номаҳо
Дар ҷустуҷӯйи «Сатрҳои оташин»
Давраи наврасӣ падарам баъзан аз бозор бар замми чизу чораҳои рӯзгор китобҳои аҷоибу ғароиб низ харида меовард. Як рӯз аз ҷайбаш китобчаи хурдакаки муқовааш тунуки кабудчатобро бароварда, ба ман дода, таъкид кард:
-Ана, ин китобро гиру хон. Шеърҳояш аҷоиб. Боз варақҳояшро надаронӣ, эҳтиёт кун.
Дар рӯйи китоб «Карим Девона. «Сатрҳои оташин». Сталинобод, соли 1958» навишта шуда буд.
«Сатрҳои оташин» маҳбубтарин китоби солҳои наврасиам гардид. Қариб навад фисади шеърҳои китобчаро азёд карда будам. Солҳои донишҷӯиям дар Институти педагогии Душанб (Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) (солҳои 1964-1968) қиссаи ҳуҷҷатию бадеӣ ва тадқиқотии нависанда ва ҳуқуқшинос Ҳабибулло Назаров «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона»-ро аз дукони китобфурӯшӣ харидам.
Оид ба хизматҳои Ҳабибулло Назаров забоншинос ва адабиётшинос, шодравон Носирҷон Маъсумӣ ин тавр самимона баҳо додааст:
«Ҳабибулло Назаров коҳу хоки таърихро бехта ва нақлу хотираҳои сершуморро софӣ карда, Карим Девона ва ҳақиқати ҳаёти ӯро ёфта гирифт ва аз он баҳри пурасрор дурдонаҳои парешону ниҳонии афкори шоири халқро берун оварда, ин симои номашҳури адабиёти халқро кашф кард. Ба ин маънӣ асари Ҳабибулло Назаров «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона»-ро ҳамчун қиссаи тадқиқотӣ-кашфиётии адабӣ номидан мумкин аст».
Мудом аз пайи ҷустуҷӯи «Сатрҳои оташин» будам. Шонздаҳ сол қабл аз ин, аниқтараш 4 - уми октябри соли 1998 аз назди растаи китобфурӯшӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа мегузаштам. Чашмам ба як китобчаи тунукаки сурхчаранг бо унвони «Сатрҳои оташин»-и Карим Девона (мураттиб Ҳабибулло Нозирӣ, нашриёти ширкати «Нақши аҷам», соли 1991) бархӯрд. Онро харидам. Шод шудам.
Мо аз Вазорати фарҳанг хоҳиш дорем, ки нашри китоби шеърҳои мардумии Карим Девонаро бо тағйиру иловаҳо аз нав ба муносибати 135 - солагии адиб чоп кунанд. Месазад, ки ҷашни 135 - солагии ин адиби мардумӣ низ қайд карда шавад. Бигузор, ҷавонони имрӯзаи миллат бидонанд, ки дар байни халқ эҷодкорони муборизу ҳақталаб ва асил кам набудаанд.
Ҳотам ҲОҶИЕВ,
омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи
умумии № 1-и ноҳияи Бохтар
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.09.2014 №: 190 Мутолиа карданд: 5728