сафарҳо
ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР БУНЁДИ ИНШООТИ НАВ
Субҳи 28 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ва мулоқот бо мардуми касбу кори гуногун ба шаҳри Ваҳдат омад.
Нахуст дар яке аз мавзеъҳои зебою фарохи канори шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат ба сохтмони варзишгоҳи марказӣ, боғи марказии фарҳангию фароғатӣ ва як мактаб барои 1240 хонанда оғози расмӣ бахшид.
Тибқи иттилоъ майдони асосии Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, ки бо харҷи 50 миллион сомонӣ дар масоҳати умумии 3,5 гектар бунёд мегардад, дорои 25 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд.
Варзишгоҳи марказӣ ҳам-чунин аз майдонҳои хурду миёнаи дигар, толорҳои гуногуни варзишӣ ва ҳуҷраҳои таъйиноти мухталиф иборат мешавад.
Мактаби нав бошад, барои 1240 хонанда бо навтарин шароити таълиму тарбия бунёд ёфта, аз синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар толору утоқҳои корӣ иборат хоҳад буд. Ҳамингуна мактаби замонавӣ барои 1240 хонанда дар деҳаи навбунёди «Истиқлол»-и шаҳри Ваҳдат бунёд мешавад, ки санги асосаш моҳи апрели соли равон аз ҷониби Сарвари давлат гузошта шуда буд. Ҳоло корҳои заминӣ барои оғози сохтмони он бо суръати баланд идома доранд.
Чунонки иттилоъ доданд, ҳоло дар шаҳри Ваҳдат 150 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад ва 6 мактаби наву 63 синфхонаи иловагӣ дар ҳоли сохтмон қарор доранд.
Боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Ваҳдат, ки сеюмин иншооти бузург дар ҳамин мавзеъ хоҳад буд, лоиҳааш бо диду нигоҳи нав ва усулҳои замонавӣ таҳия гардидааст.
Ин маркази бузурги фарҳангию фароғатӣ аз чойхонаи миллӣ, майдончаҳои бозию дилхушӣ бо атраксионҳои гуногун, фаввораҳои зебо ва дигар унсурҳои зарурӣ ороста мешавад.
Боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Ваҳдат дар масоҳати 3,5 гектар доман паҳн намуда, ба беҳтарин мавзеи сайру гашт ва фароғату дилхушии сокинону меҳмонони он табдил хоҳад ёфт.
Муҳлати анҷоми сохтмони ин иншоот 2 сол, яъне то моҳи сентябри соли 2016 дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муайян шуд.
Дар ин шаҳраки навбунёд, ки масоҳати умумиаш 37 га мешавад, ҳамчунин 22 бинои истиқоматии аз 9 то 12-ошёна, меҳмонхона бо 300 ҷойи хоб, кӯдакистон барои 340 кӯдак ва иншооти дигар бунёд хоҳанд ёфт.
Зимни суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр гардид, ки бо бунёд ёфтани ин шаҳраки муосир ва дигар иншооти сершумор шаҳри Ваҳдат пас аз чанд соли дигар ба яке аз зеботарин шаҳрҳои Тоҷикистон табдил хоҳад шуд.
Дар мавзеи сохтмони Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат аз ҷониби варзишгарони касбӣ ва дӯстдорони тарзи ҳаёти солим намоиши бошукӯҳи варзишию фарҳангӣ ороста шуд, ки басо ҷолибу шавқовар буд.
Тавре ки хабар доданд, варзишгарони шаҳри Ваҳдат дар соли 2014 дар 20 мусобиқаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва ҷамъиятҳои варзишӣ иштирок намуда, соҳиби 55 медали тилло, 28 медали нуқра ва 31 медали биринҷӣ гардидаанд.
Варзишгарони Ваҳдат ҳамчунин дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, дар маҷмӯъ соҳиби 3 медали тилло ва 3 медали нуқра гардидаанд. Аз ҷумла Шарифҷон Шукуров соли равон дар чемпионати Осиё оид ба муайтай, яъне бокси тайландӣ сазовори ҷойи якум, соҳиби медали тилло ва чемпиони Осиё шуд. Соли 2013 варзишгар Адҳам Мисоқов чемпиони Осиё оид ба гӯштии дзюдо гардида, мақоми Устоди варзиши дараҷаи байналмилалиро ҳимоя намуд.
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти кишвар ҳамчунин як мактаби замонавӣ барои 1280 хонанда дар 2 баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар навбати дуюм Сарвари давлат ба дараи зебоманзари Ромити шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, нахуст дар деҳаи Тангаӣ шифохонаи хусусии «Парастор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Мавриди зикр аст, ки ин шифохонаи зебою муосир бо 100 кати хоб барои беморон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акрам Холиқов сохта шудааст.
Бинои шифохона дуошёна буда, барои бунёдаш 11 500 000 сомонӣ масраф шудааст. Дар рафти корҳои сохтмони 200 нафар бо кор машғул буд. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур наздики 100 нафар дар он бо кори доимӣ таъмин мешаванд.
Ҳоло ин шифохона дорои шуъбаҳои умумитиббӣ ва кӯдакона буда, ҷиҳати хизматрасонии босифати тиббӣ ба анқариб 80 ҳазор аҳолии 4 ҷамоати деҳоти воқеъ дар дараи зебои Ромит пешбинӣ шудааст. Соҳибкор Акрам Холиқов тасмим дорад, ки оянда дар паҳлӯи ин бино ҳамчунин як бинои сеошёнаи дигар барои шуъбаи муосири ҷарроҳӣ бунёд намояд. Бо маслиҳати Президенти кишвар соҳибкор уҳдадор шуд, ки оянда то ба 50 нафар маъюбони ин минтақа ройгон хизмат расонанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор Акрам Холиқов барои ин иқдоми наку арзи сипос карда, ташаббуси ӯро намунаи ибрат номид.
Мардуми деҳоти атроф аз иқдоми ин соҳибкори маҳаллӣ басо шоду масрур шудаанд, зеро шифохонаи қаблии ин минтақа кайҳо кӯҳнаю фарсуда шуда буд.
Зимни сафари корӣ ҳамчунин дар деҳаи Бомғураи дараи Ромит Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Шоразми боло» шинос шуда, аз ҷумла ғаллакорию сабзавоткорӣ, кишти такрорӣ ва умуман истифодаи босамари заминҳои обии корамро дар ин ҷо намунавию ибратбахш номид.
Тавре ки зикр гардид, ин хоҷагӣ дорои 307 гектар замини корам буда, аҳли заҳмати он аз 100 га ғаллаи обӣ ба ҳисоби миёна 65 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд ва дар 70 га пас аз ҷамъоварии ҳосили ғалладона кишти такрорӣ ба роҳ мондаанд. Чунонки аён гардид, деҳқонони пуртаҷрибаи ин хоҷагӣ дар як замини кишти такрорӣ то се намуди зироатро корида, аз ҳар навъи он ҳосили дилхоҳ мегиранд. Барои ин се зироате интихоб мешавад, ки ба нашъунамои ҳамдигар монеъ намешаванд, балки мусоидат мекунанд, аз ҷумла ҷуворимакка, бодиринг ва лӯбиё.
Кулли заминҳои корами ин хоҷагӣ пурсамар истифода мешаванд. Чунонки иттилоъ доданд, аз ҳар га картошкаи барвақтӣ ба ҳисоби миёна 220 сентнерӣ ва аз пиёзи кишти асосӣ 450 сентнерӣ ҳосил мегиранд.
Дар ҳамин ҷо намунаҳо аз ҳосили ғалладонагиҳо, сабзавоту полезӣ, лӯбиёгиҳо, меваҳои шаҳдбор ва асали дараи овозадори Ромит ба маъраз гузошта шуда буд, ки бозгӯй аз заминҳои ҳосилхези ин минтақаи зебо ва заҳмати хастагинопазири мардуми он аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо деҳқонону боғпарварони хоҷагӣ бевосита суҳбат карда, ба натиҷаҳои кори онҳо баҳои баланд дод ва барои боз ҳам баланд бардоштани самарабахшии корҳои кишоварзӣ пешниҳодҳои муфид ба миён гузошт.
Сипас дар дараи Ромит Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи парвариши гулмоҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои ривоҷу равнақ додани ин соҳаи сердаромад ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Чунонки иттилоъ доданд, ҳоло дар ҳавзҳои сунъии ин корхона беш аз 15 ҳазор гулмоҳӣ ва 50 ҳазор моҳичаи хурд парвариш мешаванд. Дар ин ҷо 6 намуд гулмоҳӣ мавҷуд аст, ки 2 намудаш дарёии маҳаллӣ мебошад. Аз ҳама зебо гулмоҳии зарди тиллоранг аст.
Аз аввали соли равон корхонаи мазкур беш аз 3 тонна гулмоҳиро ба бозор ҷиҳати фурӯш баровардааст ва ҳоло 15 тоннаи дигар бо ин мақсад омодааст. Ҳар килограмми моҳӣ бо нархи 50 сомонӣ ба мизоҷон пешниҳод мешавад. Як гулмоҳӣ аз 2 то 5 кг вазн дорад.
Корхона ҳамчунин инкубатори худро дорад, ки дар он аз тухм моҳича бароварда мешавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.08.2014 №: 170 Мутолиа карданд: 1658