сафарҳо
СУҒД: КУШОИШҲО АЗ МАҚДАМИ МУБОРАКИ ПРЕЗИДЕНТ
21 август дар маркази шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази такмили ихтисоси кормандони Раёсати андози вилоят, ки аз се ошёна ва таҳхона иборат аст, ифтитоҳ гардид.
Тибқи иттилоъ дар ошёнаи якуми бинои мазкур ҳамчунин нозироти андозсупорандагони миёна дар вилояти Суғд ҷойгир шудааст.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм утоқҳои корӣ барои такмили ихтисоси кормандони мақомоти андоз ва андозсупорандагон ҷой гирифта, дар онҳо барои 60 шунаванда ҷойи нишаст омода гардидааст. Дар таҳхонаи бино ошхона бо 60 ҷои нишаст ҷойгир шудааст.
Тарҳи берунаи бино бошад, бо масолеҳи ҳозиразамони «силк коат стоун» (silk coat stone) ороиш дода шудааст. Дар рафти ҳамаи корҳои сохтмонию васлкунӣ дар иншооти мазкур технология ва масолеҳи сохтмонии ҳозиразамон истифода гардидааст.
Масоҳати умумии бино 1144 м2 буда, бо харҷи 3 млн. 207 ҳазор сомонӣ сохта ва таҷҳизонида шудааст.
Ташкили Маркази такмили ихтисоси Раёсати андоз дар вилояти Суғд имкон медиҳад, ки ҳар сол бо истифода аз технологияи муосир ва устодони ботаҷриба ҳам кормандони мақомоти андоз ва ҳам андозсупорандагон савияи дониши худро баланд бардоранд.
Барои гузаронидани машғулиятҳо устодони донишгоҳҳои иқтисодии вилоят, кормандони ботаҷрибаи соҳа ва дигар мақомот, ки ба масъалаҳои андоз вобастагӣ доранд, аз қабили Кумитаи замин, Раёсати гумрук, раёсатҳои молия ва иқтисод даъват карда мешаванд.
Дар маркази мазкур давоми як сол имкони то 300 нафарро ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтан мавҷуд аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳузури шумораи зиёди кормандони соҳаи андози вилояти Суғд онҳоро ба такмили пайвастаи донишу малакаи касбии худ ва муомилаю муоширати хуб бо андозсупорандагон ҳидоят намуд.
21 август дар ҳудуди корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк» бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави адрасбофию атласбофии дастӣ, ки маҳсулоташ дар бозори ҷаҳонӣ харидорони бешумор дорад, ба кор дароварда шуд.
Ин тадбири муҳим дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои қаблии Сарвари давлат доир ба эҳё намудани истеҳсолоти хонагии занону духтарон, ҳунарҳои миллии дастӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, кам намудани сафи занони муҳоҷир, дарёфти корҳои баландмузд барои занони ҳунарманду хонашин амалӣ шуда, боиси хушҳолию қаноатмандии шавқмандони ин соҳа гардидааст.
Роҳандозии ин кори манфиатбахш чун иқдоми шоистаи навбатӣ пас аз ташкили қолинбофии дастӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ аз ҷониби Сарвари давлат баҳои баланд гирифт.
Дар назди Маркази таълимӣ – истеҳсолии ҳунари мардумии адрасбофию атласбофии дастии Корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк»-и шаҳри Хуҷанд 15 дастгоҳи дастӣ васл гардидааст.
Барои бо сифати баланд истеҳсол намудан ва минбаъд ба аҳолӣ ва хориҷи кишвар содир намудани адраси дастибоф 7 мутахассиси соҳибтаҷриба аз ноҳияи Рӯдакӣ даъват карда шудаанд, ки давоми 2 моҳ ба занону духтарони вилоят касби адрасбофии дастиро меомӯзонанд. Баъди 2 моҳи омӯзиш ва супоридани имтиҳон ба хатмкунандагон шаҳодатнома дода мешавад. Тибқи нақшаи роҳбарияти корхона марҳила ба марҳила ин намуди ҳунари мардумӣ дар ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва хонаҳо ташкил карда хоҳад шуд.
Барои рушди ҳунарҳои қолинбофӣ, гулдӯзию зардӯзӣ, адрасбофию атласбофӣ ва ҳавасманд гардонидани бонувони ҳунарманд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба маблағи умумии 200 ҳазор сомонӣ грант ҷудо гардида, 3 нафар бонувони ҳунарманди вилоят бо пешниҳоди лоиҳаи худ оид ба таъсиси коргоҳи адрасбофӣ ҳар яке сазовори грант ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ гаштаанд.
Ҳамчунин барои рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи истеҳсолоти хонагӣ тибқи қарори раиси вилояти Суғд Озмуни «Меҳнати хонагии занону духтаронро эҳё менамоем» эълон ва ҷиҳати қадршиносии ғолибон аз буҷаи вилоят 70 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.
Дар корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк» Сарвари давлат бо ҷараёни навсозӣ ва афзунсозии иқтидори истеҳсолии коргоҳи коркарди пилла бевосита шинос шуда, барои дар сатҳи зарурӣ анҷом додани ин корҳо ба роҳбарияти корхона дастуру ҳидоятҳои судбахш дод.
Тибқи иттилоъ иқтидори лоиҳавии корхона коркарди 500 тонна пиллаи хушк дар як сол мебошад.
Соли равон дар вилоят 750 тонна пилла истеҳсол гардида, аз он қариб 400 тоннааш аз ҷониби корхонаи муштараки коркарди пиллаи «ТВ-Силк» харидорӣ шуда, мавриди коркард қарор гирифтааст.
Президенти кишвар дастур дод, ки истеҳсоли солонаи пилла дар вилоят ба 1,5 ҳазор тонна расонда шавад ва иқтидори корхонаи «ТВ-Силк» низ афзун гардад, то ки дар он беш аз 500 нафар, пеш аз ҳама занону духтарон бо кори доимӣ таъмин гарданд. Тавре иттилоъ доданд, ҳоло дар ин корхона 200 кас бо кор таъмин шудаанд.
Роҳбарияти корхона аз иқдоми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷорӣ намудани боҷи гумрукӣ аз содироти пиллаи коркарднашуда изҳори хушнудӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин амал имкон медиҳад тамоми пиллаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда дар корхонаҳои ватанӣ коркард шавад.
Маҳз ҳамин иқдоми Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкори ватанӣ Муқим Неъматовро водор намуд, ки ба навсозии корхонаи коркарди пилла ва таъсиси Маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасбофию атласбофии дастӣ камар бандад.
23 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабинии идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба шаҳри Хуҷанд омад.
Чорабинии идонаи «Сайри харбуза», «Иди асал» ва намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар майдони назди муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар ин майдони фарох дар масофаи қариб як километри кӯчаи марказии шаҳри Хуҷанд кишоварзони зарофар аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд анвои гуногуни харбуза, маҳсулоти занбӯри асал ва меваю сабзавоти шаҳдбори худро ба маъраз гузоштанд.
Сарвари давлатро дар даромадгоҳи намоишгоҳ бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Дар намоиш-фурӯш маҳсулоти ҳамаи соҳаҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо, Иттифоқи матлубот ва Иттиҳодияи «Хӯрокворӣ»-и вилоят ва соҳибкорони шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.
Дар чорабинии идонаи «Сайри харбуза» кишоварзони 10 шаҳру ноҳияи вилоят ва «Иди асал» - ассотсиатсияҳои занбӯрпарварони вилоят ва 12 шаҳру ноҳия бо дастовардҳои худ иштирок намуданд.
Ба «Иди асал» 15 тонна маҳсулоти соҳа, аз ҷумла навъҳои гуногуни асал бо бастабандҳои тибқи талаботи меъёрҳои тасдиқгардида пешниҳод гардид.
Дар ҷойи баргузории «Иди асал» хаймаҳо, нуқтаҳои гирифтани асал, ташкили корҳои мубориза бар зидди касалиҳои занбӯри асал ба назар мерасид.
Тавре зикр гардид, аз соли 2005 ба ин сӯ, яъне аз давраи қабули Барномаи давлатии рушди парвариши занбӯри асал шумораи оилаҳои занбӯр, теъдоди занбӯрпарварон ва ҳаҷми маҳсулоти он қариб ду баробар афзудааст.
Ба «Сайри харбуза» зиёда аз 20 навъи ин маҳсулоти шаҳдбор, 5 навъи тарбуз ва 10 навъи каду пешниҳод шуд.
Дар ҷойи баргузории «Сайри харбуза» пирамида, хаймаҳо, чайла, катҳои миллӣ, нуқтаҳои намоиши харбузабурӣ, маҳсулоти харбуза дар маъраз буд.
Сарвари давлат аз фаровонии маҳсулоти асал, тарбузу харбуза, ангур, помидор ва дигар навъҳои меваю сабзавот ва полезию лӯбиёгиҳо, ки аксаран маҳсулоти содиротӣ аст, изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди саноатии он бояд сол ба сол афзун гардад ва аз ин ҳисоб қудрати содиротии Тоҷикистон боло бардошта шавад. Аз ҷумла зикр гардид, ки Тоҷикистон метавонад дар бозори ҷаҳонии асал ва меваю сабзавот, аз ҷумла бо зардолу ва олуи сиёҳи хушк, мавизи кишмиш, харбуза, ангур, помидору бодиринг, пиёз ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ҷойгоҳи намоён дошта бошад.
Дар доираи баргузории «Сайри харбуза» озмун ва мусобиқаҳо бо шарту шароити шавқовар гузаронида шуд. Аз ҷумла озмуни зуд хӯрдани харбуза миёни ҷавонон басо ҷолиб буд. Бозии шавқовари дигар бо тарбузу харбуза шашкабозӣ кардан буд, ки дар он Сарвари давлат низ иштирок намуд.
Устодони санъати вилоят ва ҷавонону наврасони ҳаваскор ба ҳозирин намоиши ҷолиби фарҳангӣ пешкаш намуданд.
Ба намоиш - фурӯш зиёда аз 50 номгӯй маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми қариб 300 тонна ворид гардид. Танҳо тарбузу харбуза беш аз 50 ҳазор дона буд. Ҳамаи ин маҳсулот ҷиҳати фурӯш бо нархҳои 50-60% аз бозор арзон ба сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд пешниҳод гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.08.2014 №: 167 Мутолиа карданд: 1637