барқияҳо
Барқияи шодбош ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов
1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи шодбош фиристод, ки дар он чунин омадааст:
«Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич,
Таҷлили Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ман имконияти хуб медиҳад, то Шумо ва тамоми мардуми ӯзбекро бо ин санаи муҳим табрик намоям.
Барои Тоҷикистон, ки яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати берунии он таҳкими робитаҳои минтақавӣ маҳсуб мешавад, муносибот бо Ӯзбекистон аҳамияти муҳим доранд.
Мо хоҳони муносиботи зичи мутақобила, ки аз манфиатҳои умумии таъмини амнияти минтақавӣ, субот ва ташкили шароитҳо барои рушди устувори ҳар ду кишвар ва некуаҳволии мардумонамон бармеоянд, мебошем.
Бо такя ба анъанаҳои таърихии дӯстона, мо ният дорем тамоми иқтидори мавҷударо барои таҳкими минбаъдаи муносиботи неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои мутақобила пурра амалӣ созем. Ин, бешубҳа, ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётӣ на танҳо барои мардум ва давлатҳои мо, балки дар маҷмӯъ барои минтақаи Осиёи Марказӣ низ мебошад. Бовар дорам, ки ташрифи қарибулвуқӯи Шумо ба Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоиши Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба ин раванд тақвият мебахшад.
Бо истифода аз ин имконият, ба Шумо, Ислом Абдуғаниевичи муҳтарам, саломатӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои навро ба манфиати таҳкими муносиботи дуҷонибаамон таманно намуда, ба мардуми дӯсти Ӯзбекистон сулҳ, некуаҳволӣ ва шукуфоии минбаъдаро хоҳонам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.09.2014 №: 171 Мутолиа карданд: 1467