фармонҳои президент
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бузургдошти 1310-солагии Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) ва саҳми гаронбаҳои ӯ дар рушди фарҳанг, тамаддуни исломӣ ва аҳамияти калон доштани мероси динию ҳуқуқии ӯ дар худшиносии миллӣ ва муколамаи тамаддунҳо фармон медиҳам:
1. Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон» Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам» номгузорӣ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 марти соли 2009, № 629
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2615