сафарҳо
ИДОМАИ БОЗДИДИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ВИЛОЯТИ СУҒД
20 август дар Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққум Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як толори бузурги варзишӣ, варзишгоҳи олимпӣ ва чанд биною иншооти нави дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Хотиррасон бояд намуд, ки Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони «Шоҳин» пас аз навсозии куллӣ 19 июни соли 2013, бо иштироки Сарвари давлат дубора мавриди истифода қарор гирифта буд.
Чунонки иттилоъ доданд, масоҳати умумии марказ 19,5 га буда, он дорои 1 бинои зимистона барои 226 нафар, 9 бинои тобистона барои 456 нафар, 1 бинои таълимӣ, майдончаи гулханафрӯзӣ бо 280 ҷойи нишаст, амфитеатр бо 320 ҷойи нишаст, майдончаи бозиҳои кӯдакона, майдони сунъӣ барои футболи хурд, майдончаҳои волейбол, баскетбол, тенниси калон ва 3 ҳавзи шиноварӣ мебошад.
Дар доираи чорабиниҳои вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо варзишгарони ҷумҳурӣ моҳи декабри соли 2010 баён гардида буд, дар ҳудуди маркази мазкур ин толори бузурги варзишӣ, варзишгоҳи стандарти ҷаҳонӣ, ҳаммом (сауна) ва майдони бозии голф сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Масоҳати умумии толори бузурги варзишӣ 1800 м2, баландиаш 18 метр буда, барои гузарондани машқҳои таълимӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои баскетбол, волейбол, футзал, кӯҳнавардӣ ва тенниси рӯи миз мутобиқ шудааст.
Дар дохили толори калон 500 ҷойи нишаст барои тамошобинон, 2 ҳуҷраи обпошӣ барои 7 ҷой, анборхона ва ҳуҷраи хазинадор мавҷуд аст.
Дар ошёнаи дуюми бино толори хурди варзишӣ мавҷуд аст, ки дорои 37 таҷҳизоти обутоби бадан мебошад. Ин толор метавонад шавқмандони зиёди ин навъи варзишро ба ин ҷо ҷалб намояд.
Варзишгоҳи нави маркази мазкур дорои майдони стандартии футбол, роҳрав барои давидан ба дарозии 400 метр, ҷойи нишасти болопӯшида барои 720 нафар, 2 ҳуҷраи либосивазкунӣ, ҳуҷраҳои обпошӣ барои 2 даста, ҳуҷраи доварон ва анборхона мебошад.
Тавре Сарвари давлат таъкид намуд, ин варзишгоҳ туҳфаи арзишманде аст ба ҷавонону наврасони варзишгар дар Соли футболи оммавӣ. Хотиррасон бояд намуд, ки соли 2014 Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон эълон гардидааст.
Президенти кишвар ба ҳар як навраси футболбоз, ки қисмате аз онҳо духтарчаҳои хурдсол буд, тӯбҳои футбол тақдим намуда, ҳамроҳашон акси хотиравӣ гирифт ва изҳори боварӣ намуд, ки дар воқеъ ин навъи варзиш дар Тоҷикистон оянда метавонад рушди назаррас дошта бошад, зеро барои ин кор дар ҳамаи гӯшаю канори ҷумҳурӣ шароити зарурӣ муҳайё мегардад ва ҷавонону наврасони мо ба он шавқу рағбати беандоза доранд.
Дар маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони «Шоҳин» ҳамчунин ҳаммом барои 25 ҷой бо ҳавзи зебои шиноварӣ бунёд гардида, дар он ҳуҷраҳои обпошӣ, ҳаммомҳои русӣ, туркӣ, финӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраи масҳ, ошхона ва ҳуҷра барои истироҳат вуҷуд дорад.
Дар оянда имкон дорад, ки Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони «Шоҳин» ҳамчун муассисаи варзишии омодагии олимпӣ истифода шавад.
Ифтитоҳи бинои нави мактаб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
21 август боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд идома ёфт.
Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Сарвари давлат бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бояд зикр намуд, ки сохтмони бинои ин мактаб бо харҷи 5 миллион сомонӣ анҷом ёфта, бо маблағи 321 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин гардидааст.
Бинои нави мактаб дорои 14 синфхона ва 360 ҷойи нишаст буда, дар ду баст 720 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад. Ҳамчунин дар он 6 кабинети фаннӣ, аз ҷумла барои омӯзиши забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои русӣ ва англисӣ, омодагии дифоӣ, ҳунарҳои миллӣ ва рӯзгордорӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Синфхонаи суруд ва мусиқӣ низ бо асбобҳои миллӣ пурра ҷиҳозонида шудааст.
Инчунин, мактаб дорои толори варзишӣ бо ҷойҳои нишаст барои 100 нафар тамошобин ва ошхона бо 80 ҷойи нишаст мебошад.
Дар ин мактаб 45 омӯзгор фаъолият дорад, ки аз он 40 нафар зан ва 22 нафар мутахассиси ҷавон мебошад.
Сарвари давлат барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълимӣ дар ин ва дигар мактабҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Дар ҳавлии ин мактаб Президенти кишвар бо роҳбарият ва фаъолони соҳаи маорифи вилояти Суғд мулоқот намуда, аз ҷумла ифтитоҳи бинои нави мактаби мазкурро туҳфаи арзанда дар арафаи оғози соли таҳсили 2014 - 2015 номид.
Хотиррасон гардид, ки дар давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Суғд 441 муассисаи таълимӣ бунёд ва ё навсозӣ шуда, қариб 130 ҳазор ҷойи нишаст омода гардидааст.
Таъкид гардид, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас ва ба талаби замон мутобиқ намудани донишу малакаи онҳо аз ҷониби давлат тадбирҳои мусоиду муассир амалӣ мегарданд. Аз ҷумла Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 дар вилоят 103 фоиз иҷро шуда, алҳол ба 14 нафар хонанда як компютер рост меояд. Аз ин хотир, таъкид гардид, ки сатҳ ва сифати донишомӯзии наврасону ҷавонон бояд ба ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар ҷавобгӯй бошад.
Сарвари давлат изҳори боварӣ намуд, ки кормандони соҳаи маориф ва хонандагону донишҷӯёни кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд дар таҷлили 23 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, солгарди 20-уми қабули Конститутсияи Тоҷикистон ва Суруди миллӣ, инчунин 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ саҳми намоён мегузоранд.
Корхонаи ҶДММ «НАНО-ТЕХ - М» ба фаъолият шурӯъ кард
21 август дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст Корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва хизматрасонии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «НАНО-ТЕХ - М», ки дар масоҳати умумии 1 гектар замин дар маҳаллаи 17-ум қарор дорад, ифтитоҳ ёфт.
Муассиси корхонаи мазкур соҳибкори маҳаллӣ Шавкат Аюбов мебошад. Корхонаи мазкур асосан бо истеҳсоли маҳсулоти оҳану бетонӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, ташхиси лаборатории масолеҳи сохтмонӣ, борпеч кардани семент (халта кардан) дар ҳаҷми 40 тонна дар як шабонарӯз, ба андозаҳои гуногун майда кардани санг, хизматрасонӣ бо мошинҳои махсус дар самти ба фармоишгарон расондани маҳсулот ва ғайра мебошад.
Барои анҷоми чунин корҳо корхона дорои 5 адад нақлиёти бетонкаш, 1 мошини сементкаш, 1 мошин барои рехтани бетон ба баландии то 40 метр, 2 мошини боркаш, 1 мошини боркунанда, 1 кран-монипулятор ва дигар техникаю таҷҳизот мебошад.
Айни замон дар корхона 28 нафар кормандон бо маоши миёнаи 800 сомонӣ дар як моҳ фаъолият доранд. Тавре иттилоъ доданд, то ҷамъбасти фаъолияти 9 моҳаи соли равон шумораи кормандони ин корхона ба 100 нафар расонда мешавад.
Барои кормандон дар ҳудуди корхона ошхонаи замонавӣ бо 100 ҷои нишаст сохта шудааст ва ба онҳо хӯроки ройгон дода мешавад.
Дар саҳни ҳавлии коргоҳ маҳсулоти ҳамаи корхонаҳои истеҳ-солкунандаи масолеҳи сохтмонии вилоят ба намоиш гузошта шуда буд.
Чунонки иттилоъ доданд, солҳои охир шумораи корхонаҳои саноатии ин соҳа ва муҳайёшавии ҷойҳои нави корӣ авҷ гирифтааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷиро ба густариши фаъолияти созандагию бунёдкорӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ҳамаҷониба ҳавасманд бояд кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.08.2014 №: 166 Мутолиа карданд: 1752