logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи дониш, шаҳри Душанбе, 1 сентябри соли 2014

Устодону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёни азиз!
Ҳамватанони гиромӣ!
Нахуст аз ҳама, кулли омӯзгорону устодон, аҳли илму маориф, тамоми толибилмону донишҷӯён ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи дониш самимона табрик мегӯям.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи дониш дар саросари кишвар далели эҳтироми баланди давлат ва мардуми Тоҷикистон ба илму маориф ва донишу маърифат мебошад ва ҳамчунин анъанаи некест, ки омӯзгорону устодон ва шогирдони муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти мамлакатро ба сӯи дастоварду комёбиҳои нав раҳнамоиву дилгарм месозад.
Мо дар оғози соли таҳсил ҳамчун анъана Рӯзи донишро бо дарси сулҳ оғоз мекунем, зеро ин ду мафҳум, яъне дониш ва сулҳ мафҳумҳое мебошанд, ки бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд. Мо шоҳиди он ҳастем, ки имрӯзҳо гӯшаву канори гуногуни оламро низоъҳои қавмиву мазҳабӣ, диниву сиёсӣ ва мухолифати байни миллатҳо фаро гирифта, инсоният ба марҳалаи нави муноқишаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ворид шуда истодааст. Бинобар ин, имрӯз сокинони сайёра беш аз ҳар вақти дигар ба сулҳу субот ниёз доранд.
Дар ин марҳалаи ҳассос мо бори дигар бо ҷиддият эълон медорем, ки ҷонибдори сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон буда, терроризм, экстремизм ва радикализмро қатъиян маҳкум менамоем ва тавассути донишу фарҳанги миллии худ бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мубориза мебарем.
Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромӣ ва дигар арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди баору номуси миллат, аз ҷумла шумо, хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони арҷманд мебошад.
Бинобар ин, мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, ваҳдати миллиро ҳамчун яке аз дастовардҳои бисёр нодир ва бузурги халқамон эҳтиёт кунем ва тамоми саъю талоши худро барои таҳким ва решадор шудани он равона созем. Ҳамчунин мо бояд тибқи суннату анъанаҳои гузаштагонамон таҳаммулгаро бошем.
Дар баробари ин, зарур аст, ки мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба арзишҳои неки тамаддуни башарӣ арҷ гузорем, нисбат ба проблемаҳои инсоният бетараф набошем ва хусусан дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳон саҳми арзандаи худро гузорем.
Дар ин раванд афзалият додан ба омӯхтани илму дониш, кушодани роҳи васеъ ҷиҳати азхуд кардани касбу ҳунар ва хулоса, муҳайё намудани тамоми шароити мусоид барои насли наврас ва ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳиммест, ки дар назди мо қарор дорад.
Мулоқоти имсолаи мо ба муносибати Рӯзи дониш дар саҳни бинои нави хушсохту замонавии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Яъне дар ин рӯз мо заҳмати афродеро гиромӣ медорем, ки онҳо худ меомӯзанд ва ба дигарон илму маърифат меомӯзонанд. Ин махзани илму адаб яке аз аввалин муассисаҳоест, ки дар давоми зиёда аз ҳаштод сол меъморони маърифату маънавиёт-омӯзгоронро ба камол мерасонад.
Имрӯз дар ин донишгоҳ дар 13 факултет мутахассисони ояндаи соҳаи маориф аз рӯи 56 ихтисос таҳсил менамоянд ва бо заҳмати устодони ин даргоҳ захираи кадрҳои омӯзгории мамлакат таъмин мегардад.
Маҳз бо дарназардошти хизмат-ҳои шоёни муаллим дар рушди илму маориф Ҳукумати мамлакат тасмим гирифт, ки барои фароҳам овардани шароити мусоид ва ба талаботи замон мувофиқ гардонидани низоми таълим боз як бинои нави таълимиро, ки дар он фаъолияти ду факултет ба роҳ монда мешавад, ба омӯзгорону донишҷӯёни ин донишгоҳ ҳадя намояд.
Дар кори бунёди ин бинои таълимӣ меъморону сохтмончиён заҳмати зиёд кашида, барои фарзандони мардуми диёрамон туҳфаи дар ҳақиқат идона омода карданд, ки ба ҳамаи онҳо миннатдорӣ баён менамоям. Бинои зебои имрӯза барои беш аз 1000 нафар донишҷӯ пешбинӣ гардида, бо дарназардошти ҳамаи меъёрҳои муосири таълим сохта шудааст.
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маркази асосии тайёр намудани омӯзгорон ва рушди фарҳангу адаб дар кишвар ба ҳисоб рафта, ҳазорон нафар дастпарварони он дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ, соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллии кишварамон ва берун аз он фаъолият доранд. Танҳо дар замони соҳибистиқлолии кишвар ин махзани илму маърифатро қариб 31 ҳазор нафар хатм кардаанд.
Аз байни хатмкардагони дониш-гоҳ олимону зиёиёни номбардори халқи тоҷик, аз ҷумла академикҳо, докторҳои илм, профессорон ва ходимони сиёсиву давлатӣ ба камол расидаанд. Бузургтарин чеҳраҳои илмӣ ва шахсиятҳои барҷастаи мамлакат дар ин муассисаи бонуфузи илму маърифат кору фаъолият намуда, ба халқу мамлакат хизматҳои шоиста кардаанд.  Даҳҳо адибони номдор таҳсилкардаи ҳамин донишгоҳ мебошанд.
Аксари донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Донишкадаи санъат, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва Донишкадаи омӯзгории Рашт дар заминаи ҳамин донишгоҳ таъсис ёфтаанд. Худи ҳамин далел нишонаи возеҳи он аст, ки ин муассисаи бонуфузи маърифатӣ ҳамчун манбаи тайёр кардани кадрҳои илмиву омӯзгорӣ хизмати шоистаеро ба анҷом расонидааст. Баъди истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳ ба ин донишгоҳ хеле зиёд гардид. Бинобар самимият ва ҳурмату эҳтироме, ки шахсан ба муаллим ва пешаи омӯзгор дорам, дастур додам, ки вазъи пойгоҳи таълимӣ ва техникии муассисаро омӯхта, доир ба он маълумотнома манзур намоянд.
Дар натиҷа барои таъмири асосӣ ва таҳкими пояҳои моддиву техникии донишгоҳ солҳои 2006-2008 беш аз 5 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд ва қисми зиёди биноҳои таълимӣ, ки беш аз сӣ сол рӯи таъмири асосиро надида буданд, аз нав тармиму навсозӣ карда шуданд. Ин дар замоне буд, ки буҷети давлат ҳамагӣ 400 миллион сомониро ташкил менамуд, вале бо вуҷуди ин, мо ба хотири рушди донишгоҳ чунин қарорро қабул кардем.
Баъдан ба маблағи 5 миллион сомонӣ дар муддати як сол бинои нави таълимӣ сохта, ба истифода дода шуд. Соли 2012 барои сохтмони боз як бинои таълимӣ дастур дода шуд. Ин бино низ дар муддати ду сол ба маблағи 11 миллион сомонӣ бунёд гардид ва имрӯз мавриди истифода қарор гирифт. Баробари ин, донишгоҳ бо 800 компютер таъмин гардид ва ҳоло китобхонаи электронӣ бо теъдоди сад компютер дар хизмати устодону донишҷӯён қарор дорад. Ҳамаи ин имкон дод, ки пояи моддиву техникии донишгоҳ то ба дараҷаи меъёрҳои байналмилалӣ таҳким ёфта, бо синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, озмоишгоҳҳои муосир ва дигар дастгоҳҳои иттилоотиву иртиботӣ таъмин карда шавад.
Бо дастгирии бевоситаи Президент ва бо қарори Ҳукумати мамлакат соли 2013 “Барномаи давлатии рушди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ то соли 2019” қабул гардид, ки маблағи он беш аз 15 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Бовар дорам, ки бо амалӣ гардидани ин барнома вазъи моддиву техникии донишгоҳ ба куллӣ тағйир ёфта, ин махзани илму дониш ба яке аз муассисаҳои пешсафи кишвар табдил меёбад.
Ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат шумо, устодону омӯзгорон ва масъулону кормандони донишгоҳ, вазифадор ҳастед, ки тамоми донишу таҷриба ва маҳорату малакаи худро ҷиҳати ҷиддан баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи насли навраси кишвар дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ахлоқу одоби ҳамида равона созед. Вале тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, сифати таълим ва омодагии касбии шогирдони донишгоҳ ҳанӯз талаботи замонаи пешрафтаро қонеъ карда наметавонад.
Махсусан, паст будани сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар, ки онро бори дигар имтиҳонҳои қабули марказонидашуда аз тарафи Маркази миллии тестӣ нишон дод, гувоҳи ин гуфтаҳост. Натиҷаи имтиҳоноти қабул натиҷаи кори омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумист, ки аксари онҳо хатмкардагони ин даргоҳ мебошанд.
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, ки ҳамчун манбаи асосиву пойгоҳӣ дар самти омода намудани омӯзгорон барои муассисаҳои таълимии кишвар муайян шуда, вазифаи таъмини методии дигар муассисаҳои таҳсилоти олии ихтисоси омӯзгориро ба дӯш дорад, вазифадор аст, ки дар ислоҳи ин камбудиҳо чораҷӯӣ намояд.
Вазорати маориф ва илмро низ зарур аст, ки доир ба таъмини сифати таълиму тарбия, таҳияи нақшаву барномаҳои нави таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ, махсусан барои ихтисосҳои омӯзгорӣ чораҷӯӣ намуда, дар самти ҷорӣ кардани усулҳои наву фаъоли таълим бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ ба донишгоҳ мусоидат намояд.
Дар ин раванд зарур аст, ки дар нақшаҳои таълимӣ бо мақсади омӯзонидани маҳорату малакаи касбӣ соати дарсҳои амалӣ, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва педагогӣ зиёд карда шуда, ба сифати гузаронидани машғулиятҳои амалӣ диққати ҷиддӣ дода шавад. Ҳамчунин нақшаву барномаҳои таълимии курсҳои бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон таҷдиди назар гардида, фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари муаллимон ба ин курсҳо таъмин карда шавад.
Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки аз оғози соли таҳсили 2014-2015 аттестатсияи пурраи омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии кишварро ба роҳ монад.
Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва неруи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд. Бинобар ин, дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасби ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ яке аз вазифаҳои муҳимми соҳаи маориф ва илми кишвар маҳсуб меёбад.
Барои расидан ба ин ҳадаф сатҳи касбии муаллимон ва тарбиятдиҳандагон дар ҳамаи бахшҳои низоми маорифи мамлакат бояд ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ бошад, яъне муассисаҳои таҳсилоти олии омӯзгорӣ ба сатҳи байналмилалӣ расонида шаванд, то ки дастпарварони муассисаҳои таълимӣ дар асри иттилоотиву иртиботӣ қобилияти баланди рақобат дошта бошанд.
Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву неруманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму техника ва технологияҳои инноватсиониро азхуд намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд.
Соҳаи маориф дар марҳалаи муосири инкишофи инсоният ба яке аз соҳаҳои муҳимму ҳалкунандаи ҳаёт мубаддал гардидааст.  Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳамаи самтҳои он баробар рушд ёбанд. Алалхусус, дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷамъиятӣ ва буҳронҳои иҷтимоӣ торафт вусъат мегиранд, масъалаи тарбия ва инкишофи ҳамаҷонибаи инсон беш аз пеш аҳамият пайдо мекунад. Вобаста ба ин, соҳаи маорифи кишвар бояд на танҳо ба тайёр намудани қувваи корӣ, инчунин ба рушди ҳамаҷонибаи шахсият эътибори ҷиддӣ зоҳир намояд.
Мусаллам аст, ки фаъолияти омӯзгор асосан аз ду самт ё ҷанбаи муҳим иборат аст: таълим ва тарбия. Ин ду самт ба ҳамдигар пайванди узвӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. Омӯзгори асил бояд ин пайвастагиро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад.
Дар робита ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки рисолат ва вазифаи муҳимтарини падару модарон тарбияи хуб, ёд додани адаб ба фарзанд ва таъмини шароити мусоид барои ӯ мебошад. Агар ин рисолат бо фаъолияти созандаи омӯзгорон омезиш ёбад, фарзандон, албатта, таълиму тарбияи дуруст мегиранд ва ба роҳи рост ҳидоят мегарданд. Азбаски омӯзгор машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб мешавад, ин рисолат ӯро дар ҷомеа сазовори обрӯ ва эҳтироми хоса гардонидааст.
Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад.
Устодони муҳтарам ва фарзандони азиз!
Ҳукумати Тоҷикистон раванди босуръати низоми маорифи ҷаҳониро ба инобат гирифта, оид ба мутобиқгардонии низоми маорифи мамлакат ба ин раванд то имрӯз як силсила тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонид. Аз ҷумла татбиқи Барномаи давлатии компютерикунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таъсиси низоми ягонаи қабул ба мактабҳои олӣ тавассути Маркази миллии тестӣ ва монанди инҳо аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки имрӯз барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва дарёфти хонандагону донишҷӯёни болаёқат мусоидат карда истодаанд.
Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат бо 47 ҳазор компютер, ҳафтуним ҳазор принтер таъмин гардидаанд, ки 99,1 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.
Яъне барнома асосан ба анҷом расида истодааст, вале самаранокии он ва бо муаллимони фаннӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ чандон назаррас нест. Ҳадаф аз амалигардонии ин барнома баланд бардоштани фарҳанги техникии хонандагон ва истифода аз технологияҳои муосири иттилоотиву иртиботӣ мебошад.
Лекин мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе масъулони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ танҳо аз теъдоди компютерҳо дар мактабҳо гузориш пешниҳод карда, ба масъалаи истифодаи мақсаднок ва самаранокии онҳо дар низоми таълим таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намекунанд.
Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор аст, ки доир ба вазъи истифодаи воситаҳои техникии таълим мониторинг гузаронида, сатҳи истифодаи мақсадноки технологияҳои иттилоотиро дар раванди таълим мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳад ва дар ин самт чораҳои мушаххас андешад.
Дӯстони азиз!
Ҳарчанд ки дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои кишвар дар муқоиса бо солҳои пешин норасоии омӯзгорон кам гардидааст, вале то ба ҳол қонеъкунанда нест. Дар давраи хатми соли таҳсили 2013-2014 талабот аз рӯи як воҳиди корӣ тибқи пешниҳоди шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 3687 нафарро ташкил медод.
Тибқи тақсимот шумораи хатмкунандагони ихтисоси омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, яъне коллеҷҳои омӯзгорӣ ва донишкадаву донишгоҳҳои омӯзгорӣ бо роҳхати Вазорати маориф ва илм 3824 нафарро ташкил дод. Дар сурати ба ҷои кор ҳозир шудани ин миқдор мутахассисони ҷавон норасоии касбӣ дар мактабҳо бояд пурра бартараф мешуд. Яке аз сабабҳои асосии чунин ҳолат набудани низоми муайян ва назорати доимӣ аз ҷониби тарафҳои масъул мебошад.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки барои фароҳам овардани шароити зист ва дигар навъҳои дастгирии мутахассисони ҷавон мунтазам чораҷӯӣ намоянд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ҷараёни ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавонро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.
Бояд гуфт, ки татбиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 2011-2015» низ ташвишовар мебошад. То анҷоми барнома вақти кам мондааст ва дар сурати харидорӣ нагардидани озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ иҷрои қарор дар муҳлати муқарраргардида ғайриимкон мегардад.
Бинобар ин, ба раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таҳкими асосҳои моддиву техникии муассисаҳои зикршуда, аз ҷумла ҳалли масъалаи харидорӣ кардани таҷҳизот барои озмоишгоҳҳо ва ташкили ҳуҷраҳои фаннӣ чораҳои фаврӣ андешанд.
Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои дарёфт ва тарбияи хонандагони лаёқатманд дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар то имрӯз 8 мактаби президентӣ таъсис дода шуд. Соли ҷорӣ ҳамчунин Ҳукумати мамлакат “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020”-ро қабул намуд.
Татбиқи барномаи мазкур имконият медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳо марказҳои таълимиву илмии махсусгардонидашуда ва марказҳои эҷодиёти техникӣ барои хонандагони лаёқатманд таъсис дода, дар онҳо шароити муосири таълиму тарбия муҳайё карда шавад. Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки дар доираи барномаи зикршуда дар марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳоро таъсис диҳанд.
Устодон ва толибилмони азиз!
Имрӯз тибқи талаботи бозори меҳнати дохилу хориҷи кишвар мо бояд кадрҳоеро омода созем, ки касбу ҳунари омӯхтаи онҳо харидор ва бозори ҷаҳонӣ ба он ниёз дошта бошад.
Таъкид намудан зарур аст, ки мо имрӯз аз ҳама бештар ба мутахассисони соҳаҳои саноати сабук, маъдану энергетика, заминшиносӣ, муҳандисони роҳу нақлиёт, сохтмончиёну геологҳо, нақбканон, табибон, меъморону наққошон, технологҳо, муҳандисони барномасоз, ки омода намудани онҳо дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ амалӣ мегардад, инчунин садҳо номгӯй ихтисосҳои коргарӣ ниёз дорем, ки тайёр кардани онҳо бояд дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ сурат гирад.
Дар ин раванд махсусан ба таъсиси муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии равияи техникиву технологидошта бояд аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.
Ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ин муассисаҳо, нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои фаннӣ, дастурҳои методӣ, роҳнамову китобҳои дарсӣ ва монанди инҳо омили дигари пешрафти соҳаи мазкур мебошад.
Дар самти касбомӯзӣ ва ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунар ҷоннок намудани фаъолияти шабакаи Марказҳои омӯзиши калонсолон зарур аст. Масъалаи мазкур бояд дар ҳамкории судманд байни Вазорати маориф ва илм ва Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷараён гирифта, барои ба равандҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани муассисаҳои таълимии мазкур чораҳои дахлдор андешида шаванд.
Талаботи ҷомеа ба маснуоти суннатии миллӣ моро водор месозад, ки ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва меҳнати хонагӣ, аз қабили қолинбофӣ, заргариву зардӯзӣ, кандакориву гаҷкорӣ, наққошиву мисгарӣ ва даҳҳо касбу ҳунарҳои суннатӣ ва дар айни замон касбу ҳунарҳои замонавӣ, аз ҷумла таъмиргарони таҷҳизоту технологияҳои электронӣ таваҷҷуҳи бештар намоем. Бо ин мақсад бояд заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимии ҳунаромӯзӣ тақвият дода шаванд.
Дар робита ба ин, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки доир ба ҳалли як силсила масъалаҳо, аз ҷумла тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилоти мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва тарбияи кадрҳои баландихтисос нақшаи чорабиниҳо таҳия намояд ва дар давоми соли таҳсили ҷорӣ барои амалӣ намудани он тадбирҳои мушаххас андешад.
Дар ин замина таъкид бояд кард, ки ҳангоми таҳияи стандарти давлатии таҳсилот, нақшаву барномаҳои таълимӣ, низомномаҳо ва дигар санадҳо барои гузариш ба низоми нави таҳсилоти кредитӣ, пеш аз ҳама, ҳувият ва арзишҳои миллии халқамон ба инобат гирифта шаванд.
Устодони муҳтарам ва шогирдони азиз!
Имсол аввалин бор дар кишвар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ тавассути имтиҳоноти марказонида дохил шуданд. Бақайдгирии довталабон аз 1 марти соли ҷорӣ оғоз гардида, то 30 апрел идома ёфт. Ҷиҳати пешгирӣ намудани хароҷоти гуногуни довталабон аз минтақаҳои кишвар дар 11 шаҳру ноҳия 20 нуқтаи бақайдгирӣ ташкил карда шуд. То 30 апрел 52521 нафар довталабон номнавис шуданд, ки аз онҳо 35023 нафар ё 67,6 фоизро писарон ва 17498 нафар ё 32,4 фоизро духтарон ташкил доданд. Аз ин ҳисоб 126 нафарро маъюбон ва 151 нафарро ятимони кулл ташкил медиҳанд.
Бо мақсади таъмини шаффофият дар раванди қабули имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар синфхонаҳои интихобшуда видеокамераҳо насб гардида, пахши мустақими ҷараёни имтиҳон дар маҷлисгоҳи марказҳои имтиҳонӣ бо иштироки падару модарон ва дигар шахсони хоҳишманд ба роҳ монда шуд.
Таҳлили пешакии натиҷаҳои имтиҳоноти марказонидашудаи дохил-шавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ нишон дод, ки аз 45909 нафар довталабон ҳамагӣ 29694 нафар аз ҳадди муайяншуда (холи гузариш) бештар хол гирифтанд, ки ба 64,7 фоиз баробар мебошад.
Таҳлили фарогирии довталабон вобаста ба минтақаҳо нишон дод, ки аз 29694 нафари холи мусбатгирифта 13,3 фоиз аз шаҳри Душанбе, 17,2 фоиз аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 30,2 фоиз аз вилояти Суғд, 34,1 фоиз аз вилояти Хатлон ва 5,2 фоиз аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд.
Муқоисаи таҳлили мазкур бо шумораи хатмкунандагони синфи 11 нишон медиҳад, ки ба таври умумӣ таносуби минтақаҳо риоя шуда, фаъолнокии бештари хатмкунандагон аз шаҳри Душанбе ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба чашм мерасад.
Ҷараёни қабули имтиҳонҳои марказонидаи имсола собит намуд, ки баҳои гузоштаи омӯзгорон ба дониши воқеии хонандагон мувофиқат намекунад, яъне сатҳи дониши толибилмон хеле паст аст. Чунин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки баъзе омӯзгорон ҳангоми баҳогузорӣ ба дониши шогирдон бемасъулиятӣ зоҳир намуда, талаботи баҳогузориро риоя намекунанд.
Ҳамчунин хонандагони имрӯза дар интихоби касб на ҳамеша озод буда, дар ин самт бештар ба орзуву ҳаваси волидайн такя мекунанд. Аз ҷумла имсол аз 52 ҳазору 406 ҳуҷҷати воридшуда қариб 31 ҳазори он ба ихтисосҳои тиббӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ рост омада, ба ихтисосҳои барои кишварамон зарурӣ таваҷҷуҳ ниҳоят кам буд. Ғайр аз ин, донишу малакаи довталабон аз фанҳои табииву риёзӣ ва информатика дар сатҳи хеле паст қарор дошта, бо ин сабаб беш аз 16 ҳазор довталабон ҳадди поёнтарини муайяншударо гузашта натавонистанд.
Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор аст, ки барои бартарафсозии камбудиҳои зикршуда чораҳои таъхирнопазир андешида, якҷо бо Маркази миллии тестӣ фаъолияти худро дар ҷодаи интихоби касб тақвият бахшанд. Ташкили Маркази миллии тестӣ ва танзими имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ дар замони муосир барои соҳаи маорифи кишвар ҷаҳиши куллии сифатӣ ба шумор меравад. Падару модарон ва даҳҳо ҳазор хатмкунандагони мо бовар ҳосил карданд, ки сатҳи ҳақиқии дониш ва маҳорату малакаи шахсӣ омили асосии дохил шудан ба мактаби олӣ ва ба ин васила таъмин намудани ояндаи нек барои ҷавонон мебошад.
Ҷорӣ гардидани имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ тақозо менамояд, ки мо роҳу равишҳои наву самараноки арзёбии сатҳи дониш ва маҳорату малакаи хонандагонро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, махсусан дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пайгирӣ кунем. Дар ин замина гузаштан ба низоми нави баҳогузории шаффоф ногузир ба назар мерасад.
Бояд тазаккур дод, ки вазифаи Маркази миллии тестӣ танҳо амалӣ гардонидани низоми ягонаи қабули имтиҳонҳо ба мактабҳои олӣ нест. Ин сохтори навтаъсис вазифадор аст, ки баъди анҷоми қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои омӯзиш ва мониторинги сифати таълими фанҳои гуногун дар шаҳру ноҳияҳо, мактабҳои алоҳида ва умуман дар ҳар як муассисаи таҳсилоти умумӣ таҳлилҳо гузаронад ва хулосаҳои худро барои беҳтар намудани сифати таълиму тадрис ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод намояд.
Дар баробари ин, минбаъд ҳама гуна озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннии сатҳи гуногун бояд дар Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шаванд ва кафолати шаффофияти онҳо таъмин гардад. Инчунин соли оянда бо мақсади роҳ надодан ба ҳодисаҳои коррупсионӣ, таъмини шаффофияти баҳогузорӣ ба сатҳи дониши довталабон ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси замонавӣ пешниҳод менамоям, ки қабул  ба До-нишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, донишгоҳҳои пӯлод ва хӯлаи Москва, энергетикаи Москва ва тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ ва моликияташон, ба истиснои муассисаҳои таълимии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз тарафи Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шавад.
Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат муҳимтарин махзани тайёр намудани мутахассисон барои соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ба шумор мераванд. Давлату Ҳукумат ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар ин муассисаҳо доимо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Имрӯз замони он расидааст, ки дар асоси истифодаи таҷрибаи мамлакатҳои пешрафта ба тарбияи мутахассисони зинаи магистратура, аспирантура ва докторантура аҳамияти бештар зоҳир карда шавад.
Дар асоси озмун қабул намудан ба магистратура, аспирантура ва докторантура боиси ҷалби хамткунандагони донишманду болаёқат мегардад, яъне минбаъд афроде бояд ба ин зинаҳои таҳсилот ҷалб карда шаванд, ки ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар ҳақиқат шавқу рағбат доранд.
Бо вуҷуди он ки дар замони истиқлолият дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ як қатор ихтисосҳои нави замонавӣ кушода шуданд, ҳоло ҳам баъзе ихтисосҳое мавҷуданд, ки ба эҳтиёҷоти иқтисоди миллии мо ҷавобгӯ нестанд. Аз ин рӯ, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм ва роҳбарони мактабҳои олӣ вазифадоранд, ки тибқи таснифоти қабулшуда ихтисосҳои мавҷударо ба шароити кунунии талаботи иқтисоди миллӣ мувофиқ гардонанд.
Дар давраи истиқлолият марбут ба илм ва инноватсия даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки масъалаҳои соҳаро танзим ва ба рушди он мусоидат менамоянд. Татбиқи амалии санадҳои мазкур имконият фароҳам меорад, ки магистрантҳову аспирантҳо, докторантҳо ва унвонҷӯён минбаъд дар дохили кишвар рисолаҳои илмӣ дифоъ намоянд. Алалхусус, қабули қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсиси низоми таҳсили докторантура PhD (пи эйч ди) шароит фароҳам меоварад, ки кадрҳои илмӣ ва илмиву омӯзгорӣ дар муассисаҳои олии касбии мамлакат омода карда шаванд.
Бо ин мақсад чанд рӯз пеш ман фармонро доир ба Комиссияи олии аттестатсионӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо кардам, ки тибқи он фаъолияти сохтори зикршуда аз моҳи январи соли 2015 оғоз мегардад.
Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ имконият медиҳад, ки мушкилоти зиёди шаҳрвандон дар бобати омода кардани рисолаҳои илмӣ ба забони давлатӣ ва ҳимояи онҳо дар дохили кишвар осон гардида, ҳамзамон бо ин, эҳтиёҷоти иқтисоди кишвар ба кадрҳои муосири илмӣ дар доираи низоми байналмилалӣ таъмин гардонида шавад. Ин иқдом метавонад барои таҳкими истиқлолияти илмии мамлакат мусоидат намояд.
Имсол бори нахуст бо мақсади ҳамгироии илмҳои академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дастгирии таҳқиқоти илмии муштарак, баланд бардоштани сатҳи таҳсилот, ҳифзи неруи илмиву техникӣ, ҳамчунин ҳал кардани мушкилоти мавҷудаи кормандони соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар назди Вазорати маориф ва илм Шӯрои илм ва инноватсия таъсис дода шуд.
Шӯрои мазкур имконият медиҳад, ки татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм ва инноватсия ба роҳ монда, самтҳои афзалиятноки илми ватанӣ муайян карда шаванд ва пешбурди таҳқиқоти илмӣ, шаклҳои маблағгузории он ва омода намудани кадрҳои илмӣ танзим гардад.
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маркази асосии илми мамлакат ҷиҳати тараққӣ додани илмҳои дақиқ ва техникӣ, ҳамоҳангсозии илмҳои академӣ, соҳавӣ ва мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ, амалӣ намудани сиёсати ягонаи илмиву техникӣ дар қаламрави мамлакат, таҳлили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии Тоҷикистон, омӯзиши дастовардҳои илм ва технологияи ҷаҳонӣ, мусоидат ба истифодаи ин дастовардҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар масъулият дорад.
Яке аз вазифаҳои асосӣ ва стратегии Академияи илмҳо ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба соҳаи илм ва тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ мебошад. Боиси хушнудист, ки имрӯз бо амалӣ гардидани принсипҳои сиёсати инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимӣ сафи ҷавонони соҳибзавқ, соҳибҳунар ва эҷодкор торафт афзуда, ҷавонони лаёқатманд ба корҳои илмиву инноватсионӣ бештари ҷалб карда мешаванд ва сифати корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои таълимиву илмии кишвар сол аз сол беҳтар мегардад.
Донишҷӯёни муҳтарам!
Даврони донишҷӯӣ на танҳо марҳалаи зебои ҷавонӣ, балки айёми муҳимми омӯзиш, азхуд кардани илму дониш, касбу ҳунар, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ба шумор меравад. Таҳсил намудан кори хеле душвор ва заҳматталаб аст. Он на танҳо аз ҳар як фарди донишҷӯ, балки аз устодону волидайн низ сабру таҳаммул, серталабӣ ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд.
Бинобар ин, ман ба ҳамаи шумо муроҷиат менамоям, ки ин давраро самаранок истифода бурда, тамоми неруи худро барои азбар кардани донишҳои муосир, ихтисос ва касбу ҳунари интихобкарда, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан нисбат ба забони модарӣ ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ равона созед. Фаромӯш насозед, ки ояндаи дурахшони Ватани азизамон ба донишандӯзии имрӯзаи шумо вобастагӣ дорад.
Дар баробари ин, мехоҳам таъкид намоям, ки вақтҳои охир аз бемасъулиятии як қисми волидайн ва масъулини баъзе муассисаҳои таълимӣ ҷавонон ва махсусан хонандагон бо сабаби ғайримақсаднок истифода бурдани шабакаҳои интернет даст ба ҷиноят мезананд ва бо ҳамдигар муноқиша менамоянд, ки чунин муносибат то ба куштор оварда мерасонад.
Бинобар ин, падару модарон ва масъулини муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки истифодаи шабакаҳои иттилоотии ба рӯҳияи ҷавонон зарароварро дар хона ва мактаб маҳдуд намоянд ва истифодаи телефонҳои мобилии фарзандонро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Яке аз масъалаҳои доғи дигаре, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ба равияҳои экстремистии динӣ гаравидани баъзе ҷавонон ва наврасон мебошад. Гаравиши ҷавонон ба ҳаракату равияҳои бегонаву хатарнок, ба қочоқ ё фурӯши маводи мухаддир даст задани онҳо, қонуншиканӣ, шомил шудан ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва тақлид ба расму оин ва тарзи либоспӯшии барои мардуми мо бегона омилҳое мебошанд, ки насли наврасро аз асолати милливу суннатӣ дур месозанд.
Рафтору гуфтори ҷавонон дар миёни ҷомеа ва бетарафии ҷомеаро нисбат ба ин раванд наметавон кори дуруст ҳисобид. Бетарафӣ хиёнат аст ва ҳар як нафар шаҳрванд масъулияти баланди шаҳрвандияшро дар бобати ба роҳи дуруст ҳидоят намудани насли наврас ва ҷавонон бояд зоҳир намояд.
Омӯзиш ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз беаҳамиятии баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ истифода карда, равияву ҷараёнҳои тундраву ифротгаро ҷавонону наврасони ноогоҳро ба доми худ мекашанд, ки ин оқибати хуб надорад.
Бинобар ин, аз шумо - омӯзгорону устодони муҳтарам, ки ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинии насли наврас ва пешбарандаи маърифати ҷомеа ҳастед, тақозо мегардад, ки насли наврасро ба роҳи рост ва омӯхтани илму дониш ҳидоят намоед. Ҷавонону наврасон набояд фирефтаи дасисаҳои гурӯҳҳои ифротгаро шуда, ҳаёти хешро қурбони нақшаҳои ғаразноки онҳо гардонанд.
Бояд гуфт, ки дар баробари таълим дар ташаккули насли ояндаи кишвар тарбия нақши арзанда дорад. Мутаассифона, имрӯзҳо дар аксар муассисаҳои таълимии кишвар диққати асосӣ ба таълим дода шуда, тарбия то андозае аз мадди назар дур мондааст. Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки барои дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия намудани насли наврас нақшаи дарсҳои тарбиявиро бо мавзӯъҳои мушаххаси рӯзмарра таҳия ва татбиқ намояд. Ва ҳангоми арзёбии фаъолияти роҳбари ин ё он муассисаи таълимӣ дар баробари баҳо додан ба натиҷаҳои таълиму тадриси шогирдон вазъи корҳои тарбиявиро ҳам мавриди санҷиш қарор дода, хулосаҳои зарурӣ барорад.
Имрӯз суботу амнияти миллату давлатҳо ба дараҷаи рушди илму маориф ва техникаву технологияҳои онҳо вобаста мебошад. Рӯйдодҳои сиёсӣ ва геополитикии солҳои охир нишон доданд, ки камогоҳӣ, сатҳи нокифояи дониш, аз моҳияти равандҳои сиёсӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ бохабар набудани мардум метавонад ба хатари ҷиддие ба суботу амнияти давлатҳо табдил гардад.
Ман қаблан дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта будам ва имрӯз бори дигар таъкид менамоям, ки мактабу маориф омили муҳимтарини амнияти миллӣ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд.
Дар иртибот ба ғамхориҳои Ҳукумати кишвар омӯзгорон бояд диққати ҷиддиро ба баланд бардоштани сатҳи малакаву дониши толибилмон, махсусан ихтисосҳои мутобиқ ба талаботи муосир равона созанд.
Дар охир мехоҳам иброз намоям, ки мо дар ҷараёни озмоиши бузурги таърихӣ-татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ, ки омода намудани наслҳои ояндасози давлату миллат қисми таркибии он аст, қарор дорем. Озмоише, ки аз мо шинохт ва диди амиқ, масъулият, талошу заҳмати шабонарӯзӣ, ваҳдату муттаҳидӣ ва ҳадафмандии хосро тақозо менамояд.
Итминони комил дорам, ки бо неруи созанда ва эҷодгари шумо - омӯзгорони муҳтарам ва тамоми мардуми шарифи кишвар мо аз ин озмоиши бузурги таърих бо ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва азму иродаи шикастнопазири миллӣ хоҳем гузашт ва насли нав ва ворисони содиқеро тарбия хоҳем кард, ки воқеан сазовори ин давлату миллат гардида, Тоҷикистони азизро дар оянда ба таври шоиста обод ва соҳибӣ хоҳанд намуд.
Давлату Ҳукумат ба шумо эътимоди комил дорад, зеро инсоният ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад.
Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд.
Фарзандони азиз, хонандагону донишҷӯёни муҳтарам!
Ояндаи кишвар ва тақдири давлату миллат дар дасти шумост.
Шуморо дар Рӯзи дониш бори дигар даъват менамоям, ки ҳар лаҳзаи умри худро сарфи донишомӯзӣ, забономӯзӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва техникаву технологияҳои муосир намоед, то ки ворисони ҳақиқии ин марзу буми пуршарафи аҷдодӣ ва муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ бошед.
Хонед, омӯзед, аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат самаранок истифода баред, аз ақлу заковат ва ҷаҳонбинии устодону омӯзгорони донишмандамон истифода намуда, бо такя ба фарҳанги оламшумули гузаштагонамон боадаб бошед ва ҳурмату эҳтироми калонсолонро ба ҷо оваред.
Ба устодону омӯзгорони азизу арҷманд муроҷиат карда, бори дигар хотирнишон менамоям, ки онҳо шахсони масъулу равшанфикри ҷомеаи мо мебошанд.
Ва мо аз шумо - омӯзгорону устодон, умеду итминон дорем, ки ин рисолати хешро минбаъд низ аз сидқи дил ба ҷо оварда, дар таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат, хушахлоқ, соҳиби касбу ҳунар, ватандӯсту ватанпараст ва ба миллату Ватани хеш содиқ саҳми муносиб мегузоред.
Дар иҷрои ин кори хайр ба шумо пирӯзиву комёбиҳо орзу дорам.
Саломат бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.09.2014    №: 171    Мутолиа карданд: 1658
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед