номаҳо
Беэтиноии мақомот ба заминҳои президентӣ
Мо - сокинони Ҷамоати деҳоти Янгиқӯрғони ноҳияи Рӯдакӣ солҳо боз аз норасоии об барои заминҳои корам ранҷ мекашем. Ҳатто заминеро, ки дар як сол имкони се маротиба кишт кардану ҳосил ғундоштан дорем, наметавонем обёрӣ кунем. Борҳо ба собиқ Вазорати об ва мелиоратсия ва ҳоло Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ариза навишта, хоҳиши ҳалли мушкилоти норасоии об барои заминҳои корамро кардем. Аммо то ба ҳол касе ба доди мо нарасидааст. Дар Ҷамоати деҳоти мо дар 44 гектар ва 38 оила дар ҳаҷми 5 - сотихӣ замини президентӣ , ки заминҳои обӣ мебошанд, об намерасад. Зеро канале, ки солҳои шӯравӣ тавассути каналҳои шаҳри Ваҳдат об меомад, қатъ карда шудааст. Моҳи январи соли ҷорӣ намояндаҳои хоҷагии оби ноҳия омада, роҳи канали обгузарро дида, аз рӯйи харитаи ҷамоат заминҳои корамро аниқ карданд. Ваъда доданд, ки аз баҳори соли ҷорӣ об ба заминҳои мо мерасад, аммо то ба ҳол нарасидааст. Мо ҳар рӯз барои ҳалли ин масъала ва наҷот додани заминҳо аз шӯршавию бекор хобидан ба мақомоти дахлдор меравему меоем ва аз 20 то 40 сомонӣ сарф мекунем. Нафақаи мо ҳамагӣ 200 - сомонӣ аст ва нони даҳони мо аз пушти ана ҳамин заминҳои беоб мебошад. Хоҷагии оби ноҳия мегӯяд, ки аз Ҷамоати Роҳатӣ об гиред. Сокинони ин ҷамоат ба мо об намедиҳанд, чун заминҳои корами худашон ба об ниёз дорад. Оё мешавад, бар хилофи таъкидҳои Сарвари давлат , ки як ваҷаб замин бекор нахобад, амал кунем? Мо бо умед ба рӯзномаи «Ҷумҳурият», ба гӯшаи «Розу ниёз» ин номаро навиштем, шояд мушкилот ҳалли худро ёбаду даҳҳо гектар замини обӣ аз беҳосилӣ наҷот ёбад ва ризқи фарзандони мо ҳам фаровон шавад. Ҳадди ақал барои замини аз беобӣ сӯхта виҷдони худро бедор кунед, масъулон!.
Фаттоҳ РАФИЕВ,
Ҷамоати деҳоти Янгиқӯрғони
ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.09.2014 №: 190 Мутолиа карданд: 1477