маориф
«МАКТАБҲОИ САНЪАТ ВА МУСИҚӢ ДАР ЧӢ ҲОЛАНД?»
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ мақолаи «Мактабҳои санъат ва мусиқӣ дар чӣ ҳоланд?»-ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 9 январи соли 2014 таҳти рақами 7 чоп гардида буд, мавриди баррасӣ қарор дод.
Бар асари заминларзаи сахте, ки 2 январи соли 2010 рух дод, биноҳои маъмурии идораҳои давлатӣ, хонаҳои истиқоматӣ зарар диданд. Деворҳои бинои мактаби мусиқии ноҳияи Ванҷ кафида, корношоям гардид.
Бо мақсади тақвият бахшидан ва дар оянда ба мактаби санъат табдил додан, барои мактабҳои мусиқӣ дар бинои интернати наздимактабӣ утоқҳои корӣ ҷудо карда шуда, таъмири ҷории онҳо дар назар аст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри омода намудани тамоми шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти пурсамари мактаби мусиқӣ аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.
Д. РАҶАБОВА,
раиси ноҳияи Ванҷ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.09.2014 №: 174 Мутолиа карданд: 1339