суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ба истифода супоридани терминали нави фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, 3 сентябри соли 2014
Ҳозирини гиромӣ ва меҳмонони арҷманд!
Қабл аз ҳама тамоми кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ, мардуми шарифи Тоҷикистон ва меҳмонони гиромиро ба муносибати ифтитоҳи терминали нави фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, ки дар остонаи ҷашни барои ҳар яки мо азизу муқаддас – Рӯзи истиқлолияти давлатӣ сурат мегирад, самимона табрик мегӯям.
Ин рӯйдоди хотирмон ҳамчунин ба санаи 90 – солагии таъсиси авиатсияи граждании Тоҷикистон рост омад, ки ба ин муносибат низ ҳамаи шуморо табрик гуфта, барои шумо ҳамеша осмони соф, сафари бехатар ва барори кор орзу менамоям.
Бояд гуфт, ки авиатсияи граждании Тоҷикистон дар давоми навад соли гузашта роҳи пуршараферо тай намудааст. Лекин солҳои соҳибистиқлолӣ барои ин соҳа давраи рушди бесобиқа мебошад. Зеро дар ин давра шароити фурудгоҳҳои кишвар куллан дигаргун шуда, таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти навтарин амалӣ гардид, парки тайёраҳо аз ҳисоби харидорӣ ва лизинги ҳавопаймоҳои муосир пурра карда шуд ва таъминоти моддиву иҷтимоии кормандони соҳа ба маротиб беҳтар гардид. Дар натиҷа танҳо дар панҷ соли охир фақат тавассути фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қариб 40 ҳазор парвоз анҷом дода, наздик ба 6 миллион нафар мусофир кашонда шудааст.
Дарвоқеъ, фурудгоҳро дарвозаи кишвар ва муаррификунандаи фарҳангу маданияти мардуми он меноманд, ки дар хотираи меҳмонону сайёҳон нақши муассир мегузорад, зеро бахусус меҳмонон таассуроти аввалини худро нисбат ба давлату миллат маҳз аз ҳамин мавзеъ, яъне фурудгоҳ ҳосил мекунанд.
Дар ҷаҳони муосир бунёди фурудгоҳҳои муосиру муҷаҳҳаз, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати ҳайати хизматрасон, инчунин таъмини бехатарии мусофирон яке аз масъалаҳои муҳимтарини таҳкими имкониятҳои коммуникатсионии ҳар кишвар ба шумор меравад. Бо дарназардошти аҳамияти масъала дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид карда будам, ки зиёд намудан ва ҳозиразамон гардонидани парки ҳавопаймоҳои ширкатҳои миллӣ, таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир ва то ба дараҷаи меъёру талаботи байналмилалӣ баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти сохтору мақомоти дахлдор мебошад.
Мову шумо имрӯз шоҳиди амалӣ гардидани нақшаву ниятҳои некамон мебошем, ки дар доираи он терминали нав ва аз ҳар лиҳоз муҷаҳҳази фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба истифода супорида шуд. Иншооти имрӯза натиҷаи ҳамкории пурсамари «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва Ширкати ВИНСИ-и давлати Фаронса буда, дар зарфи бист моҳ бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд. Бо истифода аз фурсати муносиб ба лоиҳакашону меъморон, сармоягузорону сохтмончиён, хулоса, ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди иншооти зебои имрӯза саҳм гузоштаанд, изҳори сипос мекунам.
Терминали нав тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд гардида, корҳои сохтмон дар масоҳати 11 ҳазор метри мураббаъ ба маблағи беш аз 280 миллион сомонӣ бо саҳми муштараки давлатҳои Фаронса ва Тоҷикистон эъмор шудааст ва дар як соат метавонад ба 500 нафар мусофир хизмат расонад. Тавре ки мушоҳида намудед, терминали нав аз лиҳози муҳандисиву меъморӣ бисёр хуштарҳ буда, аксар намудҳои хизматрасонӣ дар самти бақайдгирии мусофирон ва ҳамлу нақли борҳо бо усулҳои муосир ба роҳ монда шудааст. Дар баробари ин, иншооти мазкур бо таҷҳизоти пешрафтатарини тафтишу муоина, дастрас намудани бору амвол ва низоми сабти таъҷилӣ ҷиҳозонида шуда, метавонад дар як вақт ба чаҳор ҳавопаймо хизмат расонад.
Толорҳо бо шабакаи интернет пайваст буда, ба мусофирону меҳмонони пойтахт хизматрасонии иттилоотӣ дар сатҳи баланд муҳайё мебошад. Шароити терминал имконият медиҳад, ки дар як сол ба як миллиону 200 ҳазор нафар мусофирон дар сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ хизмат расонда шавад. Ҳамзамон бо ин, дар ин ҷо садҳо нафар сокинони кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Бояд гуфт, ки таъмин намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо ба мусофирон, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани ҳавопаймоҳо ва истифодаи самарабахши таҷҳизоти техникии фурудгоҳҳо дар навбати аввал аз донишу малакаи кадрҳо вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, дар давоми солҳои охир ҷиҳати таъмин намудани сатҳи зарурии донишу малакаи касбии ҳавонавардон ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо як силсила тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардидаанд. Бахусус, бо мақсади омодасозии кадрҳо, аз ҷумла сарнишинони тайёраҳо садҳо нафар ҷавонон ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳавонавардӣ ва курсҳои махсуси омодасозӣ ҷалб карда шуданд. Ҳамзамон бо ин, бо дастгирии ширкатҳои ватанӣ даҳҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии авиатсионии давлатҳои хориҷӣ аз рӯи ихтисосҳои идораи нақлиёти ҳавоӣ, менеҷменти соҳаи авиатсия, радиотехника ва танзиму таъмини парвозҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бо вуҷуди ин, роҳбарияту масъулони соҳа ва ширкатҳои ватанӣ вазифадоранд, ки минбаъд низ ба масъалаи омода кардани кадрҳо тибқи стратегияи рушди соҳаи ҳавонавардӣ ва бо риояи стандартҳои ҷаҳонӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Айни замон 16 нафар кормандони роҳбарикунандаи фурудгоҳ дар ширкатҳои ҳавопаймоии давлатҳои Аврупо таҷрибаи тахассусӣ омӯхта, ҳоло дар терминали нав омодаи кор мебошанд. Дар назар аст, ки чунин шакли такмили ихтисосу азнавтайёркунии кадрҳои ҷавон минбаъд низ идома дода шавад. Ҳамчунин зарур аст, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ фарогирии кормандон ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои хориҷӣ густариш дода шавад.
Роҳбарону масъулони соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби кадрҳои баландихтисос барои терминали нави фурудгоҳи байналмилалӣ қабули кормандонро тибқи озмун ба роҳ монда, мутахассисони соҳибкасби техникаву технологияҳои муосир, донандаи забонҳои хориҷӣ ва дорои фарҳанги баланди муоширатро ба кор ҷалб намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳоло ширкатҳои миллии авиатсияи граждании Тоҷикистон аз фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа аз рӯи 180 хатсайр ба даҳҳо давлатҳои ҷаҳон парвозҳои мустақимро анҷом дода, ба ҳамин васила ҳамгироии мутақобилан судманди халқи тоҷикро бо оламиён таҳкиму тавсеа мебахшанд. Имрӯз дар мамлакат 6 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 4 ширкат ба мусофиркашонӣ ва 2 ширкат ба боркашонӣ машғул мебошанд. Инчунин дар қаламрави кишвари мо 17 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ фаъолият дорад, ки парвозҳоро ба самтҳои гуногун тавассути фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
Тибқи таҳлилҳо солҳои охир ҳиссаи ширкатҳои авиатсионии хориҷӣ дар ҳамлу нақли мусофирон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, Вазорати нақлиёт, ширкатҳои ватании авиатсионӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар вазифадоранд, ки дар баробари навсозӣ ва пуррагардонии парки тайёраҳо, аз ҷумла тавассути лизинг, доир ба зиёд кардани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, кушодани хатсайрҳои нав барои парвозҳои мустақим ва транзитӣ, инчунин аз бунбасти коммуникатсионии боркашонии ҳавоӣ баровардани кишвар мунтазам чораҷӯӣ намоянд. Хотирнишон месозам, ки дар ин самт доир ба сохтмони терминали боркашонии ҳавоӣ ҳарчи зудтар чораҷӯӣ карда шавад.
Дӯстони азиз!
Давлати соҳибистиқлоли мо дар марҳалае қарор дорад, ки низоми идоракунии соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи авиатсия раванди ислоҳоти куллиро аз сар мегузаронад. Дар доираи тадбирҳои муосиргардонии соҳаи авиатсия тӯли солҳои охир дар заминаи фурудгоҳҳои кишвар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ташкил гардида, низом ва сохтори идоракунии соҳа куллан тағйир дода шуд. Терминали имрӯз ифтитоҳшуда низ дар доираи ислоҳоти соҳа сохта, ба истифода дода шуд ва тибқи нақша дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин фурудгоҳҳои боқимонда низ бо иншооти замонавӣ, технология ва таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд.
Ҳукумати мамлакат ба хотири рушди соҳаи ҳавонавардӣ ҳамаи тадбирҳоро амалӣ карда, кӯшиш менамояд, ки соҳаи авиатсияи гражданӣ ба яке аз соҳаҳои бонуфуз ва муаррификунандаи обрӯи давлат табдил дода шавад. Аз ҷумла соли ҷорӣ ҷиҳати такмил додани инфрасохтори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, сохтмони терминали боркашонӣ, харидории таҷҳизоти фуруди автоматии ҳавопаймоҳо ва шабакаҳои роҳнамо барои фуруди муназзаму бехатари ҳавопаймоҳо бо Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ санади дахлдор ба имзо расонида, барои анҷоми корҳо беш аз 100 миллион сомонӣ маблағҳои грантӣ ҷудо карда мешаванд.
Иқдоми мазкур имконият медиҳад, ки ҳаҷми боркашонии ҳавоӣ тавассути ширкатҳои ватанӣ, аз ҷумла содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба маротиб афзоиш ёфта, ширкатҳои байналмилалии авиатсионӣ бештар ба ҳамкорӣ ҷалб карда шаванд. Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки рушди авиатсияи гражданӣ, муҳайё намудани шароити муосири инфрасохторӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ яке аз омилҳои асоситарини рушди туризм мебошад, ки дар навбати худ шарти муҳими афзоиши даромади ширкатҳо ва фароҳам гардидани ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Дар интиҳо бори дигар ҳамаи кормандони авиатсияи гражданӣ ва сокинони кишварро ба муносибати ифтитоҳ гардидани маркази хизматрасонии наву замонавӣ табрик гуфта, ба мутахассисону сохтмончиёни давлати ба мо дӯсти Фаронса, ки бунёди онро бо тарҳи зебои меъморӣ ба анҷом расонидаанд, миннатдорӣ баён менамоям. Ҳамчунин меҳмонони гиромиро ба сарзамини тоҷикон хайрамақдам гуфта, онҳоеро, ки сазовори мукофотҳои олии давлати Тоҷикистон шудаанд, самимона табрик менамоям. Итминони комил дорам, ки терминали мазкур бисёр мушкилоти хизматрасониро бартараф сохта, ба сафари озодонаву бехатари мусофирони дохилӣ ва меҳмонону сайёҳон мусоидат мекунад.
Ба ҳамаи кормандони соҳаи ҳавонавардии мамлакат барори кор ва ба мусофирони терминали навбунёд сафари бехатар орзу дорам!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.09.2014 №: 173 Мутолиа карданд: 1356