logo

номаҳо

«Адад»-и бисёр ба кӣ даркор?

Вақтҳои охир истифодаи ин калима дар забони мо хеле серистеъмол гардидаасту онро бемавриду аз ҳад зиёд ва ноҷо истифода мебаранд. Истифодаи нодурусти «адад» аз минбарҳо ва ҳатто дар гуфтугӯи байни одамон низ беш аз пеш садо дода истодааст.
Барои чӣ имрӯз бисёриҳо  тӯтивор «4 адад китоб, 10 адад дарахт, 7 адад себ, 14 адад мактаб, 3 адад қонуншиканӣ, 6 адад худкушӣ,  2 адад гӯсфанд, 5 адад мӯза, 9 адад дуздӣ, 7 адад сӯхтор» ва ғайраю ҳоказо мегӯянду менависанд ва касеро ба ин ғалатнависию хатогӯӣ  коре нест?
Ҳол он ки дар забони адабии тоҷикӣ барои ифодаи ин ҳама шумораҳо  калимаҳои алоҳида мавҷуданд, ки дар мавридаш  истифода гарданд, хубтар мебуд.  Аз қабили нусха- барои китобу дафтар, дигар асноди навишта ва чопшуда, бех - воҳиди ҳисоби ниҳолу растанӣ ва дарахтон, дона - барои нишон додани шумори меваю сабзавот, зироатҳои полезӣ, сар- барои аниқ нишон додани шумори асп, хар, дигар чорвою паранда, ҷуфт - барои пойафзол, либосворӣ, нафар, кас, тан - воҳиди ҳисоб кардани миқдори одамон, то ва ё та - пасванди нумератив, ки миқдорро ифода менамоянд. «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад», фармудаанд гузаштагонамон ва онро бояд қатъиян риоя намуд.  
                      
Мазбут ВОҲИДОВ,
шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2014    №: 190    Мутолиа карданд: 1512
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед