мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон
бо Алиасғари Шеърдӯст
4 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯстро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба барномаи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба наздикӣ бо ҳадафи иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвари дӯсту ҳамзабон сурат мегирад, баррасӣ шуд.
Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ин сафар ғайр аз иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ аз чанд минтақаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дидан карда, ба роҳу воситаҳои нави густариши ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангии ду кишвар заминагузорӣ хоҳад кард.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Эрон метавонанд баҳри коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ тадбирҳои судманди муштарак тарҳрезӣ намоянд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба рафти сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва татбиқи дигар лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Эрон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2125