мулоқотҳо
Сарони давлатҳои Тоҷикистону Яман аз натиҷаи мулоқотҳо
изҳори қаноатмандӣ карданд
Изҳороти Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН:
Намояндагони мӯҳтарами васоити ахбори омма! Дар мулоқот ва музокироти муфассалу муфид, ки дар ҷараёни сафари нахустини расмии Президенти Ҷумҳурии Яман, Ҷаноби Олӣ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон доир гардиданд, самтҳо ва арсаҳои асосии ҳамкории дуҷонибаро бори дигар- баъд аз сафари порсолаи расмии ман ба Яман -мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода шуданд.
Мо зарурати ба сатҳи шоиста баровардани ҳамкории гуногунсоҳаи мутақобилан судманди байни ду кишварро таъкид намудем. Дар шароити рушди босуръати иқтисодии Тоҷикистон ва, бахусус, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва татбиқи барномаҳои зиёди судманди иқтисодӣ, ин ҳамкорӣ метавонад густариш ёбад ва омили рушди муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст гардад. Дар чаҳорчӯбаи ин сафар мо эҷоди заминаҳои қарордодиву ҳуқуқии густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориро идома дода, санадҳои муҳими дуҷонибаро, аз ҷумла оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба имзо расонидем.
Мо ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ду кишварро арзишманд медонем ва қаноатмандем, ки дар ин иртибот тавофуқоти муҳим ба даст омадаанд.
Дар ҷараёни мулоқоту музокирот роҷеъ ба масоили муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ низ табодули афкору назариёти муфид сурат гирифт.
Қобили зикри хос аст, ки тамоми мулоқоту музокирот дар фазои созандагӣ, ҳусни ният ва эҳтироми мутақобил сурат гирифтанд. Мо аз натиҷаҳои сафари Ҷаноби Олӣ ба кишварамон қаноатмандем ва мутмаинем, ки татбиқи паймонҳои ҳосилшуда оғози накӯи марҳилаи муҳими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Яман мегардад.
Изҳороти Президенти Ҷумҳурии
Яман Алӣ Абдуллоҳ СОЛЕҲ:
Ман аз сафар ба Тоҷикистон ва вохӯрӣ бо Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хурсандӣ ва саодат мекунам. Ва барои шумо мегӯям, ки роҳҳои таҳким бахшидани дӯстии байни Тоҷикистон ва Яманро Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон кушоданд. То ҷое, ки шумо медонед, соли гузашта сафари расмии Ҷаноби Олӣ ба мамлакати мо сурат гирифта буд. Муносибатҳои Яман ва Тоҷикистон қадима ва таърихӣ мебошанд. Рағбати холисонаи роҳбарияти ҳар ду кишвар имконият медиҳад, ки муносиботи Тоҷикистон ва Яман то ба сатҳи ҳамёриҳои ростин бирасад ва ба манфиати халқҳои ҳар ду кишвар хидмат бикунад.
Инчунин мо чанде аз масоили дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалиро, ки мавриди эҳтимоми муштарак мебошанд, мавриди баррасӣ қарор додем. Аз ҷумла, мавзӯи бӯҳрони Ховари Миёнаро. Ва мо ҷонибдории ин масъаларо аз ҷониби кишварҳои олами ислом тақозо намудем ва дар Яман онро пайгирӣ мекунем.
Пешниҳод месозем, ки дар минтақаи Ховари Миёна сиёсати ҷангхоҳона ва ҷангҷӯёнаро пеша накунанд.
Дар мавриди муносибатҳои дуҷониба мо ба мувофиқа расидем, ки комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Яман таъсис дода шавад, то дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ заминаҳои мусоид фароҳам оянд. Мо иттилоъ доштем, ки Ҷаноби Олӣ, Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари шумо сулҳ оварданд, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш гардонданд. Дар чанд соле, ки ба Тоҷикистон сарвар ҳастанд, ба комёбиҳои назаррас ноил шуданд ва мо аз ин муваффақиятҳо ифтихор дорем.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2307