logo

номаҳо

ОБИ ДАРИ ХОНАРО ҚАДР МЕБОЯД

Сарфи назар аз он ки духтари беморам аз шиддати дард аз ҳуш мерафт, табибони кишвари Русия бидуни пардохти 15-20 ҳазор доллар аз ҷарроҳӣ худдорӣ карданд.
Зиёда аз 20 сол ба саломатии  духтарам осеби косахонаи сар, ки бар  асари садама дар наврасӣ бардошта буд, таҳдид дошт. Он вақт табибон ягона роҳи наҷот - гузоштани ашёи муваққатиро дар дохили сараш зарур донистанд. Аммо то шиддат гирифтани дарди охир духтарам  намедонист, ки дар сараш «чизе» аст. Хулоса, дар 27 - солагӣ дарди косахонаи сараш чунон шиддат гирифт, ки аз азияти он бемадор мешуду аз ҳуш мерафт. Талошҳои мо барои табобат бенатиҷа буд. Чун духтарам дар Русия бо оилааш мезист, ба назди табибони ин кишвар рафтанд. Вале ҳеҷ як аз усули муолиҷаи  табибони Русия шиддати дардро кам карда натавонист. Табибони шаҳри Маскав ягона роҳ,  гузаронидани ҷарроҳиро пешниҳод карданд.
Онҳо розигии моро барои анҷом додани амалиёти ҷарроҳӣ интизор буданд, то ҳангоми рух додани ҳодисае онҳоро гунаҳкор накунем. Табиист, ки сар ва ҷарроҳии он хеле нозук аст, аз ҳама узви муҳими инсон мебошад. Аммо, вақте ки арзиши ҷарроҳиро фаҳмидем… Табибон барои чунин амалиёт 15-20 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карданд. Ноилоҷ мондем. Бемор ҳам ин ҳолатро дарк кард, ки гуфт: «модар, бояд ба Ватан баргардем ва зуд».
Ба Ватан баргашта, дар пайи ҷустуҷӯи ҷарроҳони шинохта шудем, ҳарчанд ки духтарам дигар аз шиддати беморӣ ҳатто аз ҳарф задан монда буд. Яке аз дӯстон тавсия дод, ки ҷарроҳони муваффақи худамон кам нестанд. Ному насаби ҷарроҳро гуфтанд ва мо ба назди он табиб рафтем.
Табибони Русия мегуфтанд, ки дар сари бемор чурра «грижа» ҳаст ва косахонаи сари ӯ ба ҷарроҳии вазнин ва боэҳтиёт ниёз дорад. Зеро тӯли ин солҳо устухонҳои сар ба истилоҳ каҷ инкишоф ёфта буданд.
Ҷарроҳии мазкурро дар ҷумҳурии худамон падару писар Раҳмон Муродов ва Раҳим Муродов дар беморхонаи хусусии «Балх»-и шаҳри Душанбе бо харҷи бамаротиб камтар аз пардохти маблағи пешниҳодкардаи табибони Маскав анҷом доданд. Ҳоло духтарам Бибиқурайш  худро хуб ҳис мекунад ва аз ранҷи чандсола раҳо шуд. Ин муъҷизае буд, ки мо ба ҳакиқати он бовар кардем.
Давлатмоҳ ҒУЛОМШОЕВА,
 сокини шаҳри Хоруғ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.09.2014    №: 172    Мутолиа карданд: 3325
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед