logo

суханрониҳо

Паёми Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори 23 - солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 8 сентябри соли 2014

Ҳамватанони азиз!
Бисту се сол аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо соҳибистиқлол ва мардуми шарифи кишвар соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани азизамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкоронаи моро, манзилу маъвои моро, имрӯзу фардоямонро мунаввар мегардонад.
Ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ, яъне 23 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ хурду бузурги Тоҷикистони азиз ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям ва ба ҳар фарди соҳибватан хонаи обод, саломативу сарбаландӣ ва кушоиши кор орзу менамоям.
Мо имсол ҷашни истиқлолро дар остонаи санаҳои бисёр муҳими таърихӣ, яъне 20 - солагии қабули бахтномаи халқамон – Конститутсия, 20 - солагии яке аз рамзҳои муқаддаси давлатамон - Суруди миллӣ ва 600 - солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ истиқбол мегирем.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои истиқлолият ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшид, сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муосири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлат таъмин намуд.
Ва бист сол аст, ки Суруди миллии мо дар саросари Тоҷикистон ва берун аз хоки он дар маросиму чорабиниҳои сатҳи олӣ ва дигар маъракаҳои муҳим баланд садо медиҳад ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Ҳарчанд ки истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд.
Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад.
Мо дар муддати 23 соли истиқлолият тавонистем, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори ватанамонро таъмин кунем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшем, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон равона созем.
Сарбаландиву хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрӯзу фардои ватанамон дар ихтиёри худамон мебошад ва ҳар фарди бонангу номуси миллат ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшидааст.
Имрӯз Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба аслҳои озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ мебошанд, арҷи тамом мегузоранд.
Бо шарофати истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон пайваста боло меравад ва ташаббусҳои кишвари мо ба хотири саодати тамоми сокинони сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд.
Аз файзу баракат ва неруи истиқлолият аст, ки мо барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар муддати начандон тӯлонӣ ба хеле дастовардҳо ноил гаштаем ва фаъолияти созандаи худро дар ин самтҳои стратегӣ рӯз аз рӯз вусъат бахшида истодаем. Зеро истиқлолияти энергетикӣ барои кишвари мо ва рушди минбаъдаи он аҳамияти сарнавиштсоз дорад ва гузашта аз ин, масъалаи ҳаёту мамот ба ҳисоб меравад.
Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшид ва дарвозаҳои чаҳор самти олами бекаронро ба рӯяш боз намуд. Танҳо ба шарофати истиқлолияти давлатӣ мо тавонистем, ки аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишварамонро ҳадафи стратегии худ қарор диҳем ва бо заҳмати содиқонаи мардумамон ба сӯи ин ҳадаф босуръат пеш равем.
Ҳифзи амнияти озуқаворӣ низ барои мо аҳамияти стратегӣ дорад. Маҷмӯи тадбирҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт имконият медиҳад, ки дар ояндаи наздик талаботи аҳолиро бо молҳои асосии озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ ҳарчи бештар таъмин намоем.
Ғамхорӣ дар ҳаққи мардуми кишвар, боло бурдани сатҳи зиндагии онҳо, ҳаёти осудаву саодатмандонаи ҳар хонадони мамлакат мақсаду маром ва ҳадафи ҳамешагии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Мо бояд тамоми чораву тадбирҳоро амалӣ созем, ки ҳар як сокини кишвар аз самараву неъмати истиқлолият баҳравар гардад.
Боиси хушнудист, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои куллан нав ворид гардида, сол аз сол пеш мераванд.
Имрӯз мо ҳамаи тадбирҳоро амалӣ гардонда истодаем, ки сифати хизматрасониҳо дар низоми маорифу тандурустӣ баланд гардида, ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ расонида шавад.
Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи илмро дар баробари маориф ва фарҳанг самти афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ меҳисобад ва барои таъмин намудани самаранокии корҳои илмиву таҳқиқотӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Вобаста ба ин, мехоҳам махсус хотирнишон намоям, ки маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 23-солагии худро дар шароити идома доштани равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва ҷаҳони пур аз тазодҳо таҷлил менамояд. Барои эмин мондан аз таъсири омилҳои манфии раванди фарогири ҷаҳонишавӣ фарҳангиён ва умуман аҳли ҷомеаи кишвар бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф диҳанд, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори асри навин ҳифз намоянд ва ваҳдати миллиро таҳким бахшанд.
Ҷавонону наврасони мо бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардондани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоянд.
Дар шароити басо мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он вазифаи ҷонӣ, масъулияти виҷдонӣ ва қарзи имонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат мебошад.
Дар раванди таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ масъалаи ташаккули инсони солиму донишманд, мутахассиси сатҳи баланд ва ташаббускору бунёдкор аҳамияти хоса дорад.
Тарбияи насли соҳибмаърифат шарти асосии ташаккули ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад ва ин кори муҳим на танҳо вазифаи оила ва мактаб, балки вазифаи давлат ва тамоми ҷомеаи кишвар мебошад. Бинобар ин, мо бояд насли имрӯз ва фардоро бо суннатҳои воло ва бо мероси бузурги ниёгонамон ҳарчи бештар ошно намуда, дар зеҳну шуури онҳо ҳисси ифтихор аз давлатдории миллии худ, эҳтиром нисбат ба истиқлолият, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз ватани аҷдодиро инкишоф диҳем.
Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳими истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Мо борҳо таъкид кардаем ва бори дигар хотиррасон менамоем, ки истиқлолияти фарҳангӣ барои мо баробари истиқлолияти сиёсӣ азиз аст.
Дар раванди ҷаҳонишавӣ мо бояд забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бебаҳо ва мероси гузаштагонамон эҳтиёт кунем.
Дар робита ба ин, бори дигар ба кулли шаҳрвандон ва махсусан ба ҷавонон таъкид кардан мехоҳам, ки забон ҷавҳари ҳастӣ ва бақои умри миллат аст. Ифтихор аз ватану ватандорӣ, таъриху фарҳанг, ифтихор аз миллат ва ҳувияти миллӣ, аввалтар аз ҳама, ба мақому эътибори забони давлатӣ ва поку бегазанд нигоҳ доштани он вобаста мебошад.
Дӯст доштани забон - ин дӯст доштани Модар, Ватани маҳбуб ва таъриху фарҳанги худ аст.
Тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳои хушбахтанд, ки тақдири имрӯзу фардои давлату ватани худро дар ихтиёр доранд. Имрӯз мо метавонем бо эҳсоси ифтихор таъкид намоем, ки асосҳои ҷомеаи демократиро ба вуҷуд оварда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому мартабаи арзанда пайдо намудаем.
Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду боли тавоное мебошанд, ки Тоҷикистонро ба парвозҳои баланд ҳидоят менамоянд. Пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар саросари кишвар ва тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар натиҷаи хизмати бузургу қаҳрамононаи халқи хирадманд, сулҳдӯст ва бунёдкори тоҷик ба воқеият табдил ёфт.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо - яъне Ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад.
Мардуми мо ва махсусан ҷавонон бояд ба рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ - Конститутсия, Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ чун ба муқаддасоти миллати озоду соҳибистиқлоли мо пайваста арҷ гузоранд ва онҳоро гиромӣ доранд.
Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созандаву бунёдкор мебошад ва ин сифатҳои олиро насл ба насл инкишоф дода, дар таърихи навини халқамон саҳифаҳои зарину дурахшонро сабт мекунад.
Ман бо халқи сарбаланд ва бунёдкори Тоҷикистон, бо ҳиммати баланду эҳсоси гарми ватанпарастиаш ифтихор менамоям ва эътимоди комил дорам, ки бо дастгирии ҳамин мардуми шарифу сарбаланд дар солҳои наздиктарин ҳама гуна душвориҳои рӯзгорамонро бартараф мекунем, нақшаҳои бузург ва ниятҳои тақдирсози оғозкардаамонро амалӣ мегардонем ва барои ҳар сокини мамлакат зиндагии аз имрӯза беҳтару сазоворро фароҳам меорем.
Бо арзи чунин ниятҳои нек тамоми ҳамватанони азизро бо ҷашни бошукӯҳи сарзамини азизамон - Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ бори дигар самимона табрик намуда, ба ҳар як хонадони мардуми диёр ободиву осоиш, хушбахтиву хушрӯзӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Пояндаву ҷовидон бод истиқлолияти миллати куҳанбунёд, сулҳдӯст, бунёдкор ва фарҳангпарвари тоҷик!
Бигзор нуру зиёи истиқлолият то абад роҳи Тоҷикистони азизамонро ба сӯи ояндаи обод равшан созад ва Тоҷикистони маҳбуби мо зери парчами истиқлол пеш равад, ободу зебо ва мутараққиву неруманд гардад.
Ҷашни истиқлолу озодии Ватан муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.09.2014    №: 176    Мутолиа карданд: 1571
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед