барқияҳо
Барқияи шодбоши Эмомалӣ Раҳмон ба Йоахим Гаук
3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Йоахим Гаук барқияи шодбош ирсол дошт, ки дар он гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Шумо ва мардуми дӯсти Олмонро бо фарорасии ҷашни миллӣ – солгарди Рӯзи Ваҳдати Олмон аз номи мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худ сидқан табрик ва таҳният мегӯям.
Боиси хушнудист, ки бар асари саъю талош ва кӯшишҳои созандаи ҳар ду ҷониб равобити дӯстона ва ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Олмон сатҳи баланд ва сифатан навро касб намудааст.
Дар Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон аҳамияти хоса медиҳанд. Итминон дорам, ки истифодаи бештари ду ҷониб аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар роҳи таҳкиму таъмиқи равобити ҳасанаи ду кишвар комёбиҳои ҷадид ба бор хоҳад овард. Мо аз ҷониби худ барои амалӣ гаштани ин ормонҳо ва тақвият бахшидани равобити байни кишварҳо ва халқҳоямон ҳамаи талошҳои созандаро истифода хоҳем кард.
Дар ин рӯзи саид ба ҷаноби Президент, сиҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Олмон саодат ва дастовардҳои ҷадид орзумандам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.10.2014 №: 194 Мутолиа карданд: 1469