номаҳо
Инсоф даркор
Як моҳ шудааст, ки аз рӯйи зарурат аз хатсайри № 54+54, аз истгоҳи «Гулистон» то «Варзишгоҳ» истифода мебарам. Бархе аз ронандагон ба 1 сомонии додаи ман қаноат мекунанду баъзеашон боз 1 сомонии дигар талаб менамоянд. Ба ин хел ронандаҳои беинсоф ягон гап ё хоҳишу илтимос кора намекунад.
Аз ин рӯ, ман аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе хоҳиш дорам, ки ба ин масъала аҳамият диҳанду ба мусофироне, ки камтар аз 9 километр савор мешаванд, сабукӣ бахшанд.
Барои чӣ мо мусофироне, ки ҳамагӣ 4 - 5 истгоҳ савор мешавем, бояд ҳатман 2 (ду) сомонӣ (ба экспресс 1 сомонию 60 дирам) диҳем. Бояд ин масъала ҳалли худро ёбад.
Асрор ҶӮРАЕВ,
сокини кӯчаи Зардушт - 14,
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.09.2014 №: 190 Мутолиа карданд: 1454