилди 1, “Ирфон”, 2002, саҳ. 33).
Ва аз оғози истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон карда, бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин беҳбудии шароити ҳамаи муассисаҳои таълимии мамлакат доир ба афзун гардонидани маблағгузорӣ ва таъмиру тармим, азнавсозӣ ва барқарорсозии биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои ин муассисаҳо тадбирҳои зиёдро амалӣ карда истодааст.
Ин аст, ки бо маблағгузории Ҳукумати кишвар литсей - интернатҳои президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе (20.02.1998), Турсунзода (11.07.2008), Чкалов (27.06.2009), Бохтар (10.08.2011), Хоруғ (16.08.2011), Данғара (25.09.2012), Кӯлоб (28.10.2013) аз ҷониби Президенти мамлакат ба истифода дода шуд ва хонандагон дар рӯҳияи муҳаббат ба илму дониш соҳиби таълиму тарбия гашта истодаанд.
Бо дарназардошти талаботи муосир ва тамоми таҷҳизоту технологияҳои зарурии ҳозиразамон барои хонандагони болаёқат мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе (01.09.2012), бинои таълимӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ барои зиёда аз 3000 донишҷӯ бо 22 адад озмоишгоҳҳои техникӣ (01.09.2013) ва кӯдакистони президентӣ дар масоҳати се гектар дар шаҳри Хуҷанд (17.09.2013) ба истифода дода шуд, то ки насли ояндасоз одобу ҳунар ва фарҳангро мероси худ гардонанд.
Инчунин, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумат сохтмони бинои марказии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (25.11.2008), бинои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов (01.07.2010), биноҳои муҳташами факултаҳои физика, математика, геология ва биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (01.09.2010), ифтитоҳи толори нави консертӣ ва сози мусиқии арғунуни Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода (26.06.2011), бинои иловагии таълимии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (25.09.2013) ва дигар иншооти таълимӣ ба анҷом расиданд.
Барои соҳибкасб гардидани насли наврас филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Москва, филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе, инчунин факултаи муштараки Украинаву Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологӣ, факултаи муштараки муҳандисиву техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ фаъолият доранд. Дар ин муддат, ҷавонон вобаста ба талаботи замон ба омӯзиши фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва илму техникаи навтарин машғул буда, соҳиби касбу ҳунарҳои муҳандисиву техникӣ гашта истодаанд.
Бо мақсади такони тоза бахшидан ба рушди маориф, тарғиби илмҳои дақиқ ва густариши донишу маърифати техникӣ Сарвари давлат дар вохӯрӣ (1 сентябри соли 2009) бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли 2010-умро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон кард. Эълон гардидани Соли маориф ва фарҳанги техникӣ барои рушди тафаккури техникӣ, бедории фикрии муҳаққиқони дақиқназари ҷавон нақши асосӣ бозида, аз ҷониби аҳли ҷомеа хеле хуб қабул гардид.
Ин пайгириҳо дар зиндагии ҳаррӯзаи мардум, дар урфу одат, ахлоқу одоб тағйироти ҷиддӣ ворид намуд ва аҳли илму маърифат ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гардидани насли наврас пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва ҷавонон низ дарк намуданд, ки “тавонгарии хирад аз тавонгарии мол болотар аст”.
Бо дарки масъулият гуфтан мумкин аст, ки вохӯриҳои ҳамасолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш бо намояндагони омӯзгорону донишҷӯёни мамлакат, заминаи фарҳангии ҳастии миллатро мустаҳкам намуда, бо суханҳои хирадмандона ва пандомӯз барои ояндаи дурахшони насли наврас - асос, барои устодону омӯзгорон - дастури коргузорӣ ва барои мақомоти ваколатдор – созандагиро роҳнамоӣ мекунад.
Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки падару модарон, собиқадорони меҳнату шахсони обрӯманд ва соҳибкорони бонангу номус низ Рӯзи дониш дар паҳлӯи устодони ҳамабину ҳамадон бошанд ва якҷо донишро бо хирад омехта карда, насли наврасро ба пойгоҳи баланд расонанд. Бо иштироки пирони хирад бовар дорам, ки Рӯзи дониш дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ идона гашта, аз иштироки онҳо насли наврас дар рӯҳияи анъанаҳои неки миллӣ ба камол мерасанд. Ба қавли Шайх Саъдӣ:
Чун бувад асли гавҳаре қобил,
Тарбиятро дар ӯ асар бошад.
Одинашоҳ ВАЛИЗОДА,
номзади илмҳои педагогӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.08.2014 №: 166 Мутолиа карданд: 1520