барқияҳо
Барқияи шодбош ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев
31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст:
«Муҳтарам Алмазбек Шаршенович,
Табрикот ва беҳтарин таманниёти маро ба муносибати фарорасии Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон қабул фармоед.
Қирғизистон барои мо ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад ва мо барои тавсеа ва таҳкими муносибот миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дорои анъанаҳои бойи таърихианд, ҳавасмандем. Умедворам, ки ба мо муяссар мешавад якҷоя шарикии кишварҳоямонро, ки ҷавобгӯи аслии манфиатҳои ду халқи бародар аст, таҳким бахшем.
Ба Шумо, муҳтарам Алмазбек Шаршенович, саломатӣ ва хушбахтӣ, ба халқи бародари қирғиз – сулҳ ва шукуфоӣ таманно менамоям».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.09.2014 №: 171 Мутолиа карданд: 1502