маориф
САДОИ ЗАНГИ АВВАЛ
1 сентябр садои ҷарангосии занги аввал дар ҷамъомади тантанавии хонандагону омӯзгорони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 72-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз оғози соли хониши 2014 - 2015 мужда расонд. Ҳозиронро ба ин муносибат намояндагони Раёсати маориф ва илми шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва директори мактаб Мунзима Мадаминова табрик гуфтанд.
- Омӯзгорони мактаби мо барои иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи августи соли 2010 зимни ифтитоҳи бинои мактаб, кӯшиш ба харҷ дода, ба таълиму тарбияи хуби шогирдон муваффақ гардиданд. Дар ин муддат садҳо хатмкардагони мактаб имрӯз донишҷӯёни мактабҳои олианд, - гуфт ба хабарнигори «Ҷумҳурият» М. Мадаминова. - Дарсҳо дар ду баст баргузор шуда, дар ҳар синф мутобиқи муқаррароти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ 25-30 хонанда сабақ меомӯзад. Дар соли хониши нав 2053 нафар хонанда ба мактаб фаро гирифта шудааст. Хонандагони панҷ синфи якум дастпарварони муассисаи томактабӣ мебошанд ва ба онҳо омӯзгорони ботаҷриба дарси одобу ахлоқ ва дониш медиҳанд...
Дар ин ҷода Эҳсон Хушвахтов, котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ дод, ки барои фарогирӣ ба таҳсил дар соли хониши 2014 - 2015 дар миқёси ҷумҳурӣ беш аз 200 мактаби нав, синфхонаҳои иловагӣ ва биноҳои нави таълимӣ ба истифода дода шудаанд. Алҳол дар ҷумҳурӣ 3836 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар он беш аз 1 700 000 хонанда таҳсил мекунанд, ки аз ин 816 ҳазор нафар духтарон мебошанд.
Занги аввал дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар садо дод. Дарси аввал - дарси Сулҳ оғоз ёфт.
Э. НАЗАРОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.09.2014 №: 172 Мутолиа карданд: 2201