мулоқотҳо
Машварати корӣ
дар ҳузури Сардори давлат
2 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат ва муовинони ӯ, мушовирони давлатии Сардори давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар зарфи ду моҳи гузашта машварати корӣ доир намуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон гузориши шахсони масъулро оид ба нишондодҳои иҷтимоию иқтисодӣ, рафти иҷрои буҷети давлатӣ, фаъолияти бонкҳо, корхонаҳои саноатӣ, рафти бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна, омодагӣ ба кишти баҳорию такрорӣ ва корҳои ободонию созандагӣ шунида, ба онҳо оид ба ҷоннок намудани кор дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа супоришҳои мушаххас дод.
Дар мавриди таҷлили иди Наврӯз дастур дода шуд, ки чорабиниҳои идона бояд бештар ба тарғибу ташвиқ ва муаррифии таъриху фарҳанги пурғановат ва расму ойини пурифтихори ниёгон нигаронда шуда, сарфаю сариштакорона гузаронда шаванд.
Таъкид гардид, ки барои саривақту босамар ташкил намудани кишти баҳорӣ ва дар 160 ҳазор гектар замин гузарондани кишти такрорӣ бояд аз тамоми имкону захираҳо истифода карда шавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2091