порлумон
ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНҲО ВА ТАСВИБИ СОЗИШНОМАҲОИ МУҲИМ
Дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, як теъдод лоиҳаи қонунҳо қабул гардида, чаҳор созишнома ба тасвиб расид.
Аз ҷумла, ҷиҳати қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» қарори дахлдор қабул гардид. Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо, зимни тавзеҳи лоиҳаи қонун зикр кард, ки дар заминаи он роҳу усулҳои дурнамосозӣ такмил ёфта, захираҳои мавҷуда ба хотири таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар ва беҳдошти сатҳи иҷтимоии сокинон оқилона истифода хоҳад шуд.
Бадриддин Садриддинов, узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, дар ин робита гуфт: «Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади пешбинӣ намудани муқаррароти дахлдор дар бораи муайян намудани меъёр оид ба миқдори истеъмоли озуқаи асосӣ барои аҳолӣ таҳия шуда, зарурати илова намудани сархати нав ба моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», ки дар он салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ба миён омадааст». Бино ба таъкиди ӯ, меъёри тавсиявии физиологии озуқаи асосӣ, ки ҳамчун нишондиҳанда барои баҳодиҳии сатҳи таъмини аҳолӣ бо намудҳои озуқаи асосӣ, муайян намудани талаботи бозори истеъмолӣ, дурнамои истеҳсолу воридоти маҳсулоти ҳаётан муҳим, ки дар маҷмӯъ барои таъмини амнияти озуқавории кишвар истифода мешаванд, зарур мебошад.
Ҳамчунин дар иҷлосия Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид, ки ба бовари масъулони соҳа ин санад дар густариши муносиботи иқтисодиву сармоягузории ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Лочин Файзуллозода, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, зимни баррасии созишнома ёдовар шуд, ки он 26 марти соли 2014 дар доираи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон имзо шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки муҳлати амали созишнома 15 солро дар бар гирифта, фазои муносиби ҳуқуқиро дар самти тавсеаи равобити сармоягузории Тоҷикистону Афғонистон фароҳам хоҳад кард. Тибқи он ҳар ду ҷониб оид ба қонунҳои амалкунанда амалиёти маъмурӣ, расмиёт ва сиёсатҳои пешгирифтаи ҳамдигар дар ин бахш мубодилаи маълумот менамоянд. Дар ҳамин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, аз тасвиби ин созишнома истиқбол намуда, нақши онро дар таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ умедворкунанда донист.
Оид ба ду масъалаи дигари рӯзномаи иҷлосия – созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ, гузориш дод. Мавсуф изҳор дошт, ки созишномаҳои мазкур имкон медиҳанд, ки барои мустақар намудани намояндагиҳои дипломатӣ дар асоси принсипи мутақобила ба муҳлати 49 сол қитъаи замин ҷудо гардида, барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ шароити мусоид фароҳам шавад.
Дар иҷлосия, ҳамчунин Созишномаи грантии (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд вобаста ба лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хадамоти наздисарҳадӣ» ба тасвиб расида, лоиҳаи қонунҳо «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон », «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.10.2014 №: 193 Мутолиа карданд: 1523