мулоқотҳо
Сӯҳбати Президент бо кормандони
воломақоми милитсия
25 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кормандони воломақоми милитсияро, ки ба вазифаҳои пурмасъулият дар Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарии шӯъбаҳои корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъйин шудаанд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуда, дар наздашон оид ба таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккил ва қочоқи маводи мухаддир вазифаҳои мушаххас гузошт.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ҳамчунин дастур дод, ки талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумат ва дастуру ҳидоятҳои Сардори давлатро, ки аз паёмҳои ҳарсолаи ӯ ба Маҷлиси Олӣ ва суханрониҳои дигар бармеоянд, дастури амали худ намуда, пайваста баҳри баланд бардоштани донишу маҳорати касбии худ ва тарбияи кадрҳои ҷавон кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Таъкид гардид, ки ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди халқу Ватан бояд ҳамеша раҳбару раҳнамои онҳо дар иҷрои вазифаҳояшон бошад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2107