logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати ифтитоҳи мактаби таҳсилоти умумии рақами 20-и деҳаи Лиҷҷаки Ҷамоати Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат, 28 августи соли 2014

Ҳамватанони азиз!
Дар шароити торафт густариш пайдо кардани муносибатҳои кишвари мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ рушди нерӯи инсонӣ шарти муҳими инкишофи босуботи иқтисодӣ ва болоравии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.
Ба хотири расидан ба ин ҳадаф мо соҳаи илму маорифро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон карда, ҷиҳати инкишофи бомароми соҳаи зикршуда тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодаем.
То ин вақт дар доираи амалисозии барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф тадбирҳои судманду созанда амалӣ гардида, заминаҳои асосии ворид шудан ба низоми нави таълим гузошта шудаанд.
Ҳамчунин Ҳукумати мамлакат дар ҷараёни ободонии шаҳру деҳоти кишвар дар баробари бунёди дигар иншооти иҷтимоӣ ба бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муосиргардонии шароити таълимии онҳо эътибори доимӣ дода, раванди азнавсозии пурраи инфрасохтори соҳаи маорифро вазифаи асосии худ меҳисобад.
Дар як муддати кӯтоҳ сохта ба истифода омода гардидани мактаби имрӯза нишонаи возеҳи ғамхории давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаққи насли ояндасози миллат мебошад.
Аз ин лиҳоз, ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ҳамчун туҳфаи арзанда дар деҳаи Лиҷҷаки шаҳри Ваҳдат ифтитоҳ гардидани мактаби навро ба ҳамаи шумо – устодони муҳтарам, фарзандони азиз ва падару модарони гиромӣ табрик гуфта, барои толибилмони ин боргоҳи маърифат дар ҷодаи азхуднамудани илму дониш барори кор орзу менамоям.
Мактаб бо харҷи беш аз 9 миллион сомонӣ бунёд гардида, дорои 26 синфхонаи таълимӣ ва дигар инфрасохтори замонавӣ мебошад ва имконияти дар ду баст ба таълим фаро гирифтани 1300 нафар хонандаро дорад.
Мо итминон дорем, ки муаллимони муҳтарами мо ҷавобан ба чунин иқдомҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат вазифа ва рисолати худро дар самти боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия поквиҷдонона иҷро мекунанд.
Бояд гуфт, ки соҳаи маорифи шаҳри Ваҳдат дар маркази диққати доимии Роҳбари давлат қарор дошта, солҳои охир чандин мулоқоту вохӯриҳои мо бо аҳли маорифи шаҳр баргузор шуданд, ки имрӯз аллакай натиҷаҳои нек дода истодаанд.
Ҳоло дар шаҳри Ваҳдат 150 муассисаи таҳсилоти умумӣ, литсею гимназия ва интернатҳо бо фарогирии қариб 62 ҳазор нафар хонанда ба оғози соли хониш омода мебошанд.
Гарчанде муассисаҳои таълимии ноҳия бо муаллимон асосан таъмин мебошанд, вале то ҳанӯз нарасидани мутахассисони ихтисосманд дар баъзе муассисаҳои таълимӣ ҷой дорад. Соли таҳсили гузашта муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр ба 210 нафар муаллим эҳтиёҷ доштанд. То имрӯз 67 нафар муаллимони ҷавон дар асоси роҳхат ба кор сафарбар карда шудаанд, ки ин иқдом то андозае ба рафъи норасоии кадрҳои соҳа мусоидат менамояд.
Муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Ваҳдат бо 1220 адад компютер таъмин буда, норасоии 430 адад компютер ва мизу курсӣ барои омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ, инчунин пайваст шудани онҳо ба шабакаи интернет бояд ҳарчи зудтар ҳал карда шавад.
Дар самти омода кардани мутахассисони соҳибкасб дар шаҳри Ваҳдат коллеҷҳои омор, тиббӣ ва касбҳои техникӣ амал мекунанд, ки барои шаҳру ноҳияҳои кишвар аз рӯи даҳҳо ихтисос мутахассис тайёр мекунанд.
Соли ҷорӣ доир ба масъалаи сари вақт аз таъмир баровардани муассисаҳои таълимии кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида, дар доираи лоиҳаҳои барқарорсозии муассисаҳои таълимӣ 48 мактаб аз таъмири хушсифат бароварда шудааст.
Дар баробари ин, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат вазифадоранд, ки барои дар соли 2015 ба истифода додани муассисаҳои таълимии деҳаҳои Гулистону Ҷарбошӣ ва Яфраку Даштибед, инчунин бо омӯзгорони соҳибкасб пурра таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ чораҷӯӣ намоянд.
Мехоҳам махсус зикр намоям, ки вақтҳои охир дастгирии аҳлонаи падару модарон ва соҳибкорону тоҷирон доир ба таъмири мактабҳои таҳсилоти умумӣ нисбат ба солҳои қаблӣ хеле вусъат пайдо карда истодааст.
Ин раванд нишондиҳандаи он аст, ки масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд тадриҷан зиёд гардида, раванди яктарафа ва танҳо ба дӯши мактабу омӯзгор вогузор намудани ҷараёни таълиму тарбияи насли наврас бартараф шуда истодааст.
Дар ин росто, мехоҳам як масъалаи дигари муҳимро хотиррасон намоям. Роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идораҳо, инчунин соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатманд ғамхориро дар ҳаққи кӯдакони ятиму маъюб ва фарзандони оилаҳои камбизоату ниёзманд фаромӯш набояд кунанд.
Дар ин рӯзҳои омодагӣ ба соли нави таҳсил онҳо метавонанд сару либос ва асбобу ашёи хониш харида, ба чунин кӯдакон туҳфа кунанд.
Дар идомаи корҳои созанда то охири соли ҷорӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 117-и деҳаи Сангпар бо 640 ҷойи нишаст дар ду баст ва як муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ дар деҳаи Армуғон ба истифода супорида мешавад.
Субҳи имрӯз мо дар шаҳри Ваҳдат барои бунёди мактаб бо 1240 ҷойи нишаст, варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст, меҳмонхона ва боғи фарҳангу фароғат санги асос гузоштем.
Тадбирҳои мазкур ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити истироҳат ва солимгардонии шаҳрвандон, алалхусус, наврасону ҷавонони шаҳр пешбинӣ шуда, орзуи деринаи сокинони ин гӯшаи диёрамон мебошад.
Зеро мо то он даме, ки барои ҷавонону наврасон шароиту имконияти хуби таълиму тарбия ва варзишу фароғатро муҳайё насозем, сатҳи илму донишомӯзӣ, маърифатнокӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи онҳоро таъмин кардан мушкил мегардад.
Фарзандони азиз!
Бузургони мо мактабро маъвои илму маърифат гуфтаанд, ки воқеан дуруст аст. Ҳар як шогирди ҷӯяндае, ки аз имкониятҳои мактаб ва донишу таҷрибаи устодони худ самаранок истифода мебарад, аз илму маърифат бебаҳра намемонад ва оянда аз уҳдаи кору рӯзгори худ мустақилона мебарояд ва дар ҷомеа соҳиби эҳтирому обрӯ мегардад.
Муаллимони муҳтарами мо бояд ҳамеша кӯшиш намоянд, ки ба иловаи омӯзонидани илму дониш дар ботини ҳар як наврас, пеш аз ҳама, ҳисси инсондӯстиву накӯкориро ташаккул диҳанд, ки ин хислатҳои накӯ муҳтавои асосии ҳаёти ҳар як инсон ва хусусан барои миллати соҳибтамаддуну фарҳангии мо мебошанд.
Зеро ба камол расонидани насли бонангу номус ва соҳибкасб ва дар зеҳну шуури онҳо густариш додани ҳисси худогоҳиву ҳувияти миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ ва расидан ба қадри арзишҳои неки маънавию ахлоқӣ маҳз аз мактаб ва муаллим сарчашма мегирад.
Ба ин хотир, давлату Ҳукумати кишвар масъалаи бо илму дониши мукаммалу муосир мусаллаҳ гардонидани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, касбомӯзони омӯзишгоҳу коллеҷҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакатро вазифаи доимӣ ва аввалиндараҷаи фаъолияти худ медонад.
Ва такрор ҳам шавад, иброз медорам, ки ҳамаи талошҳои мо дар соҳаи маориф маҳз ба ҳамин мақсад нигаронида шудаанд.
Мо ҳанӯз соли 1998 ҷиҳати кашфу дастгирии наврасони болаёқати мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсею гимназия ва омӯзишгоҳҳои касбиву техникӣ стипендияҳои Президенти Тоҷикистонро таъсис дода будем, ки айни замон теъдоди гирандагони онҳо 300 нафарро ташкил медиҳад. Танҳо аз шаҳри Ваҳдат даҳ нафар хонандагони болаёқат барандагони ин стипендия дар соли хониши 2014-2015 шудаанд.
Соли равон бо супориши Роҳбари давлат ҷиҳати дастгирии ҷавонони донишманду соҳибистеъдод, аз байн бурдани ҳама гуна тақаллубкорӣ ва ба таври шаффоф гузаронидани қабули имтиҳони дохилшавӣ дар муассисаҳои олии кишвар усули қабули марказонидашуда ҷорӣ карда шуд.
Ҷамъбасти нишондиҳандаҳо оид ба қабули донишҷӯён дар маркази миллии тестӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аксарияти хатмкунандагони хубу аълохон бе ягон мамониат ва душворӣ холи заруриро соҳиб шуданд.
Тавре ки шумо медонед, ҷаҳони муосир халқу миллатҳои дунёро бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ карда истодааст, ки барои ҳаллу фасли ин мушкилиҳо танҳо насли донишманду соҳибмаърифат ва бофарҳангу бедордил зарур мебошад.
Ман фикр мекунам, ки роҳи асосии ҳалли аксари ин мушкилот дар рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу савияи дониши наврасону ҷавонони кишвар мебошад.
Дар робита ба ин, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки роҳҳои иловагии дастгирии омӯзгорони ҷавонро ҷустуҷӯ карда, доир ба ҳалли ин масъала аз дастгириҳои давлатӣ ва дигар имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.
Итминони комил дорам, ки аҳли маорифи кишвар, аз ҷумла кормандони маорифи шаҳри Ваҳдат минбаъд низ бо саъю кӯшишҳои ватандӯстонаи худ дар пешрафти илму маориф, тарбияи кадрҳои ояндасоз ва пешрафту ободии Ватанамон ҳамчун табақаи соҳибмаърифату пешсафи ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Бори дигар таъкид месозам, ки Ватанро танҳо фарзандони бонангу номус, донишманду соҳибмаърифат соҳибӣ мекунанд ва давлатро фақат кадрҳои баландихтисос, дорои касбу ҳунарҳои замонавӣ ва баландихтисосу забондон пешрафта мегардонанд.
Дар остонаи соли нави хониш, инчунин дар арафаи солгарди навбатии Истиқлолияти Тоҷикистони азизамон бори дигар ҳамаи шумо, устодону шогирдони ин муассисаи навбунёди таълимиро табрик гуфта, бароятон дар ҷодаи пурзаҳмат, вале пурифтихори таълиму тарбия ва донишандӯзӣ барору комёбӣ орзу менамоям.
Умедворам, ки шогирдони мактаби навбунёди имрӯза ба омӯзиши илму дониш ҷиддӣ машғул мешаванд ва аз байни онҳо олимону донишмандон ва шахсиятҳои номдоре ба камол мерасанд, ки барои ояндаи халқу миллат содиқона хизмат мекунанд.
Ҳамеша саломату комёб бошед, устодони гиромӣ ва фарзандони азиз!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2014    №: 170    Мутолиа карданд: 1373
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед