logo

мулоқотҳо

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ

27 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки бо сафари расмии ҷавобӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуд.

Масоили ҳамкории Тоҷикистону Яман нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ баррасӣ шуданд.
-Дар баробари робитаҳои дерини таърихӣ ва пайвандҳои зиёди фарҳангию маънавӣ кишварҳои дӯсти мо манфиатҳои амалан муштарак дар сатҳи минтақа, ҷаҳони ислом ва ҷомеаи байналмилалӣ доранд, - изҳор намуд дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Боло бардоштани сатҳи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, тандурустӣ, маориф ва фарҳанг салоҳ дониста шуд.
Роҳу воситаҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб ба таври муфассал баррасӣ гардиданд.
Ҳарчи зудтар ба фаъолият оғоз намудани Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои дуҷониба амри муҳиму зарурӣ шумурда шуд.
Рушди босуръати Тоҷикистон, оғози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва татбиқи барномаҳои зиёди судманди он заминаи хуб барои  густариши муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар маънидод гардид.
Густариши бештари ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ мувофиқи мақсад дониста шуд, зеро табибони тоҷик дар Яман  бо ҳунару маҳорати баланди касбии худ кайҳо боз миёни мардуми ин кишвар эҳтирому маҳбубият пайдо намудаанд.
Ҷониби Тоҷикистон баҳри қабули донишҷӯёни Яман дар муассисаҳои олии таълимӣ, аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, изҳори омодагӣ намуд.
Президенти Ҷумҳурии Яман  Алӣ  Абдуллоҳ  Солеҳ  изҳор дошт, ки  дастовардҳои намоёни Тоҷикистон дар солҳои роҳбарии Эмомалӣ       Раҳмон, аз ҷумла дар барқарорсозии сулҳу субот ва таъмини рушду нумӯи иқтисодию иҷтимоӣ, боиси ифтихори мо ва дигар кишварҳои мусулмонӣ аст.
Ҳар ду ҷониб зарурати эҳёи робитаҳои бародаршаҳрии миёни  Душанбе ва Санъоро таъкид намуданд.
Қарор  шуд, ки дар Яман аз ҳисоби яке аз сафоратҳои дар кишварҳои араб мавҷудбудаи Тоҷикистон намояндагӣ кушода  шавад.
Дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ ва шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ҳамкории васеи кишварҳои мусулмонӣ амри зарурӣ шумурда шуд. 
Баъди анҷоми мулоқот ду санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Яман оид ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ сарони ду давлат - Эмомалӣ    Раҳмон ва Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ имзо гузоштанд. Ҳамчунин як Созишнома миёни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Яман оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба имзо расид.
Сипас сарони давлатҳои Тоҷикистону Яман  - Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар назди хабарнигорони сершумори дохилию хориҷӣ изҳороти матбуотӣ баён дошта, аз натиҷаи мулоқотҳои расмӣ арзи қаноатмандӣ карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2226
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед