logo

маориф

КУНГУРАИ ҶАҲОНИИ РИЁЗИДОНҲО

Мамадшо ИЛОЛОВ,
директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави
Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, академик,
доктори илмҳои физика ва риёзиёт, профессор

Чанде пеш, аз 12 то 21 августи соли 2014 дар шаҳри Сеул, пойтахти Ҷумҳурии Куриё Кунгураи 27-уми ҷаҳонии риёзидонҳо баргузор гардид, ки дар кори он зиёда аз 5000 олими риёзидон аз 120 кишвари дунё ширкат варзид. Куриёи Ҷанубӣ чаҳорум кишвари осиёист, ки кунгураи ҷаҳонии риёзидонҳоро меҳмондорӣ мекунад.

Аз ин пештар чунин шарафро Ҷопон (1990), Хитой (2002) ва Ҳиндустон (2010) дастёб шуда буданд. Кунгураи байналмилалӣ баобрӯтарин ҳамоиши риёзидонҳои пешбари олам ба шумор меравад, ки таърихи 117-сола дорад. Дар аввалин кунгураи соли 1897, ки дар шаҳри Сюрихи Швейтсария ҷамъ омада буд, пешниҳод шуд, ки кунгура ҳар чаҳорсолае як дафъа даъват гардад. Вале вобаста ба вазъи байналмилалӣ, бахусус дар давраи ҷангҳои ҷаҳонӣ, чунин тартиб халалдор мегардид. Фақат аз соли 1950 то ҳол бе танаффус дар чаҳор сол як маротиба ҳамоиши ҷаҳонӣ даъват мешавад.
Олимони риёзидони тоҷик дар кунгураҳои номбурда аз соли 1974 то ба ҳол ширкат меварзанд. Он сол академик Абдуҳамид Ҷӯраев бори аввал дар шаҳри Ванкувери Канада бо маърӯзаи илмӣ дар кунгураи риёзидонҳо суханронӣ мекунад. Муаллифи ин сатрҳо аз соли 1994 инҷониб дар кори панҷ кунгура ширкат варзидааст. Дар Кунгураи Сеул намояндагии Тоҷикистонро банда, докторҳои илмҳои физика ва риёзиёт Лутфия Раҷабова аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Умед Каримов аз Пажӯҳишгоҳи риёзиёти Академияи илмҳо ба ҷо оварданд.
Ҳар як кунгураи ҷаҳонӣ дар баробари муаррифии барҷастатарин натиҷаҳои илми риёзиёти чаҳорсолаи охир, тақдими ҷоизаҳои илмӣ, инчунин ба ин ё он паҳлуи рушди илм диққати алоҳида медиҳад. Аз ҷумла, дар кунгураи ба тозагӣ баргузоргардида чунин масоил аз баланд рафтани мақоми зан дар рушди риёзиёт ва пурзӯр намудани ҷомеаи риёзидонҳо дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ иборат буд.
Кунгураи Сеул мувофиқи анъана бо супурдани Ҷоизаи Филдс шурӯъ гардид. Ин ҷоизаро соли 1932 риёзидони канадаӣ Ҷон Филдс барои олимони риёзидони синнашон поинтар аз 40 аз ҳисоби пасандозҳои шахсияш таъсис дода буд. Аввалин барандаҳои ҷоиза дар Кунгураи Осло (Норвегия), ки соли 1936 ба вуқӯъ пайваста буд, муаррифӣ шуданд. То ба ҳол 52 риёзидони мард соҳиби ин ҷоиза шудаанд. Ва инак аввалин маротиба дар таърих дар Кунгураи Сеул ҷоизаи Филдсро хонум Марям Мирзохонӣ – риёзидони эронитабори амрикоӣ, профессори Донишгоҳи Стэнфорд соҳиб мешавад. Ба хонум Мирзохонӣ ҷоизаро Президенти Куриёи Ҷанубӣ,  хонум Пак Геун Хи месупорад. Мирзохонӣ  барои натиҷаҳои барҷастаи илмӣ дар самти динамика ва ҳандасаи сатҳҳои Риман соҳиби ин ҷоиза гардидааст. Масъалаҳое, ки аз ҷониби ӯ ҳалли худро ёфтаанд, ба ҳисоби он проблемаҳои мураккаби риёзиёти муосир шомиланд, ки муҳлати тӯлонӣ дар назди олимон истодаанд ва ҳалли онҳо равиши фикрии тоза ва ҳисоббарориҳои комилан навро тақозо дорад. Дар суханронии ҷавобии худ Мирзохонӣ қайд намуд, ки ӯ дастоварди илмиашро чун намунае барои олимаҳои ҷавон арзёбӣ мекунад ва умед ба он дорад, ки аз ин пас олимаҳои ҷавон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон соҳиби Ҷоизаи Филдс ва дигар ҷоизаҳои илмии амсоли он хоҳанд гардид. Бояд гуфт, ки Марям Мирзохонӣ мактаби миёнаро дар шаҳри Теҳрон хатм намуда, унвони бакалаврро низ дар яке аз донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон соҳиб шудааст. Ӯ ғолиби олимпиадаҳои ҷаҳонии мактабиён дар солҳои 1994 ва 1995 мебошад. Баъдан барои дарёфти дараҷаи магистр Марям Донишгоҳи Ҳарварди ИМА – ро хатм менамояд ва кори илмию педагогиро дар Донишгоҳи Стэнфорд идома медиҳад.
Дар баробари Марям Мирзохонӣ бо Ҷоизаи Филдс Артур Алива, шаҳрванди Фаронса, вале корманди Пажӯҳишгоҳи миллии риёзиёт дар Рио де Жанейро (Бразилия), Манҷул Бҳаргава, профессори ҳиндутабори Донишгоҳи Принстон (ИМА) ва Мартин Хайрер, профессори Донишгоҳи Варвик (Бритониёи Кабир) тақдир шуданд.
Дар Кунгура инчунин ҷоизаи Неванлинна ба Субҳаш Хот - профессори ҳиндутабори Донишгоҳи Ню Йорк (ИМА), медали Черн ба Филлип Гриффитс – профессори Донишгоҳи Принстон (ИМА) ва ҷоизаи Гаусс ба Стенли Ошер – профессори Донишгоҳи Лос-Анҷелес (ИМА) супурда шуданд. 
Фаъолияти кории кунгура дар 19 самти муҳимтарини илми риёзиёт дар намуди 21 маърӯзаи пленарӣ, зиёда аз 200 маърӯзаи даъватӣ ва зиёда аз 2000 суханронии кӯтоҳ ва рӯнависи постерӣ сурат гирифт. Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муаллифи ин сатрҳо ва Лутфия Раҷабова дар бахши муодилаҳо бо ҳосилаҳои хусусӣ ва Умед Каримов дар бахши топология суханронӣ намуда, ҳозиронро бо натиҷаҳои нави илмиашон шинос намуданд.
Тамоми чорабиниҳои кунгура дар маҷлис-гоҳи бузургтарини шаҳри Сеул – қасри СОЕХ, ки ба ширкати Самсунг  тааллуқ дорад, баргузор гардиданд.
Дар муқоиса бо кунгураҳои пештара кунгураи Сеул бо ҷалби фарохтари риёзидонҳо аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ фарқ мекунад. Тавассути барномаи махсуси «NANUM 2014» ва бо дастгирии Иттиҳоди байналмилалии риёзидонҳо,  корпоратсияҳои Самсунг, LG, Ҳундай ва ҳукумати Ҷумҳурии Куриё аз 100 кишвари рӯ ба тараққии Осиё, Амрикои Лотинӣ ва Африқо зиёда аз 1000 олимони ҷавони риёзишинос ёрии молӣ гирифтанд ва дар кори кунгура иштирок намуда, аксари онҳо дар бахшҳои мухталиф бо маърӯзаҳои илмии хеле ҷолиб баромад карданд.
Бо навиштани ин қайдҳо мо мақсад дорем, ки аз кори кунгураи ҷаҳонии риёзидонҳо доираи васеътари ҷавонони соҳибистеъдод, ки ба ҳалли масъалаҳои риёзӣ шавқу рағбат доранд, бохабар бошанд. Ояндаи ҷаҳонро бе пешрафти илмҳои дақиқ ва техникӣ, бахусус риёзиёт ва илмҳои компютерӣ, тасаввур кардан аз имкон берун аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2014    №: 169    Мутолиа карданд: 1490
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед