logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3502-и Вазорати корҳои дохилӣ, шаҳри Душанбе, 26 августи соли 2014

Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ!
Ҳозирини гиромӣ!
Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлату миллат, кафили амнияту суботи кишвар ва тартиботи ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, ҳайати шахсии он аз замони таъсисёбӣ то имрӯз вазифа ва уҳдадориҳои хизматии худро содиқона ва софдилона иҷро карда истодаанд.
Чунонки таърихномаи начандон тӯлонӣ, вале пуршарафи Қӯшунҳои дохилӣ шаҳодат медиҳад, ин сохтор соли 1993 ҳамчун ниҳоди асосии ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ фаъолияти худро аз сифр оғоз кардааст. Зеро дар айёми ноороми оғози соҳибистиқлолӣ ба асари муқовимати мусаллаҳона фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии Тоҷикистон фалаҷ гардида буд.
Бо вуҷуди ин, ҳайати шахсии қисму воҳидҳои Қӯшунҳои дохилӣ бо азму иродаи мардона ба савганди ҳарбӣ ва суннатҳои неки ватандорӣ содиқ монда, дар вазъияти хеле мушкилу ҳассоси сиёсиву ҷамъиятии солҳои 90-уми асри гузашта мавқеи устувори худро ба хотири иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ҳимояи амнияту осоиши мардуми кишвар нигоҳ дошта тавонистанд.
Он солҳо бо дарназардошти вазъияти мураккаби сиёсии кишвар ва таҳдиди воқеӣ ба истиқлолияти давлатӣ зарурат ба миён омад, ки сохтори Қӯшунҳои дохилӣ такмил дода, дар ҳайати он қисмҳои нави низомӣ ташкил карда шаванд.
Ҳамчунин соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон шумораи ҳайати шахсӣ зиёд карда шуда, дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат иловатан қароргоҳҳои қисми ҳарбии 3503 таъсис дода шуданд.
Мехоҳам махсус хотирнишон созам, ки маҳз дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва шиддат гирифтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ, бахусус афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 3502 ва 5453 қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро карда, дар бисёр амалиёти махсус оид ба безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалҳои террористӣ ва ошӯбҳои зиддиконститутсионӣ ҳамеша пешсафи набардҳо буданд.
Ҳудуди амалиёти ҷангии ин ду қисми ҳарбӣ дар давраи барқарорсозии сохти конститутсионӣ қариб тамоми ҳудуди марказ ва ҷануби кишварамонро фаро гирифта буд. Маҳз эҳсоси баланди ватандорӣ ва ҷоннисорӣ дар роҳи таъмини сулҳу субот кулли афсарону прапоршикҳо ва сарбозони қаториро барои иҷрои вазифаҳои ватандӯстонаи ҷангиву хизматӣ ҳидоят мекард.
Мутаассифона, дар ҷараёни муҳорибаҳо ба муқобили дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва ошӯбҳои хиёнаткорона даҳҳо нафар афсарону сарбозони шуҷоъ ҷони худро аз даст доданд, ки хотираи неки онҳо ҳаргиз аз ёди мо фаромӯш нахоҳад шуд. Ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории онҳо барои насли имрӯзу фардои Ватанамон ҳамчун сабақи ибрат хизмат хоҳад кард.
Дар шароити имрӯза меъёри муайянкунандаи маҳорату малакаи ҷангӣ ва омодабошии ҳарбии тамоми сохторҳои низомӣ, аз ҷумла ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ машқҳои гуногунҷабҳаи низомӣ мебошанд. Хусусан машқҳои муштараки низомӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои низомии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нишон доданд, ки ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ вазифа ва уҳдадориҳои ба зиммагирифтаашонро дар сатҳи баланди касбӣ иҷро мекунанд.
Масалан, соли 2005 ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ барои иштироки фаъолона дар машқҳои муштараки байналмилалӣ аз ҷониби нозирони байналхалқӣ сазовори унвони «Уқобони кӯҳӣ» гардиданд. Ҳамчунин беш аз 150 нафар афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 3502, 3501 ва 6592 бо ҷоизаҳои гуногуни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфароз гардонида шудаанд.
Дар робита ба ин, вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро зарур аст, ки бо мақсади баланд бардоштани малакаву маҳорати касбӣ ва тактикаи ҷангӣ ҳамкории Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиро бо ҷузъу томҳои низомии кишвар тавассути гузаронидани машқҳои муштараки ҳарбиву тактикӣ тақвият бахшанд.
Ҳамчунин ниҳодҳои дахлдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои низомии кишвар бояд ба масъалаи обутоби ҷисмонӣ, чусту чолокӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии ҳайати шахсӣ дар миёни қисмҳои низомии сохтору мақомоти зикршуда ба василаи ташкили мусобиқаҳои ҳарбиву варзишӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Иштироки пайваста дар машғулиятҳои омӯзишӣ, мунтазам баланд бардоштани сатҳи дониши касбиву сиёсӣ, машқҳои доимии тактикӣ, даставию ситодӣ, бар замми ин, иштирок дар таъмини шабонарӯзии тартиботи ҷамъиятӣ, ширкат дар чорабиниҳои дорои аҳамияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳифзи иншооти муҳими давлатӣ, омодагии доимӣ ҷиҳати бартарафсозӣ ва пешгирии ҳар гуна амалҳои таҳрибкорона ва ҷиноятҳои муташаккили зиддидавлатӣ номгӯи хеле мухтасарест, ки реҷаи амали ҳаррӯзаи ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ аз онҳо иборат аст. Ва ҳар фарде, ки хизмати ҳарбӣ ё кори давлатиро анҷом додааст, хуб дарк мекунад, ки дар паси мафҳумҳои номбаршуда чӣ қадар талошу заҳматҳо ниҳон ҳастанд.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати кишвар заҳматҳои хизматчиёни содиқи Ватанро ҳамеша қадрдонӣ карда, дар баробари дигар дастгириҳои давлатӣ то ба имрӯз беш аз 30 нафар афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилиро бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонидааст. Илова бар ин, дар натиҷаи ғамхориҳои доимии роҳбарияти давлат сатҳи таъминоти моддиву техникӣ ва шароити иҷтимоии хизматчиёни ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ сол ба сол беҳтар шуда истодааст.
Таъмиру азнавсозии қисми ҳарбии 3502, ки мо имрӯз дидем, далели равшани чунин ғамхорӣ мебошанд. Чунонки мебинем, қисми ҳарбӣ ҳам зоҳиран ва ҳам аз нуқтаи назари шароити моддиву маишӣ ба яке аз беҳтарин қисмҳои ҳарбии кишвар табдил дода шудааст. Ҳоло дар мавзеи қисми ҳарбии 3502 шаҳраки ҳарбии ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналхалқӣ бунёд гардидааст, ки дар он барои сарбозон тамоми шароиту имкониятҳои мусоиди хизматӣ фароҳам оварда шудаанд.
Ду бинои сеошёнаи сохтмонаш нотамом ва дар ҳолати ногувор қарордошта пурра навсозӣ гардида, биноҳои хобгоҳи сарбозон аз таъмиру таҷдиди пурра бароварда шудаанд ва бо тамоми шароити замонавӣ таъмин гардидаанд. Инчунин ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои 40 оилаи афсарон бинои дуошёна азнавсозӣ карда шудааст. Ғайр аз ин, биноҳои хизматрасонӣ барои афсарон ва сарбозон, ҳуҷраҳо барои омӯзиши ҳунарҳои гуногун ва кор бо интернет таъсис дода, барои баргузории мусобиқаҳои варзишӣ майдони бозии футбол, фурудгоҳ барои чархбол ва дигар шароити инфрасохтори мусоид ташкил карда шудааст.
Бо вуҷуди тадбирҳои то имрӯз андешидашуда ба роҳбарияти Қӯшунҳои дохилӣ зарур аст, ки дар қисмҳои ҳарбӣ бо мақсади рӯҳбаландии ҳайати шахсӣ, бедор сохтани шавқу завқи онҳо ба хизмат, инчунин ба хотири эҳтиром гузоштан ба арзишҳои олии давлату миллат, тарғибу ташвиқи фарҳангу тамаддуни миллӣ ва донистани таърихи ниёгон мунтазам чорабиниҳои фарҳангиву тарбиявӣ доир намоянд.
Ҳамагӣ чанд рӯз пеш мо дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманд ва фарзандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар, ки ҳангоми адои хизмат ҳалок гардидаанд, Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилиро таъсис додем, ки ба он толибилмон пас аз хатми таҳсилоти миёнаи нопурра ва умумӣ қабул карда мешаванд.
Шунавандагони коллеҷ пас аз хатми он метавонанд бо ихтисоси азхудкардаашон дар воҳидҳои таъйиноти махсус фаъолият намоянд.
Вобаста ба ин, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати дар Коллеҷи милитсия ба таҳсил фаро гирифтани фарзандон аз оилаҳои зикршуда ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
Ҳозирини арҷманд!
Сулҳу амният барои ҳар давлат ва мардуми он неъмати бебаҳост ва ҳифзу пойдории ин неъмат аз фарзандони бонангу номус ва ватандӯст хизмати содиқонаро тақозо менамояд. Зеро авзои бисёр мушкилу печидаи ҷаҳони муосир ва афзоиш ёфтани ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ дар назди Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ ва милитсияи тоҷик, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварамон вазифаҳои басо мураккаберо гузоштаанд, ки иҷрои онҳо аз сатҳи баланди омодабошии ҳарбӣ, таъминот бо техникаву аслиҳаи зарурӣ ва ҳушёриву зиракии доимии афсарону сарбозон вобаста мебошад.
Бо дарназардошти тавсеа пайдо кардани таҳдиду хатарҳое, ки аз вазъи мураккаби ҳарбиву сиёсии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла тавассути технологияҳои иттилоотӣ бармеоянд, зарур аст, ки омодабошии ҷангии тамоми сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи баланд таъмин карда шавад.
Ва чунонки борҳо иброз доштаам, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, ба савганди ҳарбии худ, истиқлолияти давлатӣ, халқу Ватан содиқу вафодор ва барои истодагарӣ кардан ба муқобили ҳар гуна хатару таҳдидҳо ҳамеша омода бошанд. Дар ин раванд ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии кишвар низ вазифадор аст, ки ҷиҳати таъмини амнияти мудофиавии кишвар чун ҳарвақта саҳми сазовори хешро гузорад.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки дар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ баъзе камбудиву мушкилоте мавҷуданд, ки ба хотири таҳкими амнияти мудофиавӣ ва иҷрои вазифаҳои дар назди қӯшунҳо гузошташуда бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.
Баъзан мушоҳида мешавад, ки таҷрибаи хизматии афсарон ва прапоршикҳо барои дар сатҳи зарурӣ иҷро кардани уҳдадориҳои вазифавии худ нокифоя буда, онҳо ба бозомӯзии доимӣ ва сайқал додани донишу маҳорат ва малакаи ҳарбӣ ниёз доранд.
Ман пайваста дар мулоқоту суханрониҳои худ масъалаи баланд бардоштани сатҳи касбии ҳайати шахсӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таъкид менамоям.
Бахусус дар мулоқоте, ки 10-уми июли соли ҷорӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ доштам, оид ба масъалаҳои вазъи корҳои тарбиявию маърифатӣ, пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо дар қисмҳои ҳарбӣ, риояи бечунучарои оинномаҳои ҳарбӣ ва дуруст ба роҳ мондани омӯзиши қонунҳои амалкунанда, баланд бардоштани сатҳи касбии ҳайати шахсӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии хизматчиёни ҳарбӣ андешаҳои худро бори дигар изҳор доштам.
Аз ин хотир, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати Қӯшунҳои дохилиро зарур аст, ки ба иҷрои супоришу дастурҳои додашуда ҷиддӣ муносибат карда, татбиқи ҳатмии онҳоро таъмин намоянд.
Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худшиносиву меҳанпарастӣ мебошад.
Шубҳае нест, ки тамоми хизматчиёни ҳарбии мамлакат, аз генерал то сарбози қаторӣ минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро дар ҳифзи амнияти давлат ва таъмини сулҳу субот, зиндагии осоиштаи мардум ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаи неру ва донишу малакаи худро сарф менамоянд ва ба халқу Ватани худ чун фарзандони бонангу номус содиқонаву софдилона хизмат мекунанд.
Инчунин эътимоди комил дорам, ки ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун ватандӯстони асил дар оянда низ барои амалӣ гардидани сиёсати созандаи Ҳукумати Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он саҳми ҷавонмардонаи худро мегузоранд.
Ба ҳамаи шумо барои хизмати софдилонаю садоқатмандона ва иҷрои вазифаю уҳдадориҳои ҳарбӣ бори дигар миннатдорӣ намуда, ба ҳар яки шумо тандурустиву хонаи обод, сарбаландӣ ва рӯҳи матину иродаи қавӣ орзумандам.
Ҳамеша сиҳатманду комёб бошед, ҳомиёни содиқи Ватан!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2014    №: 169    Мутолиа карданд: 1401
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед